Парчам дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ
Ҷашни рӯзи парчам- эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон , фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост. Эмомалӣ Раҳмон
Байрақ, (ъ) алам, роят, ливо ва дирафш- ин панҷ вожа муродифоти парчам мебошанд. Ғолибан ба ҳар вожа назар афканем, дар онҳо маънои дурахшидану машҳур шудан дар назар дошта шудааст. Дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ин калимаҳо чунин тафсир шудаанд: Калимаи (ъ)алам арабӣ буда, маънои донистан, маъруфу машҳур шуданро дорад. Дар заминаи ин истилоҳ дар забон мафҳуми аламбар ба маънои парчамдор, парчамбар, байрақбардор ва аламдор ба маънои байрақдор шарҳ дода шудаанд ва дар адабиёти классикии мо ба ин маъниҳо бисёр истифода низ гардидаанд.
Масалан Бадриддин Ҳилолӣ фармудааст,ки :
Чун шамшери шуҷоатро алам кард,
Ба як теғ устухонашро қалам кард.
Умуман дар асоси калимаи алам шаш вожа хеле машҳур аст, ба мисли алам бардоштан ба маънои пайдо шудан, алам баркашидан ба маънои парчам бардоштан, алам баровардан ба маънои пайдо шудан, алам берун задан низ ба маънои боло истифода шудааст,алам гардидан ва алам шудан ба маънои машҳур шудан.
Вожаи роят ё раъят аз руъятун–дидани арабӣ реша дорад. Мисол:
Чун дар лашкаргоҳ аз ҳар ҷонибе нангарӣ, аз ҳама ашёи баланд ва назаррасу ба чашм диданӣ ҳамин рояти қалби лашкар аст. Лоҳутӣ низ дар достони “Зинда аст Ленин” калимаи роятро ба маънои парчам истифода намудааст:
Шаҳри таърихии Маскав шуда мотамкадае,
Ҳама ҷо сурху сиёҳ.
Ҳама дар кисвати мотам,
ҳама дар ҳоли азо,
Рояту хайлу сипоҳ.
Вожаи арабии ливоъун ба маънии тофтану печонидан рафта–рафта чун ашёи ҳарбӣ-давлатӣ маънии парчаму дирафшро гирифтааст.
Шакли ялав – байрақ низ аз ҳамин ливо реша дорад.
Чуноне ки мебинем, аз ин шаш вожа сетоаш арабӣ, яктоаш туркӣ буда, танҳо парчам ва дирафш аслии тоҷикианд. Дар ин силсилаи муродифот то замони истиқлолият вожаи туркии байрақ аз ҷиҳати серистифода будан чун сарсилсила маҳсуб мешуд. Хусусан, баъди Инқилоби Октябр истифодаи калимаи байрақ афзалият дошт. Мафҳумҳои Байрақи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, Байрақи Ленин ва монанди инҳо хеле серистеъмол буданд. Маҳз бо ҳамин сабаб, устод Мирзо Турсунзода маҷмӯаи аввалини худро “Байроқи зафар” (1932) номгузорӣ намуд, Абулқосим Лоҳутӣ бошад бо номи “Тоҷ ва байрақ” достон навишт.
Аз маъноҳои ифодакунандаи рамзи давлатӣ дирафш вожаи форсӣ- тоҷикӣ буда, парчам ба забонҳои халқҳои Осиёи Марказӣ иртибот дорад.
Вожаи дирафш дар забони авестоӣ драфша, паҳлавӣ драфш ба маънои парчам ба кор рафтааст.
Истилоҳи дирафш аз мафҳуми дурухш ё дурахшанда, яъне дурахшидан, тобандагӣ сарчашма гирифтааст.
Пайдоиши парчам барои мардуми куҳанбунёди мо ба қаъри таърих рафта мерасад. Тадқиқотгарони илми парчамшиносӣ (вексюкологҳо), махсусан русҳо ва аврупоиён пайдоиши парчами аз матоъ омодашударо ба сарлашкари юнониён Фемистокл вобаста кардаанд, ки ин ба солҳои 480-и пеш аз милод рост меояд. Мутаассифона, ин олимон гуфтаҳои китоби муқаддаси зардуштиён “Авасто”- ро ба эътибор нагирифтаанд, ки омадааст: “Фурӯҳарҳои Соми Гаршосбро меситоям,ки барои душманон бозувони қавӣ дорад ва бо санги фароху бо дирафшҳои паҳн, бо дирфшҳои кушудаву сарфароз барои муқовимат кардан дар баробари роҳзанони вайронкунанда ва ҳавлнок мебошад.”
Дар “Таърихи Табарӣ” омадааст, ки : “Дирафши коваёнӣ аз пӯсти шер буд ва подшоҳон онро ба зевар биёростанд ва зару симу гавҳар ба он пӯшониданд. Онро ахтари коваёнӣ низ меномиданд.”
