Дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши асарҳои наққошии омӯзгорон ва донишҷӯён таҳти унвони “Кундал” барпо гардид.
Намоишро ректори донишкада, номзади илҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат бо сухани ифтитоҳӣ кушода, доир ба таърихи яке аз усулҳои қадимаи санъати наққошии халқи тоҷик – кундал мухтасаран ибрози назар намуд.
Ба иттилои мавсуф, кундал як навъи баландтарин санъати ороиши амалӣ дар санъати меъморӣ ва наққошии мардуми форсу тоҷик мақоми хоса дорад. Асоси ин асари наққоширо тасвироти набототӣ ташкил дода, дар ин ҳунар ҳоло истифодаи ҳама гуна сужет – инсон. парандагон ва ҳайвонот дар шакли миниётурӣ дида мешавад. Намунаҳои ин усули санъат бори аввал дар лавҳаҳои кошикории биноҳои асри XIV дар ёдгориҳои меъмории шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Шаҳрисабз ва дигар манотиқи Осиёи Марказӣ истифода гардида, то ба имруз маҳфуз дошта шудаанд. Ин усул нахуст дар асри XV маълум гардида, дар асри XVI ба пояи баланди рушд расидааст.
Ҳунари наққошӣ ва кундал аз оғоз то даврони Шӯравӣ хоси санъати меъморӣ маҳсуб меёфт, вале дар ин давра ин ҳунарро чун асарҳои санъати тасвирӣ тавонистанд дар шакли лавҳа аввалин бор дар намуди “нигора” иҷро намуда, дар хизмати мардум қарор диҳанд.
Тазаккур бояд дод, ки роҳбарияти Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки солҳои 2019 – 2021 – ро солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудааст, эҳёи ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷикро аз вазифаҳои асосии худ мешуморад ва дар чанд соли охир бо баргузории чандин намоишҳо ҳунарҳои мардумиро тарғибу ташвиқ менамояд. Намоиши санъати наққошии “кундал” – ро метавон идомаи ин ибтикорот номид.
Дар намоиш ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода, омӯзгор – наққоши ДДСТДТ Маҳмадкарим Рақибов иштирок ва баромад карданд.
Намоиш аз 18 феврал то 15 март идома меёбад.