Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба маъракаи дипломсупорӣ ба 50 нафар, аз ҷумла 7 нафар хатмкардагоне, ки таҳсилро бо дониши аълою интизоми намунавӣ ба анҷом расонидаанд, ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ, профессор  Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат оғоз намуда, ҳамаи хатмкунандагонро ба муносибати ин рӯзи фаромӯшнашаванда сидқан табрику таҳният гуфта , дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ таманно намуд. Гуфта шуд, ки дар соли таҳсили 2021-2022 донишкадаро 313 нафар хатм намуда, соҳиби диплом гардидаанд, ки миёни онҳо 7 нафар сазовори дипломи аълоянд.

Дар тақвияти суханони ректор магистранти курси 2, ихтисоси ороиши дохили бино Абдала Халафала София эл Амин, хатмкунанда, ихтисоси ороиши дохили бино Комила Авизова, донишҷӯи курси 5, факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, ихтисоси санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ  Манижаи Иззатулло баромад карда, ба устодон барои заҳматҳои зиёди кашидаашон  дар ҳунаромӯзӣ ва тарбияи эстетикию маънавии онҳо изҳори ташаккур намуданд. Дар ҷавоб декани факултети дизайн Мизроб Холов аз номи тамоми омӯзгорони факултет хатмкунандагонро табрику муборакбод гуфт. Волидони хатмкунандагон Нуралӣ Турахонов, Шарофиддин Ҳасенов, Ашӯралӣ Ҳамрохонов дар навбати худ ба устодон ва ректори донишкада барои таълиму тарбияи фарзандонашон изҳори сипос намуданд.

Пеш аз ҳама он чи дар маърака ҷолиби диққат менамуд, ки дар толор корҳои амалии хатмкунандагон – расмҳои боистеъдодона кашидаи онҳо ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.

Сипас, бо қироати фармоишот аз ҷониби мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Орзуҷон Сайдалиев маъракаи дипломсупорӣ шуруъ ёфта, ректори донишкада ба ҳама хатмкунандагон диплом супурд.

Дар охир санъаткорони ҷавони Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов базм ороста, бо суруду рақсҳои дилнишин хотири иштирокдорони маъракаи тантанавиро болида гардониданд.