Истиқболи гарму самимӣ аз намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф

  8 май дар толори калони маҷлисҳо ва намоишҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 75-солагии Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф намоиши асарҳои ӯ  барпо гардид. Намоишро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат кушода, меҳмононро “хайра мақдам” гуфт. Сипас, муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Манучеҳр Шарифзода, директори […]