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ замони пайдоши Дирафши ковиёниро бо назардошти нахустин шоҳаншоҳии эронитаборон ба замони пешдодиёну каёниён (яъне тақрибан 6600 сол пеш) нисбат додааст. Дар “Шоҳнома” дарҷ гардидааст, ки : Аз 18 писар 17 писари Кова қурбони морони Заҳҳок мегардад ва Кова барои додохоҳи ба нази Заҳҳок меравад. Заҳҳок шарт мегузорад, ки Кова ҳамчун шахси соҳибиззати кишвар, ба маҳзаре, ки дар аз адолатнокии Заҳҳок сухан мерафт, имзо гузорад, он гоҳ фарзандашро озод мекунад. Кова он маҳзари пур аз дурӯғро медаронад ва ба назди халқ мебарояд. Фирдавсии бузург ин лаҳзаро чунин тасвир кардааст :
… Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд.
Аз он чарм, ки оҳангарон пушти пой,
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.
Ҳамон Кова он ба сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард….
Яъне мардум дар атрофи вай ҷамъ меоянд ва онҳо ба пирӯзӣ ноил мегарданд. Баъди пирӯзӣ Кова ба назди Фаридун меравад ва шоҳ Фаридун чарми ба найза барбастаро мебинад, онро ба гавҳари дурахшон ва дебои Рум меорояд:
Биёрост онро ба дебои Рум,
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.
Бо мурури замон шукуҳу шаҳомати Дирафши ковиёнӣ афзун гардида, дар заминаи он парчам ба рамзи пирӯзӣ ва давлатдорӣ мубаддал гардид. Вобаста ба эътиқоду эътимод шоҳони пас омада Дирафши ковиёниро он қадар биёростанд,ки ба қавли Фирдавсӣ вай чун хуршед медурахшид:
Аз ин пас ҳар он кас, ки бигирифт гоҳ,
Ба шоҳӣ бар сар барниҳоди кулоҳ.
Бар он бебаҳо чарми оҳангарон,
Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.
Зи дебои пурмояву парниён,
Бар он гуна гашт ахтари ковиён.
Ки андар шаби тира хуршед буд,
Ҷаҳонро дил аз ӯ пурумед буд.
Инчунин тибқи асотирҳо аввалин парчами сипоҳи ориён – порсҳо ва суғдиёну бохтариён, мутааллиқ ба асрҳои II-I то милод дар фаршнигораҳои шаҳри Помпеи Рум кашида шудааст. Дар он саҳнаи муҳорибаи давлати Ҳахоманишиён бо сарварии Дорои III бо лашкари Искандар дар соли 330 то милод акс ёфтааст.
Дар асари машҳури қаҳрамониву паҳлавонӣ ва асотирии “Шоҳнома”-и безавол вожаи дирафш ва васфи он бештар аз 700 маротиба зикр ёфтааст. Баъзе аз намунаҳоро ба шунавандагони азиз пешкаш мекунам:
Чу Бобак сипаҳро ҳама бингарид,
Дирафшу сари тоҷи касро надид.
Ҳама лашкар аз ҷой бархостанд
Дирафши Фаридун биёростанд.
Биёвар силоҳу дирафши маро,
Ҳамон тахту заррина кафши маро.
Дирафши вай аст, ин ки дорӣ ба даст,
Ки пирӯз бодию хусравпараст.
Дирафши ҷафопеша Афросиёб,
Ҳаметобад аз гард чун офтоб.
Умуман дар “Шоҳнома” чанд лаҳзаи парчамдориро, ки имрӯз давлатдорони ҷаҳон риоя мекунанд, Ҳаким Фирдавсӣ хеле ҷолиб тасвир намудааст.
Ҳанӯз дар даври бостон аз даст додани дирафши миллӣ бешарафӣ шумурда мешуд. Ин маъниро Фирдавсии бузург дар симои гурди озодмард бо номи Гиромӣ хеле аҷоиб тасвир намудааст. Гиромӣ мебинад, ки парчамдор кушта шуд ва “дирафши ҳумоюн пур аз хоку хун” нагун аст, худро дар як он ба он корзор расонида дирифшро ба як даст ва дасти дигар шамшерро гирифта ба душман ҳамла мекунад.
Ба як даст шамшеру дигар дирафш,
Бигирад бар он ҷо дирафши бунафш.
Душман ҳангоми ҷанг дасти Гиромиро бо шамшер мебурад. Аммо Гиромӣ дирафшро бо дандон дошта ҷангашро идома медиҳад ва намегузорад, ки парчам ба замин афтад.
Гиромӣ ба дандон гирад дирафш,
Бидорад ба дандон дирафши бунашф.
Душман аз ин рафтори Гиромӣ ба ғазаб омада ӯро бо тир мезанад паҳлавони дигар Настӯҳ пури Зарир ин ҳолатро мушоҳида карда, аспашро ба болои душманон меронад ва 60 тани онҳоро ба замин афканда дирафшро аз замин бармедорад. (Агар Шумо аҳамият дода бошед синамогарони дунё ин маъниро дар филмҳои зиёде, махсусан, ҳангоми тасвири солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) хеле зиёд тасвир намудаанд).
