Иштирок дар озмунҳо

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зери унвони «Дониш талабу бузургӣ омӯз» бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, миёни онҳо донишҷўйи курси якуми факултети дизайн Насимбоев Ромиш Зафарович  ғолиб баромада, сазовори ҷойи сеюм ва диплом гардид.

Инчунин дар озмуни ноҳиявии  «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки 5 нафар донишҷўёни донишкада иштироки фаъолона доштанд, донишҷӯйи курси дуюми факултети дизайн Мунисаи Нуриддин ғолиб баромада, сазовори ҷойи сеюм, диплом ва роҳхат ба озмуни шаҳрӣ гардид.

Ғолибонро самимона табрик мегӯем.