Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
Санаи 30 майи соли 2024 дар суханронии хеш Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз рушд, мушкилот ва пешниҳоди роҳҳали ин самти афзалятноки мамлакат мулоқот намуда, тамои паҳлӯҳои илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳои камназири иҷтимоист ва индивидуалист, ки аз аввали соҳибистиқлолии кишвар ва зимоми давлату сарҷамъии миллатро ба даст гирифтанд, Тоҷикистони азизро ба давлати пешрафта ва дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёру дунявӣ шинохташуда табдил доданд, андеша менамоянд, заҳматҳои шабонарӯзӣ мекашанд, консепсияҳову қонунҳо, механизмҳои асоснок ва роҳҳои гуногуни дипломативу илмӣ-фарҳангиро зери амалкард қарор медиҳанд, то ки миллати тоҷик дар ҷаҳон ҳамчун миллати соҳибтамаддун, бо илму дониш ва дорои захираи бузурги зеҳнӣ ва инсонӣ муаррифӣ гарданд.
Аз ин хотир аз давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ рӯ овардан ба аҳли олимон, адибон, ихтирокорон, қишри зиёи ҷомеа-омӯзгорон ва самти илму маорифро ҳамчун самти афзалятноки кишвар эълон намудан, ҷудо намудани 18,7 фоиз аз ҳаҷми умумии буҷети кишвар ба самти маориф дар соли 2024, татбиқ намудани фаъолиятҳои амалӣ барои инкишофи илмҳои таббиӣ, дақиқ ва навоварӣ, аз ҷумла эълон намудани “Соли 2010-соли фарҳанги техникӣ”, аз соли 2011 сар карда устувор намудани пояҳои асосии илмӣ-техникӣ барои рушди “Ҳукумати электронӣ”, таъсиси ҷоизаи давлатӣ ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ихтирокорони соҳаи илм ва техника, роҳандозӣ намудани озмуни фаромиллии “Илм-фурӯғи маърифат” барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа, ихтирокори беҳтарин, рушди ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи илмҳои техникӣ ва таббиӣ, ва билохира эълон намудани “Бистсолаи омӯзиши илмҳои таббиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои рушди илму маориф” аз иқдомҳои маорифпарварона ва наҷибонае буданд, ки бо ибтикор ва дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат рӯи кор омаданд.
Аммо дар ин муддат проблема ва мушкилотҳое, низ ба миён омаданд, ки аҳли уламо ва қишри соҳибмаърифати ҷомеаи Тоҷикистон натавонист ба он бархурдӣ дуруст ва дурбинона намояд, аз ин ҳама иқдомҳо ва дастгириҳо ҳамчун рушди дарозмуддат сохторҳои муайяни соҳавӣ ва масъул истифода намуда, ҷавонони лаёқатманд, содиқ ва навоварро дар ин роҳ тарбияву роҳнамоӣ намоянд, имкон диҳанд, то ки дар созандагии мамлакат, рушди маънавӣ ва иқтисодии он саҳмгузор бошанд. Далели ин гуфтаҳо дар ҳаҷми 0,1 фисад саҳмгузорӣ намудани натиҷаҳои илми тоҷик дар иқтисоди миллӣ ё дохилӣ мебошад.
Ҷаҳон рӯз ба рӯз пешрафт намуда истодааст. Илм дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле бо суръати баланд инкишоф ёфта, рушд менамояд. Дар ниммаи дуюми асри XXI зеҳни сунъи зиндагии моро иҳота менамояд, ки бо имкониятҳои мусбату манфии ин фазо, яъне рушди “Ноосфера” инсоният бояд онро барои ҷомеаи маданӣ дуруст истифода бурдан тавонад. Бинобар ин бе донишҳои бунёдии илмҳои дақиқ, таббиӣ, риёзӣ ва истифодаи технологияи ҳозиразамон ва дар баробари ин риоя намудани фарҳанги дурусти ин самт бо ин ҳама таззодҳо ва пешрафтҳо бархӯрд кардан хеле мураккаб мегардад. Аҳли маориф ва илми кишварро зарур аст, ки насли наврасро дар ҳамин рӯҳия софдилонаву бомасъулятона тарбия намоем, онҳоро аз донишҳои илмҳои дунявӣ (физика, математика, биология, астрономия, кимиё) зиёдтар бохабар намуда, дар замири онҳо фарҳанги илмҳои дақиқ чун алгоритм ва қонунҳои мантиқӣ тарбият карда бошем, ҳунармандӣ ва созандагӣ инкишоф дода шавад, созандагони воқеии ватан барои фардои дурахшони Тоҷикистон тайёр карда шаванд. Чуноне, ки дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат садо доданд, то ҳанӯз ҳастанд нафароне, ки ба ном “аҳли уламо, аҳли зиё”, ғаразҳои худро ба ҳар восита мерасонанд, шаъми умеди насли созандаи ватанро мехоҳанд хомӯш намоянд, садди роҳи пешравии онҳо мегарданд ва билохира мехоҳанд дар ин фазо ҳам яккатоз ва худ бошанд. Аммо бояд фаҳмида дарк намоем, ки илм маданияти умумиҷоҳинист, онро дар як чаҳорчӯб ва аз доира берун кардан намешавад, дер ё зуд мавқеашро ишғол менамояд.
Барои он ки бо ҷомеаи хурофотӣ муборизаи дурусти маънавӣ-илмӣ барем, дар тарбияи насли наврас, насли ҷавон, насле ки паёмадҳои сахту нангин ва мураккаби ҷанги бародаркушии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то соли 1997 ба ҳамаи ҷанбаҳои онҳо таъсири амиқи худро гузошт имрӯз аллакай ба камол расида истодаанд, ҷавон ҳастанд, аз тарбияи динӣ дида ба тарбияи маънавӣ, ахлоқ ва дунявӣ бештар ниёз доранд ва барои онҳо зарур низ ҳамин тарбияи дунявии илмист.
Тамоми соҳаи маорифи мамлакатро зарур аст, ки ба насли имрӯза якум нигоҳ нек, бо дарки масъуляти баланд иҷро намудани рисолати ҳаррӯзаи хеш дар пеши онҳо, бетараф набудан дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти онҳо, дар замири онҳо дуруст ҷой намудани дониш, хониш, илм, фарҳанг, ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳалолкорӣ, чун гавҳараки чамш нигоҳ доштани сулҳу оромӣ ва чун қаҳрамон дар ҳар самте, ки набошад барои Ватан хизмати шоиста намуданро – парваронанд, “Тоҷикистони азизро ба як давлати обод, пешрафта, мутамаддин ва дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам обрӯи баландро сазовор гардидан” тарбия намоем. Ҳафтод фисади қишри аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил менамоянд ва ин қишри ҷомеа ҳам дар афкор ва ҳам дар гуфтору кирдор бояд мутаносиб, намуна барои оянда ва ояндаи дур чун гузаштагони худ бошанд.
Чи тавре, ки дар боло қайд намудем, ноосфера дар ҳоли инкишофи бемайлон аст, бинобар ин дар баробари он нигоҳ доштани фарҳанги миллии ҳунармандӣ, санъати миллии касбӣ, меъмории миллӣ ва шарқиёна аз ҷумла паҳлӯҳои гуногуни норавшани соҳаи санъати миллиро таҳқиқ намуда ба ҷаҳониён шиносонидан низ яке аз рисолатҳои марказии аҳли уламо боқӣ мемонад. Зеро “Санъат – яке аз индувидияҳои инсон ба шумор меравад, ки ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар ҷамъ таҷассум меёбад”.
Ҷаҳонбинии илмии замони муосирро дарк намуда, дар асоси он саҳм гузоштан дар саноаткунонии босураъти мамлакат, инкишоф додани иқтидори миллии мамлакат, саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди миллӣ бо натиҷаҳои амалии илмӣ, ҳар чи бештар намудани захираҳои интелектуалии давлат ва дастгирии нафароне, ки дар тафаккури техникӣ, илмҳои бунёдӣ саҳм доранд, пайвастану ҳар чи бештар инкишоф додани илми тоҷик бо илмҳои ҷаҳонӣ яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад ва тараққию такомули минбаъдаи он низ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли зиё боқӣ хоҳад монд.
Дар охир ҳаминро қайд менамоям, ки аҳли воқеии зиёии кишвар чун шаъм барои миллат ва давлат равшанкунандаи роҳи ҳақиқии ҳаёт боқӣ мемонад ва наҷоти ҷомеа низ аз торикии маънавӣ ва дар пирузии дунявӣ ба рушди маорифу илм вобастагии амиқ дорад.
А.А. Эшонқулов, мудири кафедраи
технологияи иттилоотӣ ва иқтисод