Ҳолати дигар ин аст, ки сарлашкарони гузаштаи аҷдодони мо ҳар кадоме дирафшҳои худро дошт, ки барои тафовут дар рӯяшон расмҳои алоҳида кашида шуда буд. Дар Аврупо хеле дертар ин намуди парчамро “штандарт” номгузорӣ намуданд.
Хушбахтона, намоди дирафши ковиёниро мо имрӯз дар дирафш ва ё штандарти Президенти Тоҷикистон мебинем. Ин штандарт ба қавли олимон куҳнатарин парчами ҷаҳонӣ мебошад. Дар ҳамин ҷо лоиқ ба таъкид аст, ки гузаштагони хеле дури тоҷикон нахустин буданд, ки барои парчами давлатдории худ се рангро интихоб намуда буданд. Фирдасии бузург мефармояд,ки :
Фурӯ гашт з- ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш “Коваёни дирафш”.
Имрӯз парчами дорои се ранг дар тамоми ҷаҳон машҳур аст . Масалан, парчами Россия дорои рангҳои сафеду обию сурх, Фронса рангҳои сурху сафеду обӣ, Италия рангҳои сабзу сафеду сурх, Австрия ва Канада- сурху сафеду сурх ва м. ин мебошанд.
Расми дигаре, ки дар замони гузашта ривоҷ дошта аз тарафи шоҳони бузург риоя мешудааст – ба мерос гузоштани дирафши шоҳону сипаҳсолорон мебошад. Шоҳ дирафши меросиро бӯсида ва баъд ба нафари шоиста месупоридааст. Дар “Шоҳнома” чунин як саҳна тасвир шудааст, ки Ҳурмуз дирафши аждаҳопайкари Рустамро пеш аз супоридан ба Баҳроми Чӯбина бо як шукӯҳ мебӯсад :
Биёвард пас шаҳриёрӣ дирафш,
Куҷо пайкари аждаҳо буд бунафш.
Чу бибсуд, хандон ба Баҳром бидод,
Фаровон бар ӯ офарин кард ёд.
Аз наворҳои телевизионӣ ҳангоми Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мову Шумо низ шоҳиди он будем, ки дар лаҳзаҳои арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ Сарвари навинтихобгардидаи давлат онро ҳамчун давомдиҳандагони мероси ҳазорсолаи тоҷикон дар назди омма бо рағми садоқату вафодорӣ бӯсида буд. Дар ҳақиқат ба асари истилои араб қадри ин дирафш ба замин афтода буд ва чӣ тавре, ки Балъамӣ навишта буд: “Чун тозиён хазинаи мулки Аҷам ғорат карданд, он дирафш пеши сарвари онҳо бимонд. Пас фармуд он гавҳарҳо бикшоянд ва он пӯст бисӯхтанд.”
Умуман таърихи парчамдори баёнгари он аст, ки гузаштагони сарбаланди тоҷикон Дирафши коваёнии худро чӣ дар дохил ва чӣ дар беруни кишвар нигаҳбонӣ карданд ва хушбахтона, таърих гувоҳи бисёре аз онҳо мебошад. Акнун ки туфайли меҳнатҳои фарзандони фарзонаи миллат давлати тоҷикон барқарор гашт ва Дирафши коваёнӣ дубора барафрошта аст, ҳар як кадоми мо барои то абад партавфишон будани он ҷони худро дареғ надорем. Баъди ба даст овардани истиқлолият ва қабул намудани Парчаму Нишон вожаи зебои аслии тоҷикии Парчам серистифода шуд ва ҷои калимаи байрақро соҳиб гашт.
Лоиқ ба таъкиди махсус аст, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик марҳилаи нав ва фароҳамоварандаи асосҳои устувори шинохту дарёфти асосҳои фарҳанги миллӣ мебошад. Истиқлолият шароит фароҳам сохт, ки дар заминаи таърих ва асолати миллии халқи тоҷик муқадасоти давлати соҳибистиқлол таҳия ва корбаст карда шаванд.
Мехоҳам суханони худро бо гуфтаҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешавои миллат, Президенти кишвар , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст намоям, ки фармудааст: “ Аз рӯзе, ки миллати соҳибаърифати мо соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маданияти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд”.
Калидвожаҳо: Байрақ, (ъ) алам, роят, ливо , дирафш, парчам, маданият,
“Шоҳнома”, Дирафши ковиёнӣ, рамз, ранг, эҳтиром.
Адабиёт :
- “Шоҳнома” ҷ. 2,3 ш. Душанбе, “Адиб”, 2012
- “Парчам” , ш. Душанбе, “Эр-граф”, 2015
- “Пайванд” № 1,ш.Душанбе “Графика -принт”,2018
- “Таърихи Табарӣ”, ш. Теҳрон, 1330 ( 2001 )