Устодони арҷманд, донишҷӯёни гиромиқадр! 6 ноябри соли 1994 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Зеро дар ин рӯзи фаромӯшнашаванда бори нахуст ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии миллат қабул гардид, ки дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил камназир мебошад. Эҷоди Конститутсияи давлатӣ баъд аз ҳазор сол бо ҷалби ҳамаи нерӯҳои зеҳнии ҷомеа ва дар заминаи таҷрибаю дастовардҳои инсоният дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва дар айни замон бо назардошти манфиатҳои олии миллат ва ҷумҳурии соҳибистиқлоламон, инчунин анъанаҳои қадимаи таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои хоси миллии мо сурат гирифт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин қайд намуданд, ки “Шашуми ноябр дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи махсуси таърихӣ сабт шудааст, ки ҳар сол бо тантанаи хосса ҷашн гирифта мешавад”.

Воқеан ҳам, Конститутсия ифодаи олии гаронбаҳотарин арзишҳои умумибашарӣ буда, сарчашмаи қонунгузории мамлакат ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон, яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши устувор дорад. Бинобар ин мо эътимод бар он дорем, ки ин санади сарнавиштсоз дар таҳкими шохаҳои асосии ҳокимият ва низоми давлатдорӣ дар оянда низ нақши ниҳоят муҳим хоҳад бозид.

Бо истифода аз ин лаҳзаҳои пур аз шодиву фараҳ ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати омӯзгорон, кормандон донишҷӯёни донишкада ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро  самимона табрику муборакбод намуда, барояшон саломатӣ, рӯзгори орому осуда, зиндагии шоиста ва сарфарозиву иқболи баланд орзу менамоям.

Бигзор, Конститутсия ҳамеша роҳкушову раҳнамои мо дар тамоми ҷодаҳои фаъолият бошад!