Субҳон Усмонов, Устоди Донишкадаи давлати санъати
тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Тоҷиконаз қадим миллати озодпарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил 9- сентябри соли 1991 эълон гардид ва моҳи декабри ҳамон сол ба ҳайати Иттиҳоди давлатҳои мустақил ворид шуд. Аз соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои Созмони Миллали муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (ОБСЕ) ва дигар ташиклотҳои бонуфузи байналмиллалӣ эътироф шудааст.Вале аз рӯзҳои авали истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули давлату давлатдории нав ба мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид.
Вазъияти кунунии иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон пас аз барҳам хӯрдани Ҳокимияти Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон ба душвориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дучор гардид. Ихтилофҳои дохилӣ мамлакатро ба бӯҳрони иқтисодӣ дучор намуд, ки он ҳама соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифт. Пастравии истеҳсолот дар ҳама соҳаҳо хусусан дар саноат бештар ҳис карда мешуд. Корхонаҳои саноатии тахассусгардонидаи ҷумҳурӣ, ки дар алоқамандӣ бо корхонаҳои саноатӣ собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ пайваста амал мекарданд, аз он маҳрум гардид. Яъне робитаҳо канда шуданд. Ҷанги шаҳрвандӣ аз моҳи феврали соли 1992 торӯзи имзои созишномаи миллӣ ва истиқрори сулҳ 27-июни соли 1997 давом кард
Баъд аз имзои созишномаи миллӣ низ қувваҳои мухолифин бо ҳар роҳ оромии кишварро халалдор месохтанд. Шахсиятҳои баруманди ҷумҳурӣ олимон, роҳбарон, журналистон аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев,Минҳоҷ Ғуломов, Башир Исҳқӣ, Отахон Латифӣ, Сайф Раҳим, Муҳиддин Олимпур, Юлдош Каримов, Ҳабиб Сангинов ва чандин шахсиятҳои дигар ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд. Ҳатто охирон маротиб 4 –уми сентябри 2015. бо роҳбарии Ҳалим Назаров мехостанд вазъияти ҷумҳуриро аз нав ноором созанд…
Дар чунин шароити вазнин ҷумҳурӣ ба мисли дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷараёни умумиҷаҳонии иқтисодӣ мустақилона пайваст гардидан кӯшиш намуд.
Барои амалӣ гардидани ин мақсади судманду муҳим, ки ба баланд бардоштани иқтидори иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мадад мерасонд, баъди чанд муддат Ҳукумати Тоҷикистон барномаи рушди иқтисодӣ қабул кард. Дар ин барнома самтҳои асосии инкишофи иқтисодиёти мамлакат пешбинӣ карда шудааст. Самтҳои асосии барномаро ҳалли масъалаҳои зерин ташкил менамояд:
1. Таъмин намудани мустақилияти иқтисодӣ аз ҷумла энергетикӣ ва озуқаворӣ;
2. Баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ;
3. Амалӣ гардонидани барномаи иҷтимоӣ дар асоси паст намудани сатҳи камбизоатӣ;
4. Азнавсозии таркиби иқтисодиёт бо назардошти талаботи нави иқтисодию иҷтимоӣ;
5. Бо суръат инкишоф додани соҳаи кишоварзию агросаноатӣ аз нигоҳи таъмин намудани бехатарии озуқавории мамлакат;
6. Ривоҷ ва равнақ додани муносибатҳои бозоргонӣ ва соҳибкорӣ;
7. Барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат бештар ҷалб намудани сармоягузоронии (инвеститсияи) хориҷӣ ваҒайраҳо.
Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва амнияти озуқавории аҳолӣ аз самтҳои стратегии сиёсати иқтисодии давлат маҳсуб меёбанд. Бо мақсади рушди соҳаи энергетика таҷдиди бунёди неругоҳҳои барқи обии Норак. РоҒун, «Сангтуда-1», «Сангтуда-2», Қайроқум, Сарбанд, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1ва2, хати интиқоли барқи «САSА-1000» имкон фароҳам меоварад, ки ба истиқлолияти комили энергетикӣ хеле наздик шавем. Бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, алҳол дар саросари кишвар 2500 км роҳи мошингард, 14 км нақбҳои автомобилгарди «Истиқлол», «Озодӣ», «Шаҳристон», «Хатлон»,140 пул бунёд ва барқарор шудааст. Роҳҳои Душанбе-Кулоб-ХоруҒ-Кулма-Қароқурум, Душанбе- Нуробод-Ҷиргатол-Саритош, Душанбе-Бустон-Чанок, бунёди роҳи оҳани нави Ваҳдат-Ёвон, Туркманистон-АфҒонистон-Тоҷикистон робитаҳои гуногунҷабҳа, қабл аз ҳама иқтисодии моро бо давлатҳои ҳамсоя қавӣ мегардонад.
Дар ин замина ҷиҳати афзун намудани гардиши савдои хориҷии кишвар 4- нуқтаи савдои наздисарҳадӣ, аз ҷумла дар ВМКБ бозори наздисарҳадии «Тем»-и шаҳри ХоруҒ, «Ишкошим»-и ноҳияи Ишкошим ва «Рӯзвай-и ноҳияи Дарвоз, дар вилояти СуҒд бозори наздисарҳадии «Дӯстӣ»-и шаҳри Исфара фаъолият доранд.
Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣдар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ДанҒара, Панҷ. Хуҷанд ва Ишкошим мувофиқи матлаб буда, дар онҳо рушди соҳаҳои саноат, коркарди маҳсулоти нассоҷӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маводи рӯзгор, техника, қисмҳои эҳтиётӣ ва густариши фаъолияти тиҷоратӣ пешбинӣ шудааст.Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда 185 корхонаи нави истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ сохта ва ба истифода дода шуданд. Теъдоди коргарони ин корхонаҳо зиёда аз 7000 нафарро ташкил медиҳад.Ҳоло дар кишвар 15- корхонаи хурду калони истеҳсоли семент, 90-корхонаи истеҳсоли хишт, 56 -корхонаи истеҳсоли регу шағал,9- корхонаи коркарди санг, 12- корхонаи истеҳсоли оҳаку гаҷ ва Ғайра фаъолият доранд. Дар соҳаи саноати сабук то соли 2017 зиёда аз 89 корхонаи нав таъсис дода шудааст. Ин корхонаҳо бо коркарди ашёи маҳаллӣ машҒул буда, дар онҳо зиёда аз 20 ҳазорҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудааст. Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқа ва ашёи хоми саноатқ ба ҳисоб меравад. Таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум аз рушди мунтазами соҳаи кишоварзӣ вобастагии ниҳоят зиёд дорад.
Дар давраи истиқлолият ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва таъминот бо техникаи кишоварзӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар маҷмӯъ то имрӯз дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 13 барномаи давлатии соҳавӣқабул гардидааст.
Дар натиҷаи чораҳои амалигардида ва заҳмати мардуми шарифи Тоҷикистон солҳои охир афзоиши маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, соли 2017 нисбат ба соли 1997-ум 5,8 баробар зиёд маҳсулот истеҳсол шудааст. Истеҳсоли маҳсулоти ғалладона 2,3 баробар, сабзавот 4,8 баробар ва мева3,5 баробар афзудааст.
Афзоишиҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ бо афзоиши содироти зироат пайвастагӣ дорад. Ҳаҷми умумии содироти сабзавоту меваҷот дар соли 2017 наздики 450 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки 6790 тоннаи он консерва буда, нисбат ба солҳои гузашта 37 % афзоиш ёфтааст.
