Tuesday, March 19, 2024

Маводи таълимии тозанашр

МАШҒУЛИЯТҲО АЗ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ОЛӢ ВА ШАКЛҲОИ ОН

Тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар мактабҳои олии Тоҷикистон дар сурате имконпазир мегардад, ки агар онҳо дар баробари донишҳои назариявии марбути  ихтисосашон, ҳамчунин, бо силсилаи дониши фанҳои ташкил ва пеш бурдани раванди таълимро омўзанда, ба монади педагогика, психология ва методика (методикаи таълими фанни мушаххас, масалан, методикаи забони тоҷикӣ) ҳам таъмин карда шаванд. Чунин донишҳои зарурӣ ба донишҷӯён, агар аз як тараф тавассути қироати лексия, ташкили дарсҳои амалию таҷрибавии устодон таъсис дода мешавад, баррасӣ гардад, аз тарафи дигар, бо роҳи китобҳои дарсии фанҳои мазкурро мустақилона омӯхтану конспект намуданашон (ҳангоми тайёрӣ дидан ба дарсҳои амаливу таҷрибавӣ ва ё омодагӣ гирифтан ба супоридани санҷишу имтиҳонот) дастрас хоҳанд гашт.

Аммо то ба имрӯз, бахусус, барои мактабҳои олии Тоҷикистон китобҳои дарсӣ аз фанҳои педагогика ва психология ду – се маротибагӣ навишта ва ё аз забони русӣ тарҷума ва дастраси донишҷӯён гардонида шуда бошанд ҳам, мутаассифона, то ба ҳол китоби дарсии методикаи таълими забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни факултетҳои филологии мактабҳои олӣ мураттаб нагардидааст. Яъне дар тамоми тӯли солҳои мавҷудияти Давлати Шӯравӣ ва аз давраи соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон то ба имрӯз донишҷӯёни мактабҳои олӣ дар ҳамаи ҳолатҳо –тайёрӣ дидан ба санҷишу имтиҳонот аз забони тоҷикӣ ҳамаи масъалаҳои умумӣ ва таълимии соҳаҳои гуногуни забони тоҷикӣ (фонетика, калима, луғат, грамматика – морфология ва синтаксис, имло ва аломатҳои китобат) мебошанд, маҳдуд мемонданду бас.

Шаклҳои кор ё худ системаи машғулиятҳо дар мактаб доир ба ҳар як фанни таълимӣ, аз ҷумла марбут ба таълими забони тоҷикӣ ба навъҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

  • машғулиятҳои синфӣ, ки дар шакли дарс гузаронида мешаванд;

  • машғулиятҳои факултативӣ, ки махсус, вале на бо шумораи хурди хонандагоне, ки барои дақиқ омӯхтани забони тоҷикӣ шавқи баланд доранд;

  • корҳои беруназсинфӣ, ки дар шакли маҳфил ва ҷамъомадҳои махсус доир ба забони тоҷикӣ гузаронида мешаванд;

  • ташкили машғулиятҳои фрдӣ барои хонандагони сустхон зимни додани маслиҳату супоришҳои махсус.

Аммо дар байни ин системаи машғулиятҳо шакли аввал -машғулиятҳои синфӣ ё худ дарс дар омӯзиши ҳаматарафаи забони тоҷикӣ – чи аз ҷиҳати назариявӣ ва чи амалӣ – нақши аз ҳама муҳимро мебозад. Аз ин рӯ, дар аксари маъхазҳо дарс шакли асосии ташкили машғулиятҳои таълимӣ номида шудааст. [1, c.114]. Мувофиқи ақидаи мутахассисон, «Ҳар як дарс ба асари фардии пурра баохиррасида монанд аст ва агар сохтор (банду баст)-и хубро доро бошад, он гоҳ метавон гуфт, ки он асари бадеии мукаммал аст. Дар воқеъ, агар дарсро ба асари бадеии мукаммал ташбеҳ додан ҷоиз бошад, ба назари мо, дарси мувофиқи талаботи меъёрӣ гузаронидашуда ба филми тасвирие шабоҳат дорад, ки ҳар яке аз тамошобинон персонажҳои он ҳам ба шумор мераванд.

