Имрӯз, 1-уми октябри соли 2024, дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ташаббуси факултети санъати тасвирӣ тибқи нақша чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи омӯзгор” ва “Рӯзи забон” чорабинии илмӣ –фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини декан оид ба тарбия ва корҳои эҷодӣ Сафарова З.А. ифтитоҳ намуд.
Донишҷӯёни факултет доир ба масъала ба маърӯзаҳо баромад намуда, дар қисми фарҳангӣ бо забонҳои тоҷикӣ, руссӣ ва узбекӣ шеъру суруд хонданд.
Чорабинӣ фарогири пурраи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон буд.