Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба шарафи 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар аввал ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат бо сухани муқадимавӣ баромад карда, омӯзгорону донишҷӯён ва дар шахси онҳо тамоми мардуми ҷумҳуриро ба ин ҷашни бузургу муқаддас, ки ба 9-сентябр рост меояд, самимона табрик гуфт ва афзуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мо яке аз муқаддастарин ҷашнҳои миллӣ ба шумор рафта, рамзи озодии миллати тоҷик ва кишвари азизамон мебошад. Истиқлолият нишони озодӣ, ифтихор, номус, рамзи саодат ва бақои миллати тоҷик буда, Тоҷикистони азизи мо маҳз бо шарофати он ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама хусусиятҳои давлатдорӣ арзи ҳастӣ намуд.
Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30 соли Истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими худшиносӣ, худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстию ватандорӣ дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст. Имрӯз мардуми сарбаланди мо сиёсати оқилонаю хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати рушди босуръати иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ободии кишвари азизамон хуш пазируфта, дар фазои сулҳу оромӣ ва Ваҳдати комил барои баланд бардоштани иқтисодиёти кишварамон бо азму ғайрати бепоён меҳнат карда истодаанд.
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон низ зодаи даврони Истиқололият аст ва 30 марти соли 2013 таъсис ёфта, муддати ҳашт сол боз фаъолият менамояд. Ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати бунёдкорӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмири капиталию азнавсозӣ ва таъмини таљњизоти зарурии бинои донишкада дар се давра дар маҷмӯъ маблағи 3 млн. сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин замина дар донишкада силсилаи корҳои ободонӣ, таҷдиду сохтмонӣ анҷом дода шуда, дар он барои омӯзиши илму ҳунар тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё гардонида шуд.
Ин дастгириҳои Ҳукумати кишвар устодони донишкадаро вазифадор мекунад, ки насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоянд.
Имрӯз мо шукронаи онро мекунем, ки дар мамлакатамон марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ муваффақ ҷараён дошта, иқтисодёт ва вобаста ба он илму фарҳанг рушд меёбад.
Сипас, мудири кафедраи “Технологияи иттилоотӣ ва иқтисод” Алишер Эшонқулов дар мавзуи “Истиқлолияти миллӣ ва дастовардҳо дар соҳаи маориф” ва донишҷӯи донишкада Насрия Шоназриева дар мавзуи “Истиқлолият ва таҳкими ваҳдати миллӣ” маърӯза карданд.
Дар охир дастаҳои ҳаваскорони санъати ДДСТДТ ва коллеҷи ҷумҳуриявии мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов ба таври муштарак ба иштирокчиёни ҷамъомад консерт доданд.