Ҷаласаи  навбатии Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо лаҳзае пос доштани  хотираи аъзои Шӯро, дотсенти кафедраи дизайн ва меъморӣ  Каримҷон Наҷмиддинов, ки 28 сентябр аз дунё гузашт,  оғоз ёфта, дар он масъалаҳои «Ҷамъбасти кори комиссияи қабули донишкада барои соли таҳсили 2021-2022”, “Ҷамъбасти фаъолияти таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар соли таҳсили 2020-2021”, “Ахборот дар бораи рафти тайёрӣ ба таҷлили ҷашни 10-солагии таъсиси донишкада” ва “Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти донишкада дар соли таҳсили 2020-2021, ҳолати омодагӣ ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2021-2022” мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷаласа дар охир аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.