Имрӯз дар Шӯрои илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳокимаи рисолаи номзадии Ёғибекова Бека Турдибековна, мудири кафедраи санъатшиносии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, дар мавзӯи «Либосҳои миллии тоҷикони ВМКБ дар таърихнигории дохилӣ ва хориҷӣ (охири асри XIX – аввали асри XXI)» аз рӯи ихтисоси «Таърихшиносӣ, сарчашмашиносӣ ва усулҳои тадқиқоти таърихӣ (илмҳои таърих)» барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои таърих таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳимов Муродалӣ Файзалиевич баргузор гардид.