Китоб дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна
Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад.
Э.момалӣ Раҳмон
Пешравии илму фарҳанг ва муносибатҳои байниҳамдигарии маданияти бадеӣ дар Шарқи Миёна боиси он гардид, ки офаридаҳои бадеии он моли мардуми дунё гардид. Намунаи барҷастаи он “Шоҳнома”-и безаволи Абӯлқосим Фирдавсӣ мебошад. Намунаи дигаре, ки ҳамчун мисол овардани онро зарур мешуморем, осори олмшумули рассоми охири асри ХV ва аввали асри XVI Камолиддини Беҳзод мебошад, ки зодаи Ҳирот буда, як қисми ҳаёташро дар Табрез гузаронидааст. Санъати вай на танҳо дар Шарқ, балки барои рушди санъати миниётура дар Аврупо нақши муҳим дорад.
Дар асри Х олимон, шоирон, рассомон, заргарон, хулоса кулли ҳунармандон аз тамоми гӯшаю канори империяи бузурги араб ба Мовароуннаҳр, ки барои рушди ин санъат шароити мусоид фароҳам оварда буд, гирд меомаданд. Бухоро-пойтахти давлати Сомониён маркази рушди илму фарҳанг гардид. Дар Самарқанд, Марв ва Урганҷ бошад, санъати озод рушд менамуд. Шумораи мактабу мадрасаҳо меафзуд. Мактабу мадрасаҳо асосан дар назди масҷидҳои калон кушода шуда, дар онҳо ғайр аз забони арабӣ боз илмҳои илоҳишиносӣ, фиқҳ, таърихи дин ва монанди инҳо омӯзонида мешуданд. Овозаи мадрасаҳои Мовароуннаҳр ва шогирдони он дар сар то сари хилофати араб маълуму машҳур гардида буд.
Табиист, ки дар ин шароит талабот ба китоб меафзуд. Дар ин давра яке аз шаклҳои асосии зиёд намудани шумораи китобҳо дастнависҳо (хаттотӣ) дар шакли девон, насиҳатнома, рисола, сафарнома ва тафсир буд. Маълум аст, ки мавқеи асосиро Қуръони Карим ва тафсирҳои гуногуни он ишғол мекарданд. Маркази асосии рӯйнавис кардани китобҳо китобхонаҳое буданд, ки ҳокимони давр дар дарбори худ ташкил мекарданд. Инчунин доираҳои илмии алоҳидаи баъзе нафарони машҳур, ки ба тарбияи шогирдон машғул буданд, китобҳои нодирро рӯйнавис мекарданд. Дар баробари хаттотон ба кори рӯйнависии китобҳо шогирдони онҳо низ ҷалб карда мешуданд. Дар бозорҳои Бухоро қариб тамоми китобҳоро ёфтан мумкин буд. Мисоли равшани он ҳамон нақлест, ки аз Абӯалӣ ибни Сино расидааст. Вай нақл мекунад, ки ҳангоми омӯзиши “Метафизика”-и Арасту ба душвориҳо рӯ ба рӯ гардид ва рӯзе дар бозор шарҳи ин китобро дар таълифи олими машҳури Шарқ Абӯнасри Форобӣ дучор омад. Ин тафсир ба ӯ имконият дод, ки ақидаҳои мутафаккири бузургро дурусттар фаҳмида гирад. Фарҳанги тафсирии машҳури “Луғати Фурс”-и Асадии Тӯсӣ, ки дар он тафсири калимаҳои камёфту нодири ашъори шоирони Мовароуннаҳру Хуросони асрҳои IX-X ва ибтидои асри XI, аз ҷумла Рӯдакию Абӯшакури Балхӣ, Дақиқӣ, Фирдавсию Унсурӣ, Фаррухию Асҷадӣ ҷой доштанд, маҳсули ҳамин давра аст.
Фурӯшандагони китоб дар аксар маврид шахсони бофарҳанг буданд ва дар назди дӯконашон шоирону олимони соҳаҳои гуногунро ҷамъ карда. дар бораи ин ё он китоби навтаълифгардида баҳсҳо ташкил мекарданд.