Аз ин лињоз, дар мактаб ба сохту мазмун ва сифати дарс, ҷиҳатҳои намоишдиҳӣ ва таълимию тарбиявии он диққати махсус дода мешавад. Ва албатта, вобаста ба хусусиятҳояшон – аз ҷиҳати мундариҷа, сохту тарзи ташкил кардан ва ҳам мақсади гузаронида шуданашон дарсҳои забони тоҷикӣ гуногун мешаванд. Вале сарфи назар аз гуногун буданашон, дарсҳо бо ин ё он хусусияташон ба ҳам мувофиқат намуда, система ва ё силсилаи муайяни машғулиятҳоро доир ба омӯхтани забони тоҷикӣ ва грамматикаи он ташкил медиҳанд.

Умуман, дарсҳои забони тоҷикиро аз ду ҷиҳат ба хелҳо ҷудо мекунанд: 1) аз ҷиҳати мақсади гузаронида шуданашон; 2) аз ҷиҳати мундариҷаашон, яъне аз рӯи мундариҷаи мавзӯъҳои омӯхташаванда.

Вобаста ба шакли аввал, яъне аз ҷиҳати мақсади гузаронида шуданашон, дарсҳои забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, се хел мешаванд:

а) дарси додани дониши нав ба хонандагон (масалан, доир ба ин ё он мавзӯи марфологӣ ё синтаксисӣ), яъне дар ин хели дарс ба хонандагон доир ба ягон ҳодисаи забон маълумот ё худ дониши нав дода мешавад;

б) дарси мустаҳкам намудани дониш, ки дар ин хели дарс мавзӯи нав таълим дода намешавад, балки омўзгор мавзӯи пештар, масалан, дирӯз омӯзондаашро, ки ба аҳли синф на он қадар дақиқу фаҳмо дастрас гардида буд, бо иҷрои машқҳои гуногун ва ташкили саволу ҷавоб мустаҳкам менамояд;

в) дарси санҷиши дониш ва малакаи хонандагон, ки он ба воситаи ташкили корҳои хаттии санҷишӣ – машқу супоришҳои махсус интихобшуда, гирифтани диктантҳои таълимию санҷишӣ бо супоришҳои гуногуни грамматикӣ доир ба имло ва аломатҳои китобат (доир ба як мавзӯъ, як боб ва ё якчанд фаслу боби барномаи таълим) гузаронида мешавад.

Доир ба типи дуюми дарс – дарси мустаҳкам намудани дониш – ҳаминро ҳам бояд донист, ки он ба лаҳзаи дарси мустаҳкамкунӣ ҳам монандӣ ва ҳам аз он фарқе дорад. Монандиаш дар ин, ки дар рафти гузаронидани он, чун дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ, танҳо як мавзӯъ, ба воситаи саволу ҷавоб ва иҷрои машқу супоришҳо мустаҳкам карда мешавад. Вале фарқи дарси мустаҳкам намудани дониш аз лаҳзаи мустаҳкамкунӣ дар ин аст, ки барои он, яъне дарси мустаҳкам намудани дониш, тамоми як соати академикӣ – 45 дақиқа, аммо барои лаҳзаи мустаҳкамкунӣ аз ҳамон миқдори як соати академикӣ аз 10-12 то 15-20 дақиқа бахшида мешаваду бас.

Аз рӯи мақсади гузаронида шуданашон дар қатори он се типи дарс, боз хелҳои дигари дарсҳои забони тоҷикиро ҳам, ки дарси такрор, дарси такрори ҷамъбасти донишҳо ва дорси инкишофи нутқи мураттаб номидаанд, метавон номбар намуд. Дарси такрор навъи дигари дарси мустаҳкам намудани донишу малакаи хонандагон аст. Аз ин рӯ, ин хели дарс аз тарафи методистон, ҳамчун типи махсуси дарс, эътироф нашудааст. Зеро дарси мустаҳкам намудани дониш ҳам мантиқан дарси такрор буда, дар дарси такрор низ мазмунан мустаҳкам намудани дониши талабагон дар мадди назари омӯзгор аст. Фарқи асосӣ дар байни ин ду хели дарс ин аст, ки дар дарси мустаҳкам намудани дониш як мавзӯъ, вале дар дарси такрор як боби калон ва ё 2-3 боби хурд такрору мустаҳкам карда мешаванд.

