“Бо таърихи гузаштаи халқи худ, бо шахсиятҳои бузурги аҷдодон фахр кардан хуб аст, аммо донистани таърихи гузаштаи ватан, зинда кардани одамони бузург вазифаи ҳар яки мост”: Эмомалӣ Раҳмон.
Саразм-хазинаи тиллои таърихӣ
Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат дар қатори дигар корхои бадеии рушди ҷумхурӣ ба масъалаи нигохдорӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихии кишвар диққати махсус медиҳанд ва онҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёд баҳогузорӣ менамоянд.(1-9) Ин бошад ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро водор месозад, ки нигоҳдории ёдгориҳои таърихиро қарзи худ дар назди таърих ва наслҳои оянда донад. Дар байни ёдгориҳои таърихии Ҷумҳури дар қатори шаҳраки Боздава дар ноҳияи Мурғоб (асрҳои X-XI), каълаҳои Қаҳ-қаҳа ва Ямчун дар ноҳияи Ишкошим (асрҳои III то милод – VII милодӣ), мақбараи Хоҷа Рушноӣ (асри X) дар ноҳияи Исфара, Масҷидҳои Палдорак ва Ревомутк дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, Мадрасаи Раҷаб Додхоҳ (асри XII) дар ноҳияи Конибодом, Мақбараи Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ (асрҳои XV-XVI) дар ноҳияи Шуробод, Мақбараи Ҳазрати Султон (асри XVI) дар ноҳияи Ховалинг, Шаҳри Ҳулбук (асрҳои IX- XI) дар ноҳияи Восеъ, шаҳраки бостонии Золи Зар (асри XII) дар ноҳияи Фархор ҳамчун ёдгориҳои давраҳои ориёнӣ, маскани энеолотии Саразм (ҳазорсолаи IV-II пеш аз милод) дар шаҳри Панҷакент дорои мавқеъи алоҳида аст.
Кашф ва оғози омӯзишӣ минтақа чун тамоми ҳодисаҳои фавқулода дар назар хеле оддӣ метобад.
Соли 1976 ба олими бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов аз тарафи сокинони ҳамин маҳал табарзине барои омӯзиш пешниҳод карда мешавад. Пас аз пурсишу тадқиқотҳои зиёд олим ба он мушарраф мегардад, ки дар 15 километраи ғарбии шаҳри Панҷакент ва 45 километраи шарқии шаҳри қадимаю овозадори Самарқанд ҳафриётҳои гузаронида шаванд. Махсусан дар давраи пас аз соли 1984 дар ин минтақа ҳафриёте зиёде гузаронида шуд.
Аз соли 1984 то соли 1997 экспедитсияи Тоҷиикстону Фаронса дар ҳайати А. И. Исҳоқов, М. Исҳоқова, А. Т. Пликова, У. Эшонқулов, А. Р. Раззоқов, С. Бобомуллоев, Г. Р. Каримова, Ш. Ф. Қурбонов (Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи А. Дониш Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва А. Т. Франкфорт, Р. Бензенвол, Б. Лионли, Ҷ. Вилкос ва Ҷан Десс (Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса) корҳои асосиро оид ба муайясозии ҳудудҳои бошишгоҳи, қабати маданӣ, санъати меъморӣ намудҳои истеҳсолот, таомулҳои дафнкунӣ ба низомдарории зарфҳои сафолӣ, обёрӣ ва ғайра анҷом доданд. Дар ин давра олимони гурӯҳи дар боло дарҷ гардида 13 ҳафриёт гузаронида зиёда нисфи ҳудуди замини ҷудокардашударо мавриди таҳқиқ қарор доданд. Пеш аз ҳама олимон исбот намуданд, ки ин ёдгорӣ ба асрҳои III – II (солҳои 3400-2000) пеш аз милод мансуб аст. Дар таъриху тамаддуни башарият марҳилае бо номи “Инқилоби неолитӣ” маълум аст. Маҳз дар ҳамин марҳилаи таърихӣ (ҳазорсолаҳои 7-6 пеш аз милод) инсоният вобаста ба иқлими мавзеи зист ба ҳаёти муқимӣ рӯ оварда, ба бунёди деҳшаҳрҳо, ба кишти зироатҳои ғалладона машғул мешавад ва бошишгоҳи Саразм яке ҳаминҳо ба шумор меравад.
