Имрӯз дар асоси нақша чорабиниҳои Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки васеи ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯёну магистрантон ва меҳмонон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Ҷашни Наврӯз баргузор гардид.
Иштирокчиёни чорабинии мазкурро ректори Донишкада н.и.м., профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат бо сухани ифтитоҳӣ табрик намуда иброз дошт, ки ташкилёбии Донишкада ба Ҷашни Наврӯз рост меояд. 10-сол муқаддам бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат- Эмомали Раҳмон, ки ба соҳаи фарҳанг, хусусан соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн таваҷҷӯҳи хосса доранд, Донишкада таъсис ёфта, имрӯз ягона муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки мутахассисонро дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн омода намуда истодааст.
Сипас н.и.п., дотсенти кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод Усмонов Субҳон бо маърӯза баромад намуда, ҳозиринро бо мафҳум, моҳият, таърих ва аҳмияти Ҷашни Нарӯз, ки солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосияти ҷаҳониро касб намудааст, изҳори назар карданд.
Ба муносибати 10-умин солгарди таъсисёбии Донишкада ва Ҷашни байналмиллаллии Наврӯз ҳайати омӯзгорон, профессорон ва кормандон бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.