КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО ВА ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ- соли 2013 бо унвони кафедраи фанҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва риёзӣ ташкил ёфтааст. Бо қарори Шӯро олимон аз 23 –юми декабри соли 2014 дар пойгоҳи он ду кафедра – кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ ва кафедраи табиатшиносӣ ва технологияи иттилотӣ ташкил карда шуд. Мудирии кафедраро Темурова Момагул (ниг.), Мирзоев Воҳид (ниг.) ва Усмонов Субҳон (ниг.) ба уҳда доштанд.
Аз сентябри соли 2022 Фатоева Рухсора (ниг.) мудири кафедра мебошад. Кафедра яке аз марказҳои ташкилкунанда рушди илми Донишкада ба шумор рафта аввалин китобу мақолаҳо вобаста ба ихтисосҳо дар ҳамин кафедра эҷод гардидаанд. Айни ҳол дар кафедра 1 профессор, 4 номзади илм, 2 дотсент, 3 муаллими калон, 2 муаллим ва 10 ассистент фаъолият доранд.
КАФЕДРАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ВА ИҚТИСОД – соли 2018 дар пойгоҳи кафедраи табиатшиносӣ ва технологияи иттилоотӣ ташкил ёфтааст. Дар кафедра ихтисосҳои Web-дизайн ва графикаи компютерӣ, Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ мавҷуданд.
Ихтисоси 1-31030408-Web-дизайн ва графикаи компютерӣ, ки аз рӯи он дар зинаҳои бакалавр (рӯзона-фосилавӣ) чор сол ва магистратура (рӯзона) ду сол соҳибкасб омода карда мешавад, яке аз он ихтисосҳои бисёр ҳам муҳими замони муосир мебошад.
Довталаб ва ё хоҳишманде, ки ихтисоси 1-31030408-Web-дизайн ва графикаи компютериро дар зинаи бакалавр интихоб менамояд, метавонад дар оянда ҳамчун барномасози соҳаҳои алоҳидаи илмӣ компютерӣ, корманди хурди илмӣ, мутахассис дар соҳаи дизайни графикии компютерӣ, дизайни реклама бо истифодаи воситаҳои иттилоотии ҳозиразамон, дизайн сайтсоз (сомонаи интернетӣ) бо тарғиби имкониятҳои васеи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маълумотҳои дақиқ, муҳим ва таърихӣ, истифодаи васеъи барномаҳои компютерӣ дар автоматизатсиякунонии илм ва маориф, фарҳанг, соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисоди рақамӣ фаъолият намояд.
Дар зинаи магистратура низ довталаб метавонад бо назардошти аз худ намудани пурраву мукаммалтари самтҳои зикршуда, истифодаи васеи ин самтҳо дар истеҳсолот ва таҷрибаҳои муассисаҳои алоҳида ва мувофиқ, татбиқи васеи донишҳои назарявӣ дар шакли барномарезӣ ва лоиҳасозӣ, консепсияҳои рушди минбаъдаи соҳаи барномасозӣ ва комуникатсияи визуалӣ ҳамчун мутахассиси калони илмӣ, инчунин бо имкон пайдо кардани донишҳои амиқтари ҳирфаӣ ва касбӣ дар зинаи Phd аз рӯи ихтисос кор кунад.
Ихтисоси 1-26020103. Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба гурӯҳи ихтисосҳои 26 02-БИЗНЕС ИДОРА дохил шуда, ихтисосмандонро дар соҳаи маркетолог (бозоршиносӣ), тарҷумони соҳавӣ, соҳибкор, иқтисодчӣ, маъмур, агенти савдо ва асосан менеҷер-иқтисодчӣ, ки ҳамаи самтҳои зикршудаи бизнес-идораро мутаҳид менамояд ва роҳбарӣ мекунад, соҳибкасб омода мекунад.