Махсусан, аз ҷиҳати сифат китобҳои ҳунармандони Ҳирот, Табрез, Бухоро ва Самарқанд фарқ карда меистоданд ва дар байни дӯстдорони илм хеле маълуму машҳур буданд. Дар ин шаҳрҳо як навъ мактабҳои аз ҷиҳати бадеӣ оро додани дастхатҳо ва санъати тасвирии миниётура амал мекард. Махсусан, маҳсули меҳнати устодони касби худ Мираки Наққош, Сайид Аҳмади Табрезӣ (дар асри ХV), шогирди онҳо , рассоми чирадаст, миниатюристи машҳури охири асри ХV ва ибтидои асри ХVI Камолиддини Беҳзод дар байни ҳаводорони ороиши китоб қимати баланд доштанд. Шогирдони самарқандии онҳо Муҳаммад Мурод, Хоҷа Муҳаммад Муқим, хаттоти дарбори Абдулазизхон, ҳунарманди ӯзбектабор Ҳоҷӣ Ёдгор низ дар замони худ машҳури байни аҳли адаб гаштаанд. Умуман, дар ин давра санъати ороиши китоб ба авҷи аълои худ расида буд. Дар матнҳои дастнависии шарқии ҳамон давра ҳама чиз мардуми олам, махсусан Аврупоро ба ҳайрат меовард: ҳам ҳунари олии хаттоти рӯйнавискунанда бо маҳорати олии ҷобаҷо кардани хатҳо, нуқтаҳо ва нақшу нигори хеле нозуки саҳифаи аввал ва муқоваи китоб, расмҳои миниётурии ба мавзӯъҳо мувофиқ ва ороиши матн. Китоб чун як воҳиди кулли бадеӣ дониста мешуд, ҳар қисми алоҳидааш барои пурра кардани ҷузъҳои боқимонда хизмат мекард, ҳар як амали баҷооварда ин воҳиди зеборо пурра мекард ва ҳусн мебахшид. Офаридани чунин санъат вақти зиёд, касбияти олӣ ва сабуриро талаб менамуд.”
Қимати баланди ороиши бадеии китобро дар Шарқ асосан истифодаи моҳиронаи миниатюра муайян менамуд. Дастнависи “Шоҳнома”, ки бо супориши ҳокими давр Ишмуҳаммад Султон соли 1556-и мелодӣ омода шуда буд, бо 115 миниатюраи аз ҷиҳати бадеӣ дар сатҳи олӣ, расмҳои гуногун, гулбандҳо ва дигар ҷузъҳои наққошӣ оро дода шуда буд.
Пеш аз оғози кор бо матн варақҳои қоғаз бо рангҳои пасти гулобӣ, осмонӣ ва дигар рангҳое, ки минбаъд замини орододашудаи варақро ташкил медоданд , ранг карда мешуданд. Сонӣ, дар варақ бо қалами қурғошимӣ ва ё нуқрагӣ хатҳо кашида шуда тарҳи варақ омода мегардид ва унвони вай ҷой дода шуда, барои расмҳои миниётурӣ ҷой муайян карда мешуд. Пас аз он ки хаттот матнро хаттотӣ мекард, миниётурист ба кор оғоз менамуд.
Дар асрҳои IX-XI дар дарбори амирон ва ҳокимон китобхонаҳои бузург созмон дода мешуданд. Бар замми ин баъзе сармоядорони илмдӯст “хонаи илм” ташкил менамуданд, ки дар баробари фарзандонашон фарзандони маҳал низ таҳсил мекарданд.
Дар назди ин гуна мактабҳо одатан китобхонаҳои дорои китобҳои зиёд ташкил карда мешуданд. Инчунин, мадрасаҳо низ дорои китобхонаҳо буданд. Махсусан, шаҳри Бухоро дар давраи Сомониҳо ба китобхонаҳояш машҳур буд. Ибни Сино баъд аз муолиҷаи амир Ибни Мансур аз вай иҷозати истифодаи китобхонаи дарборро гирифт. Ӯ менависад, ки “Ман ба китобхона, ки аз якчанд ҳуҷра иборат буд, даромадам. Дар ҳар ҳуҷра сандуқҳои пур аз китоб, ки болои ҳам чида шуда буданд, мавҷуд буд. Дар як ҳуҷра китобҳо бо забони арабӣ ва шеърҳо, дар ҳуҷраи дигар бошад, китобҳои мутааллиқ ба ҳар соҳаи алоҳидаи илм (нигоҳ дошта мешуданд). Ман феҳрасти китобҳои пешгузаштагони соҳаи илми худро хондам ва онҳоеро,ки барои ман лозим буданд, хоҳиш намудам. Ман дар он ҷо китобҳоеро дидам, ки бисёриҳо ҳатто номашонро нашунида буданд ва ман ҳам пештар ва баъди ин ҳам во нахӯрда будам”.
