Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даври якуми олимпиадаи дохилидонишкадавӣ аз фанни забони англисӣ бо роҳбарии муаллими калони кафедраи забон ва фанҳои гуманитарӣ Ҳалимов А. ва муаллимони дарсдиҳанда Ҳамидова Д., Турдиева М. баргузор гардид.

Дар олимпиада 14 нафар донишҷӯён аз факултетҳои санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок варзиданд. Ғолибон А. Амирбекова, А. Тутишоева, О. Қурбонмамадова, М. Сиёдатшоев, Х. Алимардонова, О. Раҳматуллоева ва С. Ҳошимзода ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.