Инчунин довталабоне, ки баъди пурра аз худ намудани барномаҳои таълимии ихтисоси 1-26020103-дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ фориғ-ул-таҳсил мешаванд, имконияти васеи татбиқи донишҳо ва малакаву маҳоратҳои худ дар соҳаи робитаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, ба роҳ мондани ширкатҳои истеҳсолотии хурду бузург бо назардошти имкониятҳои ватанӣ, татбиқи васеи дастовардҳои соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, мусаввирӣ дар ороиши хубу замонавии тобишҳои миллидошта дар корхонаву муассисаҳо, меҳмонхонаҳои навбунёдшуда ва дигар иншоотҳои азнавбарқроршуда дошта метавонанд.
Аз тарафи дигар яке аз мақсадҳои муҳим ва дурнамодоштаи соҳибкасбҳои ин ихтисос ба роҳ мондани истеҳсолотҳои дастӣ ва эҷодиву амалии соҳаи санъати тасвирӣ, дизайн ва мусаввирӣ дар шакли хизматрасонӣ бо корхонаву муассисаҳо, иншоотҳои соҳаи хизматрасонӣ (меҳмонхонаҳо ва марказҳои сайёҳӣ) пайвастагӣ дорад.
КАФЕДРАИ ТАРҲРЕЗИИ БАДЕИИ ЛИБОС бо қарори Шӯрои олимон 1-уми марти соли 2016 дар пойгоҳи кафедраи дизайн ва меъморӣ ташкил шудааст. Аз давраи ташкилёбӣ то ҳол роҳбарии кафедраро Сотникова Маргарита Исламбековна (ниг.) ба уҳда дорад.
Кафедра ба факултети дизайн дохил буда аз рӯи се ихтисос мутахассис омода месозад:
1.Ихтисоси 1-19010105- Дизайн ( костюм ва газвор);
2.Ихтисоси 1-1901010504 –дизайни маҳсулоти бофандагӣ;
3.Ихтисоси1–150102-тарҳрезӣ ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ;
Таълимгоҳҳои кафедра дар асоси талаботҳои муосир таҷҳизонида шудааст. Хатмкунандагони кафедра метавонанд ба сифати рассом- тарроҳ, рассоми газвор ва конструкторҳои муассисаҳои дӯзандагӣ фаъолият намоянд.
Дар кафедраи тарҳрезии бадеии либос профессорон Ишматов А.Б., Иброҳимов М.Ф., Ғанизода Ҷ.Ш., Сайфуддинов А., омӯзгорон Сотникова М.И., Бобоева С. фаъолият доранд. Айни ҳол дар кафедра 13 нафар, аз ҷумла 4 нафар профессор, 1 муаллими калон, 7 муаллим, 2 ассистент ва 2 нафар лаборантҳо кор мекунанд.
КАФЕДРАИ ДИЗАЙН ВА МЕЪМОРӢ бо Қарори Шурои Олимон аз аз 21 декабри соли 2015 суратмаҷлиси №4 ташкил карда шудааст. Аз давраи ташкилёбӣ то соли 2021 дотсент Наҷмиддинов Карим Ахмедович (ниг.) мудирии кафедраро ба уҳда дошт.
Аз сентябри соли 2021 омӯзгор Суюнов Эркин Собирович (ниг.) ба сифати мудири
кафедра фаъолият менамояд.
Дар кафедраи дизайн ва меъморӣ омӯзгорони ботаҷриба ба монанди Наҷмиддинов К.А., Саидов Н., Алишов С.М., Суюнов Э.С., Тағоев С., Мусавиров Ҷ. ,Мустафоева С.А., Умарова З.К., Ҷумаева З.А., Валиев Э.Н., Якубов П., Раҷабзода Ф.З., Тағойзода И.Т., Шоев М. ва омӯзгорони ҷавон ба монанди Старчак К.В., Исмоилов И.Н., ҳамкорони беруна профессорон Негматов И.И., Мамаджанова С.М., Мукимов Р.С., Мукимова С.Р., дотсентон Шерматов М.У., Ҷалилов Т.Ф.,Эмомова Ф.Ё., Исмоилов М., Ҷаборов Ф. кор мекунанд. Айни ҳол дар кафедра 8 нафар кормандони асосӣ ва 3 нафар ҳамкорони дохила фаъолият доранд, ки аз онҳо 1 нафар профессор, 2 нафар дотсент, 2 нафар муаллими калон, 4 нафар муаллим, 5 нафар ассистент, 1 нафар мудири синфхона 1 нафар мудири устохона ва 1 нафар мудири кабинет-лаборант мебошанд.
