“ Имрӯзҳо дар гушаи гуногуни сайёра милионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъ гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷмъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меоварад”
Змомалӣ Раҳмон.
Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир , ки хатари минтақавию байналмиллалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм (тундгароӣ) ,ифротгароӣ ва даҳшаиафканӣ(терроризм) ба ҳисоб меравад ва ба амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоули паҳншавиро дорад.Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзиши динии бебунёд суръат мегирад.
Хусусиятҳои радиализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб шомилшуда ба роҳи ҷалби инҳонӣ ва тадриҷан таъғир додани тафаккуру эътиқоди онҳо ,зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегардад. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, дари навбати аввал бо ҷавононе кор мекунанд ,ки таҷрибаи кории рӯзғор надоранд.Донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда,дар зиндагӣ ва мушкилоте чун қашшоқӣ,бекорӣ,муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд.Бо назардошти он ,ки таъғироти афкору рафтори афроди ҷалбшуда,тадриҷан ноаён сурат мегирад ва дар зери ниқоби асосҳои диние, ки атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вакт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд.Дар натиҷа фурсатеро ,ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд.Аз ҳамин сабаб ,намояндагони мақоми давлатӣ ,сохтори динӣ,маориф дар мавриди тадбирҳои пешгирӣ дер мекунанд,ки он боиси вусъат пайдо намудани радикализм ,ифротгароӣ ва даҳшатафканӣдар байни ҷавонон мешавад.
Ба мақсади тавзеҳи бештари масъалла сараввал мафҳумҳои асосиро шарҳ диҳем:
Тундгароӣ(радикализм)-дастгирӣ ва пайравӣ ва ақидаҳои бемуроссо ва таҳаммулнопазир . Тундгароиро метавон бо ,динӣ,сиёсӣ,гендерӣ,ҳарбӣ,фарҳангӣ ва ғайра ҷудо намуд.Раванди тундгароии ҷомеъа –афзоиши шумораи тарафдори ақидаҳои яктрафае,ки нуқтаи назари дигарро таҳаммул надоранд,ягон намуди муроссоро эътироф намекунанд ва ба муколамаи самаранок моил нестанд.
Ифротгароӣ (экстремизм)-зоҳир гардидан ё амалиёти ифродгароёнаи ҷомеа,ки бештар мустақиман ба сохти сиёсии ҷомеа ,гурӯҳ ё фардҳои алоҳида хатар ба вуҷуд меоваранд.Ифротгароӣ ва иҷтимоӣ,миллӣ сиёсӣ ва динӣ ҷудо мешавад.Амалиёти сиёсии ифротгароӣ дар шаклҳои гуногуни фаъолият аз зуҳуроти аз доираи конститутсия беруннараванда сар шуда , бо шаклҳои шуриш ,фаъолияти исёнгарона ,терроризм сурат мегирад.
Даҳшатафканӣ(терроризм)-шакли ниҳонии хеле хатарноки ифротгароӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ва динӣ мебошад.Пеш аз ҳама ба одамони бегуноҳ таҳдид менамояд.Даҳшатафканӣ аз рӯи моҳияти истифода ва таҳдиди мунтазами истифодаи зуроварист, ки аз нигоҳи иҷтимоӣ сиёсӣ ё идеологӣ асоснок шудааст.
Бо сабаби хатари калони ҷамъиятӣ доштан фаъолияти гурӯҳҳои терроистию экстремистӣ дар ҳудуди аксар давлатҳои ҷаҳон манъ карда шудаанданд. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо аз қабили “Салафия”,” Ҳизбу таҳрир” ,”ДИИШ”,”Ҳаракати исломии Узбекистон”,”Гурӯҳи -24”,”Ал-Қоида”,”Ҳизби наҳзати Исломи Тоҷикистон” ва дигарон манъ карда шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонҳам чун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода ,дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодаанд.
Қобили қайд аст,ки бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террориизмдошта ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмиллалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар бораи “Мубориза ба зидди терроризм”-ро қабул намудааст, ки дар он мақсади қабули Қонун,мафҳуми терроризм,фаъолияти террористӣ,субъектҳои бевоситаи ба терроризм муборизабаранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,сохторҳои қудрати давлатӣ муайян карда шудаанд.Дарки зарури тарбияи ҳуқуқи ва афзалгардонии нақши он дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгири аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуби зидди ҷомеаи инсонӣ хеле калон аст.дар ин бора фармони призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми апрели соли 1997 №691дар бори сиёсати ҳуқуқӣ ва таъминӣ,тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми августи соли 1997 №883 дар бораи “Чораҳои беҳтар кардани ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурӣ” қабул карда шудааст,ки метавонад дар баланд бардоштани дониши ҳуқуқии ҷавонон кумак кунад.Дар баробари ин ,соли 2007 қонун дар бораи “Мубориза бар зидди экстеремизм (ифродгароӣ )” қабул шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи ягона оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қабул шудааст ,ки дар он низ нуқтаҳои асосии мубориза бар зидди экстремизм инъикос ёфтааст
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба маблағгузории кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ дошта Қонуни махсус дар бораи “Муқовимат ба қонунгардонии (Расмикунонии ) даромадҳои ба роҳи ҷиноят ба даст оварда ва маблағгузории терроризм ” қабул шуда ,мавриди амал қарор дорад ва ҷавобгарӣ ба кирдорҳои мазкур низ дар боби 21-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Барои мубориза бурдан ба тундгароӣ (Радикализм) ифротгароӣ (Экстремизм) даҳшатафканӣ (Терроризм) бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа маъсулият эҳсос намуда , дар якҷоягӣ ба ниҳодҳои давлатӣ бо он мубориза баранд ва ҷомеаро аз гирдоби дарднок ва оқибати он эмин нигоҳ доранд.
Ҳокимхон Шокиров.муаллими калони кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ.