Дар толори калони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи донишҷӯёну омӯзгорон таҳти унвони “Ватан имрӯзи мо, ояндаи мо” ҷамъомади тантанавӣ барпо гардид.
Ректори Донишкада, номзади илмҳои меъморӣ, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат бо сухани муқаддимавӣ ба чорабинӣ ифтитоҳ бахшида, аҳли толор ва ба ин васила тамоми мардуми ҷумҳуриро бо фарорасии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфт. Зикр намуд, ки Артиши Миллӣ дар ҳар давру замон кафолати рӯзгори осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфияти давлат ва истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Ба ин хотир баҳри ҳимояи Ватан Артиши миллӣ – мактаби бузурги мардонагӣ таъсис дода шудааст. Артиши миллӣ зодаи даврони истиқлол буда, дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он таҳти хатари нобудӣ қарор дошт. Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 18 декабри соли 1992 ба имзо расида бошад ҳам, Ҳукумати мамлакат танҳо 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллиро баргузор намуд, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон эълон карда шуд.
Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дар тӯли 30 соли мавҷудият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар кард, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузашт ва имрӯз ба як нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтааст.
Сипас, дотсенти кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисодӣ номзади илмҳои педагогӣ Усмонов Субҳон бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон, аз таърихи таъсисёбии ин артиш, фарзандони сарсупурда ва қаҳрамони Ватан, ки дар сафи он барои барқарорӣ ва пойдории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоннисориҳо кардаанд, сухан ронд.
Дар қисми дуюми чорабинӣ донишҷӯи факултети дизайн бо рақси дилнишин аҳли толорро табрик намуд.