Ҳамин тавр, аз ҷиҳати мақсади гузаронида шуданашон дарсҳоро, пеш аз ҳама, ба хелҳои зерин:

  • дарси додани дониши нав, дарси мустаҳкам намудани дониш;

  • дарси санҷиши донишу малакаи хонандагон ҷудо мекунанд, ки ба ин гурӯҳ, ҳамчунин, дарсҳои ба ном такрор, такрори ҷамъбасти донишҳо доир ба як мавзӯъ ва инкишофи нутқи мураттаб зам мешаванд. Аммо вобаста ба мундариҷаашон дарсҳо ба чунин типҳо ё хелҳо: грамматикӣ (морфологӣ ва синтаксисӣ) фонетикӣ, калимасозӣ, орфографӣ, пунктуатсионӣ ҷудо карда шудаанд. Инак, ҳамаи он дарсҳое, ки маҳз ба таълими синтаксис бахшида мешаванд, аз рӯи мундариҷаашон ба хели  дарсҳои синтаксисӣ маҳсуб мебошанд, ё худ тамоми дарсҳое, ки ба ин ё он мавзӯи фонетика бахшида мешаванд, аз руӣ мундариҷаашон дарсҳои фонетикӣ ном доранд ва ғ.

Бояд таъкид намуд, ки умуман, аз рӯи мақсад ва мундариҷаашон ба хелҳо ҷудо намудани дарсҳои забони тоҷикӣ шартан аст. Зеро, дар асл бошад, дар айни ҳамон як типи дарс, масалан, дар дарси додани дониши нав ба хонандагон ҳам элементҳо – ҷузъиёти дарси мустаҳкам намудани дониш ва ҳам санҷиши донишу малака (дар лаҳзаҳои пурсиши вазифаи хонагӣ ва мустаҳамкунии мавзӯи нав) ба мушоҳида мерасанд, ки ба ҳамин сабаб дарси мазкурро бо унвони дарси омехта ҳам ном мебаранд.[2, c.49].

Ба ҷуз ин ҳама гуфтаҳои фавқ, ҳаминро ҳам бояд донист, ки ба андешаи муҳаққиқи шинохтаи соҳаи педагогика Поздняков Н.С., «Ҳар як дарс вобаста ба фардияташ такрорнашаванда аст, аз он ҷиҳат, ки ба ҳар яки он хусусиятҳои худро ҳам мавод, ҳам синф ва ҳам омўзгор ворид мекунад». Вобаста ба ин, чунин ҳукмро асоснок шуморидан мумкин аст, ки ҳеҷ гоҳ «Чун қоида омўзгори ҷустуҷӯкор доир ба ҳамон як мавзӯъ ду дарси айнан як хеларо ташкил карда наметавонад».  Ин нукта баъзан аз сохту лаҳзаҳои дарс низ бармеояд.

Сохту лаҳзаҳои дарс ва тартиби ҷобаҷогузории лаҳзаҳои он ба ин ду масъала – мақсади дарс ва хусусияти мавзӯи дарс вобаста аст. Аз ин рӯ, агар омўзгор мақсади ҳар як дарс ва хусусияти мавзӯъ ва ё маводи онро ба назар гирад, тарз ё усули ташкил ва гузаронидани онро ҳам дуруст муайян мекунад.

Бояд донист, ки ҳар як тип ё хели дарс сохти махсусе дорад, ки ин нукта аз лаҳзаҳои ба ҳам алоқаманди он аён мегардад. Чунончи, баъзе лаҳзаҳои дарс, масалан, пурсиши вазифаи хонагӣ ё худ супориши вазифаи хонагӣ қариб дар ҳамаи хелҳои дарс дохил шуда метавонад. Аммо лаҳзаҳои дигари он, аз қабили баёни мавзӯи нав ва санҷиши умумии донишу малакаи хонандагон ба ин ё он типи махсуси дарс хос аст. Умуман, дар маҷмӯъ, лаҳзаҳои дарси забони тоҷикиро ин тавр метавон баррасӣ намуд: а) баёни мавзӯи нав; б) машқҳои мустаҳкам кардан ва такрори донишу малакаи хонандагон; в) тафтиши вазифаи хонагӣ; г) пурсиши хонандагон; ғ) санҷиши умумӣ ё худ фронталии дониш ва малакаи ҳамаи хонандагон (бо гирифтани корҳои хаттии санҷишӣ. Ниҳоят, ҳамаи хелҳои дарс бо лаҳзаи ташкилӣ оғоз ёфта, бо эълони баҳо ё худ супориши вазифаи хонагӣ анҷом меёбад, ки риояи талаботи ин қисматҳо низ дар ҷараёни дарс муҳим аст.

