Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёд арзёбӣ гардида, он қарзи ҳар як тоҷик дар назди таърих ва наслҳои оянда дониста шудааст.
Панҷакент яке аз шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он бо ёдгории беназири таърихӣ – шаҳраки бостонии Саразм, ки ба Феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид асту соли 2020 бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон 5500-солагии он таҷлил мегардад, дар ҷаҳон шуҳратёр гаштааст.
Шаҳркадаи Саразм яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна – Зарафшон, дар баландии 910 метр аз сатҳи баҳр, дар 15 километрии шаҳри Панҷакент ва 45 километрии Самарқанд воқеъ гардидааст. Ба ақидаи барҷастатарин муҳаққиқи суғдшинос В.А. Литвинский Саразм маънои “Сари замин”-ро дорад.
Муаррихони зиёди ватаниву хоричӣ, амсоли Р. Макс, Г. Чайлд, В.В. Бартольд, В.И. Гуляев, П. Е. Шмидт, Л. Карловский, В.М. Массон, В.И. Сарианиди, Б. А. Литвинский, Е.В. Ретвеладзе, Ю.А. Затденепровский, О. Болшаков, А. Аскаров, Т. Ширинов ва дигарон дар бахши проблемаи урбанизатсия (пайдоиши шаҳрҳо ва баланд шудани мавқеи онҳо дар пешрафти ҷамъият) изҳори ақида намудаанд. Дар байни гуруҳе аз онҳо ақидае ҳукмфармост, ки гуё аввалин шаҳрҳо ба маънои томаш дар Осиёи Марказӣ дар аҳди антиқа пайдо гаштаанд. Вале тадқиқоти навини илми бостоншиносӣ бо далелу арқоми фаровон исбот намудаанд, ки заминаи пайдоиши нахустшаҳрҳо ҳанӯз аз ибтидои аҳди биринчӣ оғоз меёбад.
Барои илми бостоншиносӣ, умуман барои кулли инсоният, кашфи бошишгоҳи Саразм бозёфти беназир будааст. Нахусткашшофи Саразм Абдулло Исҳоқӣ дар нимаи дуюми солҳои 70-уми асри гузашта доир ба мавҷудияти чунин як шаҳркада мужда расонд. Бо амри тасодуф сокини куҳансоли маҳаллӣ А. Тайлонов аз мавзеи ҷойгиршавии Саразм табарзин меёбад ва пас аз шаш сол онро ба олим Исҳоқӣ медиҳад. Пас, бо ибтикори олим кофтуковҳо дар Саразм шурӯъ мегарданд.
Шаҳркадаи Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дар бар гирифта, дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо буд. Саразмиҳо бар замми шуғли кишоварзию чорводорӣ аз конҳои гирду атроф маъдан мегирифтанд ва коркарду истеҳсоли фулузотро хуб ба роҳ монда буданд. Ҳангоми ҳафриёт кӯраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва зиёда аз 150 намуд ашёҳои биринҷӣ, аз ҷумла корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, мӯҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва дигар соҳаҳо низ дар Саразми бостон инкишоф ёфта будааст. Саразмиҳо бо сокинони ҷанубу шарқии Туркманистон, шимоли Эрон – Балуҷистону Сиистон иртиботи фарҳангӣ доштаанд.
Шаҳрсозӣ дар тамоми сайёраи Замин ҳанӯз дар миёнаи дуюми ҳазораи IV ва ибтидои ҳазораи III қабл аз мелод дар Шумеру Акад ва Мисру Ҳиндустон, дар ҳазораи III-II дар Чин, ҳазораи I дар Мезоамерика ва танҳо дар ҳазораи II пеш аз милод дар Аврупои шарқӣ оғоз шудааст. Саразми Панҷакенти Тоҷикистон ҳам дар охири ҳазораи IV пеш аз милод рушд ва инкишоф ёфтааст. Бо чандин далел метавон Саразмро шаҳри қадима ва ҳатто пеш аз қадим номид. Биноҳои монументалӣ, кӯчаҳои сангфаршшуда, ба табақаҳои иҷтимоӣ ҷудошавии аҳолӣ, савдову тиҷорат, кишоварзӣ, чорводории айлоқӣ ва хонагӣ, кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, заргарӣ, бофадандагиву ресандагӣ, чармгарӣ, сангтарошӣ ва коркарди чӯб, хулоса, ҳама рукнҳои шаҳрсозӣ, ки хоси Осиё мебошанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тоҷикистон аст, ки 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.
Аслан наметавонад як қавм бе кӯмаку дастгирӣ ва мубодилаи таҷриба бо қавми дигар ба муддати тӯлонӣ пойдор бимонад. Мавқеи ҷуғрофии Саразм имкон дод, ки сокинони он аз қавму қабоили дигар дониши иловагӣ гирифта, бо дониши хеш зам кунанд. Инчунин ба пешрафти тиҷорати байни қабилаҳо, ки яке аз роҳҳои марказии он аз Саразм мегузашт, пеш аз хама нишонаҳои зерин асос шудаанд: тахассуси байниқабилавӣ, алоҳида, дар шакли мутамарказ рушд кардани кишоварзӣ аз ҳунармандӣ, рушди қувваҳои истеҳсолкунанда ва васоити истеҳсолот, пешрафти чорводории хонагӣ ва коҳиш ёфтани мавқеи шикор дар ҷомеа, азхудкунии сарватҳои табиӣ ва ғайра. Ин муҷиб ба он шуд, ки Суғдзамин ҳам тавассути Саразми бостонӣ ба Роҳи Абрешим шомил гардад. Ин барои халқи тоҷик далели мӯътамад ва фахри беинтиҳост, ки решаҳои тамаддунаш то ба куҷо меравад.
Солҳои аввали омӯзиши ин шаҳри қадимаи тоҷикон ақидае роиҷ буд, ки гӯё Саразм аз теппачаҳои начандон калон ва деҳоти аз ҳам дур мураттаб гардидааст. Вале тадқикоту омӯзишҳо собит карданд, ки ин андеша билкул ботил аст. Саразм шаҳр аст, на деҳот. Иқлими мусоид, шароити қулай, обу ҳавои хуб нахуст мардумро дар Саразм сарҷамъ кард. Инчунин барои ба роҳ мондани саноати сабуку вазнин кӯҳҳои Зарафшон ҳам созгор буданд. Бозёфтҳои Саразм – либосҳои пашмӣ, дастгоҳҳои бофандагӣ, сӯзанҳо аз сангу устухон, кӯзаву кӯзачаҳои сафолӣ, коркарди курғошиму қалъагӣ ва мис, ки аз онҳо истакону зарфҳо, мӯҳр ва олоти рӯзгор омода мешуд, бар тақвияти суханҳои мо далеланд.
Ҳамин тавр, саразмиёни бостон дар баробари барзгару ҳунарманд, тоҷиру меъмори замони хеш будан, дар рушди фарҳанги маънавӣ низ сахмгузорӣ кардаанд. Ҳануз аз охири хазорсолаи IV қабл аз мелод дар биноҳои маъмулии саразмиён парастиш ва бузургдошти оташро мебинем, ки баъдан яке аз рукнҳои оинҳои меҳрпарастӣ ва зардуштия гашт.
Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон ва омӯзишу таҳқиқи ёдгориҳои таърихӣ саҳифаҳои нав дар таърихи тамаддуни башарият боз мешаванд. Саразм, ки то нимаи дуюми қарни XX аз назари муҳаққиқони таърихи бостонии кишвар дар канор монда буд, имрӯз дар маркази таҳқиқотии бостоншиносону муаррихони ватанию хориҷӣ қарор гирифтааст.
Ёдгории таърихию фарҳангии Сарзамро омӯзиш, пажуҳиш ва ковишҳои фарогиртар интизоранд ва шубҳае нест, ки ин ганҷинаи камназири кишвари мо, ки бар соҳибтамаддуну бостонӣ будани миллатамон гувоҳ ва санади муътамад аст, бозёфтҳои нодири нав ба навро рӯнамо карда, оламиёнро мутаҳайир хоҳад сохт.
Фатоева Р. А,
омӯзгори кафедраи забонҳо ва
фанҳои гуманитарии ДДСТДТ