Баромади ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон – Ҷамшед Ғанизода, дар “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Парчами давлатӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст.
Ассалому алейкум, ҳозирини гиромӣ! Шуморо ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, бароятон саломатӣ хоҳонам.
Дар аввал ҳаминро қайд карданиам, ки дар фарҳанги тоҷикӣ Парчам ба маъноҳои байрақ, дирафш ва ливо омадааст. Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи қудрату тавоноӣ ва нурҳои ақлонии фарҳангии ҳамон кишвар аст. Парчами давлатӣ нахустин нишонаи муқаддасоти ҳар миллат, рамзи ҳувият, давлатдорӣ, ягонагии халқҳои як сарзамин аст. Парчами давлатӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад.
Бозёфтҳои бостоншиносию навиштаҷот, ки то замони мо боқи мондаанд, аз он гувоҳи медиҳанд, ки Парчам ҳанӯз аз замонҳои қадим рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дошта, аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби Дирафш буданд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард. Аввалин Парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории Ориёи қабул шудааст. Диравши Ковиён тозамони сукути давлати Сосониён Дирафши миллии тоҷикон буд. Дар давраи Сосониён шаклаш тағйир ёфта, дар қисми болои он таҷассуми парандаи зарин – мурғи ҳумо ва дар бахши мураббаи он қиматтарин сангҳо ҷой дода шуданд.
Чуноне, ки дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо Дирафши хоси худро доштааст. Аз ин бар меояд, ки Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддасӣ ҳар миллатту давлат буда, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо намудаанд.
Таърихи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории ин миллати соҳибтамаддун аст. Парчам дар тўли таърихи миллати тоҷик нақши муҳим дошт. Аз ин хотир, моҳи ноябри соли 1992 дар иқлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати тоҷикон таҳрези гардида, ба сӯи ҳадафҳои миллӣ, сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуд, баробари андешидани татбирҳои зарури доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи кишвар инчунин, рамзи нахустин давлати соҳиб истиқлоламон – Парчам қабул карда шуд.
Тибқи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, № 499 “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рўи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷа ҷой дошта шудаанд, ки паҳлӯи амудиашон 0,8 паҳлӯи уфуқиашон 1,0 паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой гирифтаанд. Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и паҳнои рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 – рахи сафед васл гардидаанд”.
Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон буда, дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, утоқҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷудаст. Исботи ин гуфтаҳо моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он оварда шудааст: “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст”.
Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст. Парчам аз зумраи рамзҳое мебошад, ки симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, бофарҳанг ва соҳиби тамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Бинобар гиромӣ будани Парчам барои миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20 ноябри соли 2009 – РӮЗИ 24 НОЯБР-ро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.
Инчунин ба хотири мақому манзаллати Парчам дар рукни давлатдории тоҷикон Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдорӣ ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва ширкати байналмилали «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбии нишон доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 м, ки яке аз баландтарин дар ҷахон аст, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30 м ва паҳноии он 60 м мебошад.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари тоҷикон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед-сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамадуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Аз он рӯзе, ки миллати соҳиб маърифатамон соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакат бисёр дигаргуниҳо ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам овард. Равобиту ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипламатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷи густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бо нуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар биноҳои созмонҳои баландпояи ҷаҳони парафшон аст, ки мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.
Дар фарҷоми сухан ҳаминро гуфтаниам, ки Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиклолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳо ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.