Чунин лаҳзаҳои дарс солҳои тӯлонӣ дар амал санҷида шудаанд. Вале тарзи ба ҳам пайвастан ё худ тартибу ҷобаҷогузории онҳо (лаҳзаҳои дарс) вобаста ба мақсади дарс, маълум ё нав будани маводи дарс, то чи андоза ба мавзӯъҳои пеш омӯхтаи хонандагон вобаста будани мавзӯи нав, хели машқҳои иҷро карда мешудагӣ (диктантҳои таълимӣ ё санҷишӣ, таҳлили грамматикӣ ва ғ.) метавонад гуногун шавад.

Лаҳзаҳои дарс дар нақшаи дарс (план-конспект) -и омӯзгор ҳар доим пас аз сабти се нукта: мақсади дарс, методҳои дарс ва таҷҳизонидани дарс таҳти унвони «Равиши дарс» (пеш аз ҳар яки онҳо рақами римӣ гузошта) навишта мешаванд. Масалан, сохт ва тарзи ҷобаҷогузории лаҳзаҳои дарси додани дониши нав ба доншљўён дар наќшаи кори омўзгор, асосан, ба таври зер оварда мешаванд:

РАВИШИ ДАРС:

  1. Ташкилии дарс.
  2. Пурсиши вазифаи хонагӣ.
  3. Мустаҳкамкунӣ.
  4. Супориши вазифаи хонагӣ.
  5. Эълони баҳо.

Дар асл, аз рӯи ҳамин сохт ва ё тартиби ҷобаҷогузории лаҳзаҳо, ки дар фавқ мебинед, дар гузаронидани дарс мавриде зарурат дорад, ки агар хонандагонро ба фаҳмидани мавзӯи нав тайёр кардан лозим бошад. Яъне дар чунин маврид ҳатман пеш аз баёни мавзӯи нав вазифаи хонагӣ ва маводи ба ин мавзӯи нав алоқаманд бояд ба тариқи такрор пурсида шавад. Масалан, «Сифати феълӣ» ҳамин гуна мавзӯъ аст. Пеш аз баёни сифати феълӣ, ҳамчун шакли махсуси феъл, ки хусусиятҳои сифатро ҳам доро аст, бояд аломатҳои барҷастаи феълу сифат (ҳаракату ҳолати предметро фаҳмондани феъл, замон доштани он, бо бандаки изофӣ алоқаманд шудани сифат, аломати предметро фаҳмондану ба кадом саволҳо ҷавоб шудани он) пурсида шавад, то ки ба ҳамин дониши хонандагон такя карда, хусусиятҳои сифати феълӣ ба онҳо фаҳмонда шавад. Албатта, дар айни баёни мавзӯъ ҳам аломатҳои феълу сифатро ба хотири хонандагон оварда истода, фаҳмондани хусусиятҳои сифати феълӣ зарурат пайдо менамояд.

Яъне бо овардани ҳамин сохтори дигари дарси додани дониши нав таъкид карданием, ки дар ҳар типи дарс ҳатман ҷой доштани ҳамаи лаҳзаҳои хоси он ё худ план – конспектро аз рӯи як тартиби муайян навиштан ва ҳамон тартибро айнан дар ҷараёни дарс риоя намудан шарт нест. Хулоса, ҳатто мумкин аст, наќшаи пешакӣ тартибдодаи омўзгор дар рафти дарс тағйир ёбад.

Масалан, агар мавзӯи нав мантиқан идомаи мавзӯи пешина бошад, пас аз қисмати ташкилии дарс омўзгор метавонад лаҳзаи пурсиши вазифаро ташкил накарда, аввал мавзӯи навро фаҳмонда, баъд вазифаи хонагиро дар рафти мустаҳкамкунии мавзӯи нав ва ҳатто дар лаҳзаи баёни мавзӯи нав бо усули сӯҳбат пурсад. Албатта, дар ин бобат донишу фаҳмиши хонандагонро ҳам ба назар гирифтан лозим меояд.

 

Фатоева Р. А.,

муаллимаи кафедраи забонҳо ва

фанҳои гуманитарии ДДСТДТ