Ҳар як миллат бо бузургон ва қаҳрамонони ҳақиқии хеш ифтихор мекунад. Маҳз қаҳрамонон ва фарзандони фарзона миллатро бузургу оламшумул менамоянд.
Дар замонҳои гуногун шахсиятҳои зиёде будаанд, ки сарнавишти миллати худро дигаргун кардаанд. Баъд аз байн рафтани давлати бузурги Сомониён миллати тоҷик зиёда аз ҳазор сол аз идоракунии давлат ва мулкдорӣ дар канор монд. Аммо арзишҳои давлатдорӣ ва сарвариро ҳамеша дар тинати хеш нигоҳ доштааст.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввал мушкилтарин имтиҳонҳоро паси сар кард. Замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хисороти хеле зиёди ҷониву молиро ба бор овард, ки ба тафаккури мардум ва давлатдории навин таъсири манфӣ расонд. Аламовар он аст, ки дар он солҳо чашму гуши ҷаҳониён ҳамеша ҷониби Тоҷикистон буд ва дар сархати хабарҳои ҷаҳон дар бораи қатлу куштор ва террор дар кишвари тоҷикон хабарҳо пахш мегардид. Дуруст аст, ки баъзе кишварҳои дӯст хостори сулҳу субот дар Тоҷикистон буданд, вале гурӯҳҳо ва давлатҳои алоҳидаи манфиатҷӯ вуҷуд доштанд, ки баръакс мехостанд давлати навини тоҷикон аз байн равад ва миллати тоҷик пароканда гардад.
Дар ин росто бахт ба рӯи миллати куҳанбунёди тоҷик хандид ва ақли солим боло гирифта, сарваре ба саҳнаи сиёсат ворид гашт, ки тақдири ин миллату давлатро ба пуррагӣ дигаргун намуд. Рӯзи талху торики он давронро ба хушбахтиву равшанӣ табдил дод.
Дар он замон миллати тоҷик ду иқдоми бениҳоят бузургро гузошт, ки дар сарнавишти минбаъда нақши калидиро бозидааст. Якум, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун бахтнома ва ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда, роҳи интихобнамудаи давлатдориро муайян кард.
Дуввум, интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар амалигардонии конститутсия ва ормонҳои миллӣ мавқеъи устуворро соҳиб гашт.
Маҳз ба саҳнаи сиёсат ворид шудани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки давлат аз нестшавӣ ва миллат аз парокандагӣ наҷот ёбад. Аввалин паёми ӯ аз сулҳ буд ва ҳадафу мароми ӯ низ хушбативу саодати миллати тоҷик буд.
Вақте, ки имрӯз вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор мегирад, пурсида мешавад, ки чаро кишварҳои ҷангзада ҳанӯз ҳам ба сулҳи комил намерасанд? Бояд гуфт, ки сабаби асосии ба субот нарасидани ин гуна кишварҳо пеш аз ҳама, вуҷуд надоштани лидери сиёсии умумимиллӣ мебошад. Сарваре пайдо намешавад, ки аксарияти мардум идеяи ӯро ҷонибдорӣ карда, аз пасаш бираванд. Ҳануз сарваре пайдо намешавад, ки қудрати муттаҳид кардани кулли шаҳрвандонро дошта бошад.
Бинобар ин, имрӯз алакай ҷомеаҳо дарк кардаанд, ки нақши сарвари мардумӣ ва бомуваффақ дар ҳалли буҳрону моҷароҳо бениҳоят бузург аст.
Хушбахтии миллати тоҷик дар он аст, ки соҳиби чунин сарвари сиёсӣ ва дурандеш аст. Замоне, ки аз корнамоиҳо ва ҷонфидоиҳои ҷавонмардонаи Пешвои миллат ёд мекунем, ифтихори миллӣ ва ғурури миллии насли ҷавон меафзояд. Зеро бешубҳа дар давлатдорӣ ва хидмат ба мардум Пешвои миллат барои ҷавонон идеали беҳамто мебошанд. Мо ҷавонон давлатдорӣ ва ифтихор аз тоҷик буданро зи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхтаем.
Баъди хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар дили ҳар як тоҷикистонӣ умед ба ояндаи дурахшону ором пайдо гашт. Мардуми Тоҷикистон дарк намуд, ки суханони Президенти интихобкардаашон шиори холӣ набуда, ин абармард собит кард, ки ба хотири осудагӣ ва хушбахтии миллати хеш ба тамоми кор қодир аст.
Акнун дар пеши роҳбарияти олии кишваре, ки нав аз оташи ҷанг раҳо ёфтааст, вазифаҳои боз ҳам душвортар меистод. Баргардондани зиёда аз як миллион гурезаҳои тоҷик аз қаламрави Афғонистон, барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва мустаҳкам намудани ҳукумати қонунӣ, бунёди Қувваҳои мусаллаҳ ва таҳкими мақомоти қудратӣ, инчунин таҳияи барнома ва стратегияҳои давлатӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии роҳбарияти кишвар ба ҳисоб мерафт.
Таҳия ва амалӣ намудани Стратегияҳои миллӣ аз қабили аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар; ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ; таъмини амнияти озуқавории кишвар ва ниҳоят саноатикунонии босуръати кишвар бунёди асосии пешрафти Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Ҷанбаи муҳимми дигари давлатдорӣ ин мақоми шоиста ёфтан дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат ба он ноил гардид. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати асосгузори дипломатияи Тоҷикистони муосир тавонист кишвари навини тоҷиконро дар сиёсати ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, ба он ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ нуфузи бештар бахшад.
«Сиёсати дарҳои боз»- ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки натиҷаи хуби онро алакай дида истодаем. Сиёсати беғараз ва муносибатҳои дӯстӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон принсипи асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Хушбахтии бузург аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ эътироф менамоянд ва ба роҳбари давлатамон ба сифати лидери муваффақи сатҳи байналмилалӣ эҳтиром мегузоранд.
Ин аст, ки Пешвои миллат маҳбуби дилҳо гардида, аз дастгирии халқи шарифи Тоҷикистон бархурдор мебошанд. Натиҷаи интихоботи президентии имсола бори дигар аз муҳаббат ва эътимоди зиёди мардум нисбати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат дод. Албатта тамоми хизматҳо ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии ӯ абадан бо хатти заррин сабт хоҳад шуд ва на танҳо насли имрӯз, балки ояндагони мо низ бо ифтихор аз он сарфарозӣ хоҳанд кард.
Хушбахтии насли имрӯза дар он аст, ки дар як кишвари суботу ором умр ба сар бурда, умеди бузург ба ояндаи неку дурахшон дорад. Ҷавонони босаодати Ватан имрӯз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд.
Имрӯз ҷавононро зарур аст, ки бо дарки манфиатҳои миллӣ ва баҳри ҳифзи сулҳу суботи комили Тоҷикистони азизу ягона гирди Пешвои миллат сарҷамъ бошанд ва ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Ҳаитов Фирӯз Мирзомуродович,
Асистенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