Ҳифзи муҳити зист–ҳифзи саломатист
Ҳар сол санаи 5 июн аҳли башар, аз ҷумла сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи байналмилалии муҳити зистро ба таври васеъ ҷашн мегиранд. Соли 1972 бо Қарори СММ рӯзи 5-июн ҳамчун рўзи байналмилалии муҳити зист пешниҳод шуд ва имсол аз ҷашнгирии он 49-сол пур мешавад.
Мардуми шарафманди ҷумҳурӣ, алалхусус мо омӯзгорон аз он шукргузорем, ки ватани азизамон-Тоҷикистон тавассути сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо табиати бою рангин, обу ҳавои фораму дилкаш, олами набототу ҳайвоноти нодир, кӯҳҳои серганҷу осмонбӯс, рӯду дарёҳҳои шӯху беқарор ва чашмаҳои софу дармонбахш бо ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва таассуроти онҳо аз боздиди манзараҳои дилфиреби диёри афсонавиамон дар олам маълуму машҳур аст.
Дар ҳақиқат, фарде, ки як маротиба аз кишвари мо дидан намояд, таассуроти гирифтааш як умр дар дилу ёдаш нақш хоҳад баст. Сайёҳони хориҷӣ аз дидани зебогию шоҳкориҳои табиати Тоҷикистон ба ваҷд омада, дар навиштаҷотҳояшон онро чун “Дурдонаи табиат”, диёри “Кўлоҳсафед”, кишвари “Кўлҳои афсонавӣ” ва сарзамини “Файзбор” ба қалам додаанд.
Мо имрўз дар арафаи 49-юмин солгарди Рузи байналмилалии муҳити зист аз тамоми сокинони кишварамон, хусусан ҷавонон, донишҷӯён ва мактаббачагон даъват ба амал меорем, ки нисбат ба табиат ва сарватҳои бебаҳои он бо рафтору кирдори некўяшон баҳри рушду нумўи кишвар ва ободии диёри азиз саҳми муносиби худро гузоранд.
Қобили қайд аст, ки тайи солҳои охир сокинони ҷумҳурӣ баҳри муҳофизати муҳити зист, тозаю озода намудани кӯчаю маҳаллаҳо, ниҳолу дарахтон тавассути ҳашарҳои умумӣ ва дигар амалҳои муҳиму хайр корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд. Дар қатори дигарон ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баҳри ҳифзи муҳити зист, тозаю озода нигоҳ доштани муҳит, сарсабзу зебо гардонидани Ватани азизамон ҳамеша саҳмгузоранд. Бахшида ба ин рӯз санаи 5-уми июн дар Донишкада семинар-машварат дар мавзӯи:”Ҳифзи муҳити зист-ҳифзи саломатист” ба нақша гирифта шудааст.
Солгарди имсолаи ҷашни Рузи байналмилалии муҳити зист ба даврае рост омад, ки кулли мардуми Тоҷикистони азиз, аз ҷумла ҳайати омӯзгорону кормандони донишкада ба ҷашнҳои бузурги миллиамон – 24- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба гирифта истодаанд.
Субҳон Усмонов,
мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии ДДСТДТ