Ба китобхонаи Бухоро дар ҳамон давра фақат китобхонаи дарбори ҳокими маҳаллии Шероз Адуддавла (949-983), ки бо номи “Хонаи хирад” машҳур буд, баробар шуда метавонист. Чун китобхонаи Бухоро дар ин китобхона низ китобҳо ба соҳаи гуногуни илм ҷудо карда шуда буданд. Ба ин китобхона фақат шаҳрвандон ва олимони номдор аз дигар шаҳру кишварҳо роҳ дода мешуданд. Китобдорҳо вазифадор карда шуда буданд, ки барои нафарони ба китобхона омада шароити хобу хӯрок омода созанд.
Яке аз марказҳои машҳури мадании ҳамон замон шаҳри Марв ба шумор мерафт. Таърихнигорон навиштаанд, ки дар аввалҳои асрҳои ХI дар як худи шаҳр 10 ва ҳатто 12 китобхона вуҷуд доштаааст. Сайёҳи араб, ҷуғроф бо номи Ёқут, ки дар асри ХIII дар ин шаҳр будааст, навиштааст, ки: “Дар тамоми дунё ман ягон китобхонаеро надидам, ки ба онҳо баробар шуда тавонад”. Дар ҳамин ҷо вай ду китобхонаи шаҳри Марвро дарҷ кардааст. Яке аз онҳо бо номи “Азизӣ” бештар аз 12 ҳазор нусха дастнависҳои нодир доштааст. Дигар китобхонае, ки ин олими сайёҳ аҳамият зоҳир намудааст, бо номи “Камолӣ” машҳур будааст.
Мутаассифона, рушди китоб ва китобнависӣ дар ин давра на он қадар ором буд. Истилои муғул (соли 1220) ба осори мадании Осиёи Миёна зиёни калоне расонид. Халқи бемаданияти аз китобу китобдорӣ дур дар як муддати кӯтоҳ шаҳрҳои ободу зебо Самарқанд, Марв ва Хеваро ба харобазор табдил дод, китобхонаҳои машҳури давр ба коми оташи ҷанг рафтанд ва ин ба рушди минбаъдаи фарҳангу маданияти халқҳои ин сарзамин таъсири манфӣ расонид. Ҳатто чандин муддат онро аз тараққӣ боз дошт. Бисёр муттафакирон ва шоирони бузурги давр, алломаҳо дар ғарибию саргардониҳо умр ба сар мебурданд. Танҳо дар охири асри XIV ва аввали асри XV вазъи зиндагӣ дар минтақаи Осиёи Миёна каме ба эътидол омад. Ин давраи офаридаҳои безаволи Мавлоно Ҷомӣ, оғози адабиёти ӯзбек дар симои Мир Алишер Навоӣ (1441-1501) буданд. Дар ин давра илм низ ба пешравӣ сар кард. Набераи Темури соҳибқирон ҳоким ва олими Мовороуннаҳр – Улуғбек дар Самарқанд расадхонае созмон дод. Дар он ҷо ҷиҳати ҷойгиршавии ситораҳои осмон ҷадвале мураттаб карда шуд, ки то имрӯз дар илми фалакиёт қимати худро гум накардааст. Нигини санъати китоб “Темуршон”-и Ҳотифӣ, “Хазоин -ул -асрор”-и Низомӣ, осори Бобонаққош дар дарбори султон Боязиди II, амалҳои миниётурии устод Ҳайдар ва Вашҷак дар Табрез намунаҳои беҳтарин ва шоҳиди рушди илму фарҳанги мардуми Осиёи Миёна дар ин давр мебошанд.
Бо таассуф бояд қайд кард, ки давраи рушди санъати китоб ва китобдорӣ дер давом накард. Боло гирифтани ҳарактҳои динӣ, авҷи равияҳои мазҳабӣ боиси пайдо гардидани карахтӣ дар ҳаёти илмии мардум ва якрангӣ дар зиндагии онҳо гардид.
Сайнурдин Акобиров,
дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои
гуманитарии Донишкадаи давлатии
санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон