Азизтарин, муқаддастарин, волотарин макон Ватан аст. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қатра оби Ватан он қадар дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахт бошад. Меҳри Ватан беканор аст, мисли меҳри модар, ки онро касе аз дили мо берун карда наметавонад. Касе, ки Ватани худро дӯст намедорад, ӯро нангу номус, саодати абадӣ нест.
Хушбахт касест, ки дар Ватани азизаш ба камол мерасад, касбу ҳунар меомӯзад, пайи ободии он хизмат мекунад ва аз он ифтихор мекунад, зеро Ватан ҷоест, ки хуни нофамон рехтаасту қадамҳои кӯчаки мо устувор гардидааст.
Ганҷи дунёро накардам орзу,
Зиндагиям бо ту умре хуррам аст.
Як кафи хокат зи тилло беҳтар аст,
Ҷони худро бар ту бахшидан кам аст,
Эй Ватан, умеду армонам, Ватан!
Мавзӯи Ватан дар ашъори шоирон ва нависандагон мавқеи хоса дорад. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар асари безаволи худ «Шоҳнома», ки саршори ғояи ватандӯстиву ватанпарастист, ҳифзи онро аз баҳои ҷон боло гузоштааст. Дар ашъори Ҳабиб Юсуфӣ Ватан хонаи умед, бахшандаи бахту саодат ва модари меҳрубон омадааст ва шоир қайд мекунад, ки ҳар гоҳ ба даст қалам гирифта, шеър эҷод карданӣ шавад, пеш аз ҳама забонаш «Ватан» мегӯяд. Ватан сарчашмаи илҳоми шоир аст.
Ватанро бинозам маро дар канор,
Чу модар гирифту намуд бахтиёр.
Инсони беватан монанди моҳии берун аз дарё ва мурғи дур аз чаман афтода аст, дар ёди Ватан месӯзад. Зеро ҳеҷ ҷои олам мисли Ватан азиз нест. Ватан хонаи умеди ҳар як инсон аст.
Бо ҳукми тақдир солҳои 90–уми асри ХХ дар сарзамини тоҷикон, ки Истиқлолият нав насибаш гашта буд, фалокати азим ба миён омад. Ҷанги хонумонсӯз, ҷанги бародаркуш ба сари мардум бадбахтӣ овард, як қисмашонро хонавайрон, сарсону саргардон, беманзилу макон, дур аз Ватан кард.
Аз шунидаҳоям зану мард, пиру ҷавон – онҳое, ки дур аз Ватан афтода буданд, як орзу доштанд: «Тинҷию осудагӣ дар мамлакат, сулҳу ваҳдати абадӣ ва бозгашт ба Ватан».
Хушбахтона, ба ҳамаи ин фоҷиаҳо, бесарусомониҳо, хонавайронкуниҳо оғоз аз моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсоз ва таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати сардори хирадманд, миллатдӯст, ватанпарвар, Президенти кунунии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотима бахшида шуд.
Солҳо гузаштанд, мардуми гуреза ба Ватан баргаштанд, омаданду як каф хокашро бӯсида, ба чашмонашон молида:
«Мо, ки ба ғурбат афтодем, танҳо як ормон доштем: бозгашт ба Ватани азиз, бори дигар аз ҳавои софи диёр нафас гирифтан, хокашро ба дидаҳо молидан», – бо ҳасрат сухан мегуфтанд.
Ватандӯсти ҳақиқӣ он аст, ки аз гузаштаи худ ифтихор намояд, баҳри ободии кишвари азизаш саъю талош варзад.
Барои он ки мо худшиносу худогоҳ, ватандӯсти ҳақиқӣ бошем, бояд таъриху тамаддуни гузаштаву имрӯзаи худро донем, зеро таърих моро аз худшиносии маҳаллӣ ба худшиносии миллӣ бурда мерасонад. Таърих пайвандгари наслҳои гузаштаву ҳозираву оянда аст!
Ватан, боиси ифтихорам, туӣ,
Ватан, мазраи эътиборам, туӣ!
Ватан, тору пуди вуҷудам, туӣ,
Ватан, қиблагоҳи суҷудам, туӣ!
Рухсорамо Фатоева,
омӯзгори кафедраи забонҳо ва
фанҳои гуманитарии ДДСТДТ.