Асоси иқтисоди сокинони Саразмро ҳунармандии махсус ва соҳаи заминдорӣ ташкил медодааст, ки ҳам аз кишту кори заминҳои обӣ ва ҳам лалмӣ иборат будааст. Аз охири ҳазораи IV пеш аз мелод сар карда шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои металлургии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Ба ин захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва руҳ дар кӯҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст. Бо густариши робитаҳо дар миёнаҳои ҳазорсолаи IV то асри мо саразмиён бо марказҳои қалимаи заминдории Туркманистони Ҷанубӣ, Эрон, Балуҷистон, Ҳиндустон ва Афғонистон ҳамкории фарҳангӣ ва тиҷоратӣ ба роҳ мондаанд. Ҳамин тариқ, шаҳраки Саразм ёдгории беназире ба ҳисоб меравад, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва муносибатҳои мардуми давраи энеолит ва давраи асри биринҷиро таҷассум кардааст.
Инчунин бозёфтҳои сершумори бостонӣ собит месозанд, ки шуғли асосии саразмиён кишоварзӣ буда, ҳамзамон, бо ҳунармандии гуногунсоҳа (кулолӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, заргарӣ, бофандагӣ ва ғайраҳо), инчунин, равобити савдову тиҷорат бо қабилаҳои ҳамсояи АвруОсиё доштаанд. Ҳунармандӣ дар Саразми бостонӣ хеле рушд карда будааст ва мисоли равшании он зару зевар ва дигар ороишоте, ки аз қабри “Маликаи Саразм” дарёфт шудааст, мебошад. (3-14)
Инчунин аз бозёфтҳои ин сарзамин, ки тадқиқотчиён ёфтаанд, маълум мешавад, ки кулолгарӣ хеле равнақ ёфта будааст. Нақшу нигоре, ки дар зарфҳои кулолӣ олимон кашф карданд, гувоҳӣ хеле қадим будани мавқеъ аст. (2-11)
Ҷойгиршавии мавқеъ ва дукону хонаҳо шоҳиди он аст, ки дар Саразм дар охири ҳазорсолаи 4 пеш аз милод ба мисли Шумеру Акад ва Мисру Ҳиндустон ва Аврупои Шарқӣ аз шаҳрсозӣ хабардор будаанд. Олимон дар ковишҳои худ биноҳои дорои тасвирҳои монументалӣ ва кӯчаҳои сангфаршу ҳамворро, мавзеъҳои металлгудозӣ ва дуконҳои кулолгариро ошкор сохтанд, ки далели мисоли болост. (3-7)
Сокинони Саразм инчунин меъморони соҳибҳунар буданд, ки оташкадаҳои азим ва ибодатгоҳҳои зебо орододашуда сохтаанд. (3-9)
Солҳои 2003 ва 2005 Президенти кишвар ба ин маҳал ташриф оварда онро “Хазинаи тиллоии халқи тоҷик” баҳо дода буданд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 391 аз 21.сентябри соли 2000 Саразм ҳамчун маркази ташакулёбии фарҳангӣ кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнуъгоҳи таърихӣ – бостоншиносӣ эълон гардид.
Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиноси Саразм ганҷинаи миллии мероси халқи тоҷик мебошад. 31 июли соли 2010 ёдгории Саразм дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар Бразиля баргузор гардид, ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ шомил карда шуд. (1-1)
Мудири дафтари Осиё ва Уқёнусия дар кумитаи мероси ҷаҳони ЮНЕСКО ҷаноби Ҷованни Бокардо дар ин бора чунин изҳор дошт, ки:
Саразм дар асоси ду меъёр ба Феҳрасти мероси ҷаҳонӣ шомил карда шуд. Аввал дар асоси ин меъёр, ки Саразм дар давраи муайяне маҳалли таҷассуми табодули фарҳангии барҷастае будааст. Саразм аз чаҳорҳазорсолаи пеш аз милод як маркази муҳими тиҷорат ва фарҳанги Осиёи Марказӣ будааст. Саразм ғолибан муҳимтарин марказӣ тиҷоратии ҳамон аҳд дар минтақа будааст, ки аслан ду навъи мардумро ба ҳам мепайваст, чорводорони кӯчӣ, ки дар манотиқи кӯҳӣ ва кишоварзон, ки дар ҳамворӣ зиндагӣ мекарданд. Ҳафриёт дар ин ёдгории таърихӣ ва кашфи баъзе аз ашё, ба таври рӯшан нақши ин маҳал дар мубодилот ва тиҷорат миёни минтақаҳои ниҳоят гуногунро нишон медиҳад, аз ҷумла Туркманистони ҳозира, Байнанаҳрайн, таммадуни Ҳинд ва албатта Осиёи Марказиро. Ин аст сабаби аввали пазируфтани Саразм ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии фарҳангӣ. Яъне дар воқеъ фарҳангҳо дар инҷо ба ҳам омехта шуда ва ҳамоиш ёфтаанд.
Омили дувуми шомил кардани Саразм ба феҳрасти мероси ҷаҳонӣ ин аст, ки Саразм як навъ аз тамаддуне гувоҳӣ медиҳад, ки дар миёни ҳазорсолаи чаҳорум ва саввуми пеш аз милод дар Осиёи Марказӣ будааст. Хосиятҳои он ба ҳайси як маҳалли маскунӣ, ки беназиранд, гувоҳӣ медиҳад, ки ин гӯшаи дунё як тамаддуни шаҳрнишинии аввалия доштааст. Бояд зикр кунем, ки Саразм бештар аз якуним километр тӯл ва 700 метр бар дорад, ки ин як маҳалли маскунии бисёр бузург аст ва дар он аҳд воқеан бисёр барҷаста маҳсуб мешавад. (5-4)
Боздид аз Саразм ёдовариест, аз таърихи куҳани инсоният дар Тоҷикистон ва алоқаҳои васеи иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар. Барои обод гардонии Саразм аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои Миллат бештар аз 6 миллион сомонӣ маблағ чудо гардидааст.
Зиёрати Маликаи Саразм бошад диққати ҳамаро дар сайру гашти Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷалб намудааст. Маликаи Саразм дар водии Зарафшон тақрибан 5 ҳазор сол пеш умр ба сар бурдааст. Ӯ як шахси сарватманди ҷамъияти дар давраи ибтидои Асри биринҷӣ будааст, ки соли 1976 аз ҷониби бостоншиносон аз хок бароварда шуданд. Боқимондаҳои ҷасади малика танҳо соли 1980 аз хок гирифта шуданд.
Аҳамияти муҳими Саразмро ба назар гирифта Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ро соли ҷашнгирии Саразми бостониро ҳамчун марказӣ ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон намуданд ва дар паёми навбатии худ ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихии миллатро ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёд арзёбӣ намуда, онро қарзи ҳар як тоҷик дар назди таърих ва наслҳои оянда донистанд. (1-3)
Адабиётҳо
- Маводҳои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти ҶТ бо зиёиён 03. 2018
- Исаков А., Саразм – Душанбе, 1991
- Раззоқов А., Саразм – Душанбе, 2009
- Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО
- Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО
- Саразм ва Панҷакент / ТВ Сафина
- http: // www.sogdianapamir.tj/tajik-cities/sogd-region/penjikent.html]