Кафедра ба факултети дизайн дохил буда шаш ихтисосро дар бар мегирад:
- Ихтисоси 1-19010102-дизайни дохили бино;
- Ихтисоси 1–69010106 -меъморӣ манзаравӣ;
- Ихтисоси 1-19010103 – дизайни графика;
- Ихтисоси 1–1901010402 – дизайн реклама;
- Ихтисоси 1–190130103 – дизайн мебел;
- Ихтисоси 1–31.030408 – дизайн экспозитсия.
Ихтисоси 1-19010102-дизайни дохили бино бо тайёр кардани мутахассисони соҳаи дизайни дохили бино равона карда шудааст. Ба донишҷӯён аз фанҳои иҷрои лоиҳа дар масолеҳ, тарҳрезии бадеии, графикаи компютерӣ, қаламкашӣ, рангакашӣ ва композитсия устодони бо таҷриба дар соҳаи дизайн ва меъморӣ дарс меомӯзанд.
Ихтисоси 1–69010106 -меъморӣ манзаравӣ бо тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи ороиши ландшафти биноҳои истиқоматӣ, боғҳои фарҳангию-фароғатӣ, ороиши минтақаҳо дар шароитӣ кӯҳӣ ва шаҳрҳо равона карда шудааст. Ба донишҷӯён аз фанҳои тарҳрезии меъморӣ, геодезия, графикаи меъморӣ, санъати боғсозӣ, конструксияи биноҳо, ичрои лоиҳа дар масолеҳ, графикаи компютери (Автокад, Архикад, 3D мах), қаламкашӣ, рангакашӣ ва композитсия дарс омӯзонда мешавад.
Ихтисоси 1-19010103 – дизайни графика бо тайёр кардани мутахассисони дар соҳаи ороиш ва коркарди логотипҳо, тамғаҳои брендӣ, буклетҳо, тамғаҳои фирмавӣ, этикеткаҳо, упаковкаҳо, ороиши китобҳо, маҷалаҳо нигаронида шудааст. Ба донишҷӯён аз фанҳои графикаи компютерӣ (барномаҳои Автокад, Фотошоп, Корелдроф, Илюстратор), амсиласозӣ ва композитсия омӯзгорони тахассусӣ дарс меомӯзонанд.
Ихтисоси 1–1901010402 – дизайн реклама бо тайёр кардани мутахассисони дар соҳаи рекламаи ороиши шаҳр, билбордҳо, нақлиёт, телевизион ва радио ва монанди ин нигаронида шудааст.
Ихтисоси 1–190130103 – дизайн мебел бо тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи лоиҳакшӣ ва сохтани мебелҳои наву замонавӣ ва ороши дохили бино бо мебел равона гардидааст
Ихтисоси 1–31.030408 – дизайн экспозитсия ҷиҳати тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи ҷобаҷогузории таҷҳизотҳо дар дохили биноҳо ва корхонаҳои давлатӣ, боғчаҳои кӯдакона, ба ороиши ҷашнҳои сиёсӣ, фарҳангӣ фаъолият дорад.
КАФЕДРАИ МУСАВВИРӢ ВА ҲАЙКАЛТАРОШӢ аз 21 декабри соли 2015 бо қарори Шӯрои олимон дар суратмаҷлиси №4 дар асоси кафедраи мусаввирии дастгоҳӣ ташкил карда шудааст.
Аз соли 2013 то 2014 Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Миршакар Акмал Мирсаид, аз соли 2014 то 2016 омӯзгор Мардихудоева Умеда Мирзохуморовна, аз соли 2016 то 2021 Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор, Холов Мизробшо Абдухамидович, аз соли 2021 то 2022 омўзгор Боронова Саодат Боймаҳмадовна ва аз сентябри соли 2022 муаллими калон Забиров Бењрўз Шоназарович ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намудаанд.