Маҳсулоти Тоҷикистон ба Россия, Украина, Қазоқистон, Узбекистон,Хитой, ҷумҳуриҳои Покистон, Афғонистон ва чандин кишварҳои дигари ҷаҳон ба фурӯш бароварда шудааст.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ояндаи моро муайян кард. Худшиносии миллӣ, дарки ватандорӣ, ҳаллу фасли мустақилонаи масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва муҳимтарин рукнҳову суннатҳои истиқлолиятанд. Дохилшавии ҷумҳурӣ ба низоми хоҷагии ҷаҳонӣ барои инкишофи минбаъдаи қувваҳои истеҳсолкунанда, ташаккул ёфтани сохтори хоҷагии халқ ва иқтидории содиротии кишвар замина гузошт. Ҷиҳати ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар ҷумҳурӣ Стратегияи миллии рушт барои давраи то соли 2030 ва стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ қабул гардиданд. Мақсад ва амалигардонии онҳо то дуюним баробар афзоиши додани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва ду баробар паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад, ки ин ҳадафҳо то ба имрӯз давра ба давра иҷро гардида истодаанд. Далели равшани он аз 80% то 30% коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ то соли 2017 ва соли 2020 сатҳи камбизоатӣ ба 20% бояд паст карда шавад.
Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешаиқдомҳои имконпазирро барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва рушду нумуи иқтисодиёти кишвар ва тайёр кардани мутахассисони ҷавон дастгирӣ менамояд. Барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва устувор гардондани мавкеи мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ ҶумҳурииТоҷикистон робитаҳои иқтисодии худро дар доираи гурӯҳҳои ҳамгиро (интегратсионӣ) ва созмонҳои байналмилалиӣ, ба монанди Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (ОБСЕ),Созмони умумиҷаҳонии савдо устувор мегардонад.
Ҳоло соҳаҳои асосии саноатро саноати сабук, фузулоти ранга, саноати кӯҳию истихроҷи маъдан, химиявӣ, машинасозӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон, коркарди сангҳои қимматбаҳо ва кишоварзиро соҳаҳои пахтакорӣ, боҒдорӣ, зироатчигӣ, сабзавоткорӣ, соҳаҳои чорврдорӣ ва Ғайраҳо ташкил менамояд. Дар ҳалли инкишофи саноат сарватҳои табиӣ ва захираи зиёди он аз ҷумла сарватҳои энергетикӣ ва маъданӣ мусоидат менамояд. Дар ин замина нерӯгоҳҳои мавҷудаи барқии обӣ аз нав таҷҳизонида як қатор истгоҳҳои нав сохта хоҳанд шуд. Аз ҷумла:Шуроб, Нуробод-1,Нуробод-2, Дашти ҷум ва Ғайра. Ин барои истеҳсолу коркарди маъдан, бунёди корхонаҳои нави маъдантозакунӣ, инкишофи васеъи соҳаҳои дигари саноат, хоҷагии қишлоқ ва нақлиёт мусоидат менамояд.
Ҳамаи ин дараҷаи иқтисодиёти мамлакатро баланд бардошта, барои аҳолии мамлакат сатҳи баланди зиндагиро таъмин менамояд.
Рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҷумла сохаи маориф ин кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат аст. Дар сиёсати имрӯзаи иҷтимоии Роҳбари давлат соҳаи маориф дар мадди аввал истодааст.Агар дар замони собиқ иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон ҳамаги 70-ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард ва 7-муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дошт.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 38 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият намуда, зиёда аз 300 ҳазор донишҷӯён таҳсил менамоянд. Зиёда аз 30000 нафар ҷавонон берун аз кишварамон таҳсил карда касбу ҳунар омухта истодаанд.
Аз ҷумла Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон низ дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст ва шогирдони он метавонанд дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат, корҳои созандагию хурамгардонӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ саҳми босазои худро гузоранд.
Албатта дар чахони муосир он кишвару мамлакатхо ба дасовардхои бузург ноил мегарданд, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар чомеа таваҷҷухи бештар зохир намуда, техникаю техналогияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамоянд.
