Толори серодами Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон. Дар пешгоҳи толор шамъ афрӯхтаанд. Шамъ ба поси хотири устодони зиндаёди санъати рассомии тоҷик, ба поси хотири онҳое, ки дар ин даргоҳ солҳо кор карданд ва хотираашон дар тафаккури ҳамкорон зиндаанд. Дар экран лентаи филме бо симои онҳо аз пеши назар мегузарад… Маҷид Хушмуҳаммадов, Мирзораҳмат Олимов, Зуҳур Ҳабибуллоев, Валимад Одинаев, Ян Мамадқулов, Зиёратшо Довудов. Ва хоса Фаррух Хоҷаев, Каримҷон Наҷмиддинов, Исуф Сангов ва дигарон, ки то рӯзҳои охири умр дар донишкада ба ҳайси устод фаъолият доштанд.

Бо ибтикори кафедраи санъатшиносии факултети санъати тасвирии донишкада дар ин ҷо бо иштироки васеи омӯзгорон ва алоқамандони санъати тасвирии ҷумҳурӣ ба хотири ёдоварӣ аз устодони барҷастаи зиндаёди санъати рассомӣ маҳфили ёдбуди “Шамъи хотира” баргузор гардид.

Ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат бо ифтитоҳи маросими  ёдбуд, ибтикори кафедраи санъатшиносӣ (мудираш Сайфуллоева Шаҳноз Изатуллоевна) доир ба баргузор намудани чунин як маҳфили ёдбудро қобили таҳсин донист ва хостори идомаи минбаъдаи ин гуна маросимҳо шуд. Сипас, донишҷӯёни факултет дар бораи фаъолияти эҷодии бисёре аз устодони зикршуда бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

Дар анҷом мудири шубаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аслиддин Низомов ва корманди илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зелола Боймуродова дар баромади худ баргузор намудани чунин маросимро дар тарбияи рассомони оянда ва олимони ҷавони соҳаи санъатшиносӣ ибратомӯз дониста, ба дастандаркорони  маърака  изҳори сипос намуданд.