Дар кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ омӯзгорони ботаҷриба ба монанди Сабзаалӣ Ш., Сангов И, Ш. Шобутолибов., Раҳим С., Ҳамидова Н., Туйск М., Холов М.А, Одинаев Б.Э, Нарзибеков Н.М, Миршакар А.М, Мамадқулов Я., Мамадҷонов И., Забиров Б.Ш, Рӯзибоев Р.А, Мардихудоева У.М., Рақибов Р.М, ва омӯзгорони ҷавон ба монанди Боронова С.Б, Боймуродов Б.Р. Атоев Ф., Халиқов Ҷ., Зокиров С., Чилаев Ҳ., Қаҳоров Б., Расулов Ҷ. кору фаъолият намудаанд.
Дар айни ҳол дар кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ ҳамагӣ 16 нафар кормандони асосӣ ва 2 нафар ҳамкорони дохила, ки аз онҳо 2 нафар профессор, 1 нафар дотсент, 2 нафар муаллими калон, 1 нафар муаллим, 10 нафар ассистент, 1 нафар мудири синфхона ва 1 нафар мудири кабинет-лаборант фаъолият менамоянд.
Кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ ба факултети санъати тасвирӣ дохил буда, ҳамагӣ чор ихтисосро дарбар мегирад:
Ихтисоси 1-15010101-манзаранависии дастгоҳӣ (живопись) бо тайёр кардани мутахассисони соҳаи рассомӣ равона карда шудааст. Донишҷӯён аз фанҳои қаламкашӣ, рангакашӣ ва композитсия дарс меомӯзанд. Донишҷӯ дар давоми 4 соли таҳсил соҳиби дипломи бакалавр мегардад. Дар раванди дарсҳо бо донишҷӯ аз рӯи асл тасвир кардан, ҳис кардани табиат симонишин (натура) ва бой кардани ҳиссиёти эҷодӣ рангсозиро меомӯзонанд.
Ихтисоси 1-15010102 манзаранависи театрӣ- ороишӣ бо тайёр кардани мутахассисони соҳаи ороиши театрӣ нигаронида шудааст.
Ихтисоси 1-15010101- ҳайкалтарошӣ дар самти тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳайкалтарошӣ фаъолият менамояд.
Ихтисоси 1-150102-санъати муҷассамавӣ-ороишӣ мутахассисони соҳаи санъати муҷассамавӣ ва ороиширо омода месозад.
КАФЕДРАИ ГРАФИКА ВА МИНИАТЮРА БА НОМИ ФАРРУХ ХОҶАЕВ. Кафедра аз соли 2013 амал мекунад. Соли 2019 кафедра ба номи устод Фаррух Хоҷаев гузошта шуд. Дар кафедра 4 ихтисос вуҷуд дорад:
1-15010401 – Графикаи дастгоҳӣ;
1-15010402 – Ороиш ва расмҳои китоб;
1-03010601 – Санъати тасвирӣ. Ҳунарҳои халқии бадеӣ;
1-03010602 – Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Технология.
Дар давоми фаъолият кафедра дар бисёр рассомони ҷавоне, ки дар мамлакати мо ва хориҷи кишвар фаъолият доранд, такмили ихтисос гирифтанд. Дар кафедра шӯъбаи рӯзона, фосилавӣ ва бахши магистратура вуҷуд дорад, ки донишҷӯён оид ба эҷоди силсилаи графикӣ, чопҳо, санъати ҳунарҳои мардуӣ, нақшакашӣ ва иллюстратсияи китоб, маълумоти ҳаматарафа гирифта, фанҳои қаламкашӣ, рангакашӣ, композитсия, техника ва технологияи графикӣ, шрифт, технологияи китобсозӣ, дизайни графикӣ, ороиши китоб, саҳифабандии китоб, иҷрои лоиҳа дар масолеҳ (миниатюра), тарҳрезии бадеӣ, композитсия (кундал), геометрияи тасвирӣ, гаҷкорӣ, армуғонсозӣ, нақшакашӣ, методикаи таълими санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва геометрияи тасвирӣ, технология, методикаи таълим, техникаи ҷобаҷокунии расмҳо (интихобӣ), иҷрои лоиҳа дар масолеҳ (наққошӣ), графикаи муосир, кундал, кулолгарӣ, қолинбофии бадеӣ, методикаи таълими нақшакашӣ, роҳнамоии касбӣ, санъати чеҳранигорӣ (интихобӣ)-ро ба дараҷаи баланди касбӣ меомӯзанд.
