Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ,  бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 31 майи соли 2021 омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки моддию маънавӣ ба назди кӯдакони хонаи кӯдакони №1 синни томактабии шаҳри Душанбе рафтанд.

Дар хонаи кӯдакони зикршуда аз тарафи омӯзгорону донишҷӯён маҳфили фарҳангию фароғатӣ манзур гашт.

Дар охири чорабинӣ аз тарафи Раёсати донишкада ба кӯдакони хонаи бачагон шириниҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд. Тӯли ҳашт сол аст, ки ин анъанаи хайрхоҳона аз ҷониби Раёсати донишкада идома дорад. Лозим ба тазаккур аст, ки донишкада иқдоми мазкурро минбаъд низ идома хоҳад дод.

31 мая 2021 преподаватели и студенты Государственного института изобразительного искусства и дизайна со своей праздничной программой, посвященной международному дню защиты детей, посетили Детский дом № 1 города Душанбе для детей дошкольного возраста.

В истории института —   это благотворительное дело стало традицией. В течении 8 лет со дня формирования ГИИИДТ с 2013 года, ежегодно представители института навещают воспитанников данного учреждения.

Конечно, заниматься благотворительностью долг каждого человека. Очень отрадно, что в институте обучаются такие студенты, которые несмотря не свои юные годы уже занимаются таким благородным делом и вносят свой вклад в улучшение жизни сирот. Студенты вместе с детьми рисуют, танцуют и поют.