Точикистон низ як ҷузъи чахони муосир аст ва хукумати он бахри бехтару хубтар гардонидани зиндагии шоистаи мардум солхои соҳибистиқлоли ба мактабу маориф ва боло бардоштани фарханги миллӣ, техника ва технология нав, омухтани забонҳои гуногун диққати чиддӣ медиҳад.
Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ баробари рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, инчунин бисёр анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҷаҳони гардидани ҷашни Наврӯз, омави гардидани бозиҳои варзишӣ, либосҳои миллӣ хусусан чакундӯзӣ, атлас, кандакорӣ, заргарӣ ва Ғайраҳо барои мардуми тоҷик ифтихор аст. Анъанаҳои миллӣ аз ҷумла либосҳои миллии анъанавӣ сабку услуби қадимии хешро тӯли асрҳо ҳифз кард. Шакли аслӣ ва ороиши либосҳо аз байн нарафт, балки вобаста ба давру замон рушд кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ 22-юми декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва ҳунарҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018-ро дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд.Чунин пешниҳод ва дастгирии сарвари давлат руҳияи ҳунармандон ва завқи онҳоро даҳчанд зиёд намуд.
Умуман истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ояндаи моро муайян кард.
Дастовардҳои бузурги мо дар тулии 27 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдор, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни ҳамаи табақаи ҷомеа мебошад.
Мардуми мо ва махсусан чавонон бояд ба рамзҳои давлати соҳибисиқлоли худ- Конститутсия, Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ чун ба муқаддасоти миллати озоду соҳибистиқлоли мо пайваста арҷ гузоранд ва онро гиромӣ доранд. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик табиатан ва таърихансулҳдӯст, фарҳангпарвар, созандаю бунёдкор мебошанд ва ин сифати олиро насл ба насл ба мерос мегузоранд.
Бигузор нуру зиёи истиқлолият то абад роҳи Тоҷикистони азизамонро ба суи ояндаи обод равшан созад ва Тоҷикистони маҳбуби мо зери парчами истқлол пеш равад, ободу зебо муттараққиву неруманд гардад.
Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти миллӣ
Усмонов С
Дар ин мақола оид ба вазъияти сиёсии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, нобасомониҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ,ҳолати иҷтимоию иқтисодӣ, рушди соҳаҳои мухталифи он, аз ҷумла, соҳаҳои саноати энергетикӣ, кишоварзӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ дар замони соҳибистиқлолииТоҷикистон сухан меравад.Ҳамзамон дар бораи амалӣ гардидани мақсадҳои судманд ва муҳим баҳри баланд бардоштани иқтидори иқтисодӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дигар ҷабҳаҳои муҳими кишвар мухтасар маълумот дода мешавад.
Калидвожаҳо:сиёсат, истиқлолият, иқтидор, коммуникатсия, нақб, ҳамгиро, тахассус, робита.
Таджикистан в период национальной независимости
Усмонов С
В стаье речь идёт о политическом положении первых лет, беспорядках периода гражданской войны, социально-экономическом положении, развитии различных сфер, таких как, энергетическая промышленность, сельское хозайство, сферы образования и здравоохранения в период независимости Таджикистана.
Одновременнодаются краткие сведения о выполнении важных мер для развития экономики разных отраслей, о улучшении уровня жизни населения и других важных сфер.
Ключевые слова: политика,независимость, потенциаль, коммуникатция, туннель,интеграция, специальность.
TAJIKISTAN ON THE PERIOD OF NATIONAL INDEPENDENCE
Usmanov S
The article is told about the social and economic situation of Tajikistan about development of the main and important spheres such as energetic, agriculture, economics , industry and education. Also there is an information about the receiving of important measures with a leading of the head of the government in the side of development of economics and various fields to improve the life condition of population.
Keywords: policy, independence, potencial, communication, tunnel, integration, specialty, relation.
Маълумот дар бораи муаллиф: Субҳон Усмонов – Устоди Донишкадаи давлати санъатитасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон. Тел.: 987259899.