Раванди таълим гузариши ҳатмии таҷрибаи тобистонаро дар бар мегирад, ки дар доираи осорхона, планэр, таҷрибаҳои истеҳсолӣ ва пеш аз дипломӣ сурат мегирад. Ҳар сол донишҷӯён ба минтақаҳои зебо- манзари Тоҷикистон сафар мекунанд ва дар нашриётҳои шаҳр таҷрибаомӯзӣ мегузаранд.
КАФЕДРАИ САНЪАТИ ОРОИШИ АМАЛӢ ВА МОНУМЕНТАЛӢ. Аз соли таъсисёбии Донишкада- соли 2013 амал мекунад. Айни ҳол дар кафедра 13 нафар корманд фаъолият дошта, аз инҳо 8 нафар омӯзгори асосӣ (Сафаров Аҳтам, Рақибов Маҳмадкарим, Ҳайдаров Абутолиб, Абдуллоев Баҳлулҷон, Ҳалимов Муҳаммадҷон, Сатторова Мавҷигул, Парвин Ғафор, 2 нафар ҳамкори дохилӣ (Каримова Ганҷина ва Файзов Акрам), 1 нафар ҳамкори беруна (Расулов Равшан), 1 нафар мудири кабинет- лаборант (Сафолова Маҳваш) ва 1 нафар мудири устохонаи коркарди бадеии чӯб (Саидов Фирӯз) кор мекунанд. Дар кафедра2 нафар муаллими калон, 3 нафар муаллим ва 6 нафар ассистентон фаъолият доранд.
Кафедра аз рӯи 5 ихтисос: наққошӣ, маҳсулоти бадеӣ аз металл, коркарди бадеии чӯб, сафоли бадеӣ ва бофандагии бадеӣ, моделрони костюм мутахассис омода месозад.
Дар гурӯҳи наққошӣ мутахассис оид ба нақшу нигори миллӣ, ҳунарҳои бадеӣ, тарҳрезиии бадеӣ ва кундалрезӣ омода карда мешавад. Дар гурӯҳи маҳсулоти бадеӣ аз металл мутахассисони соҳаи заргарӣ, дар ихтисоси коркарди бадеии чӯб устодони кандакор, дар ихтисоси сафоли бадеӣ мутахассис оид ба самти кулолгарӣ ва дар ихтисоси бофандагии бадеӣ, моделронии костюм мутахассисони баландпоя дар соҳаи қолинбофӣ, моделронии костюм, муд, ва тарроҳӣ омода карда мешаванд.
КАФЕДРАИ САНЪАТШИНОСӢ. Имрӯз санъатшиносӣ – яъне шинохти амиқ ва дарки ҳамаҷонибаи падидаҳои гуногунранги ҳунарҳои зебо – қисми таркибӣ ва яке аз бахшҳои афзалиятноки илмҳои гуманитарии ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ба маънои васеъаш ин илм маҷмӯи номгӯи зиёди фанҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад ва дар он асосан фарҳанги маънавии ҷомеа, аз ҷумла кулли намудҳои ҳунарҳои бадеӣ (театр, мусиқӣ, адабиёт, драматургия, санъати тасвирӣ, хореография, меъморӣ, муҷассамасозӣ, дизайн ва ғ.), қонуниятҳои ташаккул ва рушди онҳо, таҷассуми воқеияти ҳаёт, нақш ва таъсири онҳо дар ташаккули афкори омма, алоқамандӣ бо ҳаёти ҷомеа, хулоса кулли масоили вобаста ба шакл ва мазмуни осори намудҳои ҳунар мавриди омӯзиш ва таҳқиқи тахассусӣ қарор гирифта мешаванд. Аз ин нуқтаи назар ташкили кафедраи санъатшиносӣ дар Донишкада амри воқеӣ буд.
Кафедра бо қарори Шӯрои олимон 01 июли соли 2019 дар пойгоҳи кафедраи “Графика ва санъатшиносӣ” ташкил шудааст. Дар кафедра 11 нафар омӯзгор, аз ҷумла 1 нафар, доктори илм, профессор , 3 нафар номзади илм, дотсент, 2 нафар муаллими калон, 1 нафар муаллим, 3 нафар ассистент, аз инҳо 9 нафар омӯзгорони асосӣ (д.и.т., профессор Иброҳимов М. Ф., н.и.т., дотсент Одиназода Б. Э., муаллими калон Мустафаева С. А., муаллими калон Ёғибекова Б. Т., муаллим Сайфуллоева Ш. И., ассистент Ганибаева С. З., ассистент Ҳомидов Х. И., Хостихудоева О. Ҳ., ассистент Раҳмонов Ҷ. Т.) ва ду нафар ҳамкорон (н.и.т., дотсент Ғафуров А. М., н.и.т., дотсент Шарифзода А.), лаборант – мудири кабинет – Амакиева Б. фаъолият менамоянд. Аз давраи ташкилёбӣ Сайфуллоева Шаҳноза Иззатуллоевна (ниг.) мудирии кафедраро ба уҳда дорад.
Кафедра аз рӯи се ихтиссос мутахассис омода месозад:
Санъатшиносӣ. Соҳаҳои асосии фаъолияти касбии санъатшинос чунинанд:
– таълимӣ (кор дар муассисаҳои таълимии миёна ва миёнаи махсус, гиманазия ва литсейҳо, муассисаҳои таълимии олӣ);
– илмӣ-таҳқиқотӣ (кор дар осорхонаҳо, пажӯҳишгоҳҳо, китобхонаҳо, бойгониҳо);
– маданӣ-маърифатӣ (кор дар ташкилотҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ);
– экспертӣ-таҳлилӣ (кор дар галереяҳои бадеӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ);
– ташкилӣ-идоракунӣ (кор дар мақомоти идоракуниии давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ).
Намудҳои асосии фаъолияти касбии мутахассиси санъатшинос бо корҳои зерин алоқаманданд: ходими илмӣ, омӯзгор, мушовир, эксперт, корманди осорхона, китобхона, бойгонӣ.
Кори осорхона ва ҳифзи ёдгории таърихию фарҳангӣ (Санъатшиносӣ ва музеология). Соҳаҳои асосии фаъолияти касбии мутахассиси осорхонашинос чунинанд:
– мероси фарҳангӣ ва табиӣ, таъмини нигаҳдорӣ ва мубрамии онҳо;
– пайдоиш, рушд ва фаъолияти осорхонаҳо;
– шаклҳо ва васоити муоширати осорхонавӣ;
– фаъолияти ташкилӣ-методӣ ва идоравӣ дар соҳаи сайёҳӣ.
Фарҳангшиносӣ (фундаменталӣ). Соҳаҳои фаъолияти касбии мутахассиси фарҳангшинос чунинанд:
– ташкилотҳои академӣ ва илмӣ-таҳқиқотии марбут ба соҳаи фарҳанг;
– марказҳои соҳавии ташхисӣ ва таҳлилӣ;
– ташкилотҳое, ки фаъолияташон ба соҳаи сиёсати фарҳангӣ, нигаҳдории мероси фарҳангӣ ва табиӣ нигаронида шудааст;
– муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи махсус ва олӣ;
– осорхонаҳо, нигористонҳо, васоити ахбори омма, нашриётҳо, китобхонаҳо;
– мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ.