«Ҳунар бузургтарин муҳаррики зиндагӣ аст»
Фридрих Нича
Фарҳанги мардумӣ, ки дар осори ҳунарӣ ва дасткориҳои табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, хоссатан, косибону ҳунармандони халқӣ инъикос ёфтааст, таҷассумгари руҳи миллию мардумӣ дар таърихи ватанӣ ба шумор меравад. Муҳимтар аз ҳама, ҳунарҳои дастӣ, ки аз сиришти ҳунарӣ, диди хос, табъи нозук, нафосати эҷод, фаросати баланд ва ҷаззобияти касбӣ шаҳодат медиҳанд, ҷанбаи ҳуввиятӣ доранд. Аз ин ҷост, ки ҳунарҳои мардумӣ – читгарӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, тоқидӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, мисгарӣ, оҳангудозӣ ва амсоли инҳо, ки собиқаи тӯлонии таърихӣ дошта, тавассути пиру мурид, устоду шогирд аз насл ба насл (авлод ба авлод) гузашта, беосеб то замони мо омада расидаанд, аз мушаххасоти ҳувиятии мардуми тоҷик ҳисобида мешаванд.
Ҳунарҳои мардумии ҳар як миллат ҳама вақт диққатҷалбкунанда буданд, бино бар ин онҳо як воситаи хубе барои ҷалб намудани зеҳни одамон, муаррифии фарҳангу одоб ва ҳунару истеъдоди халқиятҳои ҷаҳон ба шумор мераванд. Ҳунари мардуми тоҷик ҳанӯз аз солҳои пеш диқкати ҷаҳонгардони машҳуру сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст. Онҳо дар бораи тарзи омода кардани либос, хӯрокҳои миллӣ, сохтани афзорҳои рӯзгор ва нақшу нигорҳои махсус дар он, сохтани армуғонҳо ва умуман тамоми паҳлуҳои муҳиме, ки дар ҳаёти халқ аз мавҷуд будани ҳунари дастиамон дарак медод, андешаҳои гуногунро баён кардаву китобат низ намудаанд. Ба мисли Марко Поло, Гилом Рубак, Клавихо Рюи Гонзалес, Ефемов Ф., Б. Варыгин ва дигарон.
Ҳама намудҳои ҳунарҳои мардумӣ ба санъати ороишиву амалӣ дохил мешаванд, ашёву намунаҳои санъати ороишиву амалӣ барои хизмату маишати рӯзгори мардум, мувофиқи табъи ҳар шахс офарида мешаванд, ки таҷассумкунандаи зебоиҳои пурғановат ва арзишҳои мардумии ҳар як халқу давлат ба ҳисоб мераванд. Яке аз ҳунарҳои мардумие, ки то солҳои 70-80 қарни гузашта дар кӯлобзамин мавҷуд буд ва имрӯз ин ҳунари қадима аз байн рафтааст – ин тоқии якранг ё тоқии махмалии кӯлобӣ мебошад. Мардуми минтақаҳои Данғара, Кангурт, Танобчӣ, Чилча, Балҷувон, Сарихосор, Ховалинг, Ёхсу, Мӯъминобод, Кӯлоб, Фархор, Даштиҷум, Терайзамин, Саричашма дар гузашта аз ин тоқӣ васеъ истифода мебурданд.
Тоқӣ – кулоҳи махсусест, ки барои иқлими гуногуни Осиёи Марказӣ мутобиқ буда, онро дар ҳар мавсими сол ба сар мепӯшанд. Ороиши тоқиро дар ҳар давру замон тоҷикон бо ҳар шаклу намуд: рангҳо, гулҳо, ба синну сол мувофиқ намуда истифода мебурданд. Тоқӣ чун сарпӯш рамзҳои расму оин ва маъракавию суннатӣ низ буд. Тоқиҳо чун шиносномаи маҳал, ҷои зисти шахсро низ муайян менамуданд. Ба ғайр аз либос, пӯшидани тоқӣ низ як ҷузъи либоспӯшии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Тоқии якранги кӯлобиро, ки аз номаш маълум аст, шакли мудаввар дошта, аз матоъи якранги либоси дастӣ бофташуда, сони зардакии ғафс, матоъҳои фабрикӣ (якранг), махмали (бахмал) якранги сурх, сурхча, гулобӣ, кабуд, сабз, зард, сиёҳ ва ғайраҳо медӯхтанд. Ин тоқӣ аз қисмҳои мухталиф: теппа («ситора», «тора») гирда-гардиши тоқӣ (кизак), шероза (ҷияк, зеҳ, ҳошия, канора), тупак (пӯпак) иборат аст. Ин тоқиро аз лиҳози шаклу намуд ва композитсия ба ду гуруҳ тақсим намудан мумкин аст: тоқиҳои гирдаборики тораҳамвор ва тоқиҳои баландгумбаз. Тоқиҳои баландгумбазро бо салла якҷоя мебастанд. Дар баъзе мавридҳо ин тоқиро тоқии зери салла низ меномиданд.
Байни авра ва астари тоқӣ ба воситаи сими борики оҳании аз 15-20 см дарозӣ ва дастаи гирди чӯбин иборат, қоғаз ё пахта печонида пилтадӯзӣ мекарданд. Баъди он нони қоқи дар коса таршударо чун ширеш бо пушти кора ба гирда, тора, даруну беруни он мемолиданд, ки тоқӣ сахту мустаҳкам ояд. Тораи тоқӣ ба чор қисм тақсим шуда, ҳар як қисм алоҳида-алоҳида дар шакли кунҷи тез дӯхта мешаванд ва фосилаи байни дарзҳо то як сантиметрро ташкил дода, байни онҳо пилта гузошта мешавад. Шерозаи тоқӣ аз ресмони сиёҳ тайёр карда мешавад ва мувофиқи табъи дӯзанда. гулдӯзӣ мегардад. Баландии шероза вобаста ба синну соли тоқипӯш аз 2 то 3 см мебошад. Пӯпакро баъзан аз пахта, асосан аз риштаҳои абрешимини ранга бо дарозии 2 то 4 см тайёр мекунанд.
Тоқии якранги кӯлобӣ ки имрӯз ба фаромӯшхонаи таърих гузаштааст, бо тоқии якранги бадахшонӣ, ки имрӯз хеле маълуму машҳур аст (ғайр аз тоқии мардуми Ишкошиму Вахшон) ҳамрангию ҳамбастагии хело наздик доранд), дар ояндаи наздик тадқиқотҳои илмии наверо интизоранд.
Бо мақсади ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки қисми ҷудонашавандаи фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд. Ин иқдоми саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад, зеро дар ҳунарҳо ва анъанаҳои миллӣ беҳтарин ва асилтарин арзишҳои фарҳангӣ таҷассум ёфтаанд.
Воқеан, тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, эҳё намудани қисматҳои фаромӯшгаштаи он, ба мисли тоқии якранги кӯлобӣ кори дастаҷамъона мебошад. Онро метавон кори як ниҳод донист, зеро ки фарханги мардумӣ ба мардум иртиботи бевосита дорад ва вуҷуду ҳастӣ ва идомати зиндагии миллиро аз оғоз то имрӯз дар худ анҷом бахшидааст. Ба таври куллӣ, фарҳанги мардумӣ бозтоби ҳуввияти ҳунарии халқи тоҷик аст ва ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, таҳаммулу тозакорӣ ва зебопарастиро тарбия ва таҷассум мекунад. Ҳифзи ин ҳувият рисолати таърихӣ, маданӣ, иҷтимоӣ ва инсонии мост.
Ҳокимхон Шокиров,
муаллими калони кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии ДДСТДТ