Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, номзади илмҳои меъморӣ, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти кӯмак намудан ба оилаҳои эҳтиёҷманд дар арафаи Иди Рамазон аз ҳисоби маошаш як миқдор маблағ ба як гурӯҳ донишҷӯён аз оилаҳои камбизоати донишкада кӯмаки хайриявии пулӣ эҳсон намуд.

Бо хайру эҳсон шод намудани ашхоси камбизоат дар арафаи иду айём аз фазилатҳои беҳтарини инсонист, ки Худованд ба нафарони оқилу доно ва дорои шоистатарин фазилатҳои инсонӣ насиб гардонидааст.