Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон — Ҷамшед Ғанизода ҳайати омӯзгорону кормандон, таълимгирандагони даргоҳ ва дар симои онҳо тамоми мардуми ҷумҳуриро бо фарорасии Иди саиди Қурбон самимона табрику муборакбод намуда, дар ин рӯзи фархунда аз даргоҳи Худованди мутаъол бароятон хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ, беҳтарин хушҳолии рӯзгор, дастурхони пурнозу неъмат, сулҳу ваҳдат ва файзу баракатро таманно дорад.
Орзумандам, ки ин Иди саид ба хонадони ҳар яки мо файзу баракат, фатҳу нусрат ва бахту саодатро арзонӣ намояд.
Иди саиди Қурбон муборак, ҳамватанони азиз!