Беш аз 150 нафар донишҷӯёну омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ташаббуси худ рӯзи якшанбеи гузашта ба истиқболи фасли баҳор дар бинои асосии таълимӣ, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ ва хобгоҳи донишкада дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе, ба ҳашари умумидонишкадавии тозакорӣ, батартибдарорӣ, нарм кардани бехи ниҳолон ва сабзу хуррамгардонии ҳавлию гирду атрофи ҳарду […]
