Ба мо мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол басе гуворост, ки имсол дар баробари ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 30-солагии таъсисёбии худро бо тантана таҷлил мекунад.

Сӣ сол боз академия — маркази омодасозии кадрҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот барои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, сарраёсатҳо ва шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо кадрҳои роҳбарикунанда ва мутахассисони дорои маълумоти олии  касбӣ тайёр мекунад. Имрӯз муваффақияти кори ҳамаи хадамот  ва ҷузу томҳои  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ, фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, маъмурӣ-ҳуқуқӣ, тафтишотӣ-криминалистӣ, муҳандисӣ-техникӣ, ҳолатҳои фавқулода, фармондеҳӣ ва ғайра ба сатҳи омодасозии кадрҳо  дар ин мактаби олии касбии академӣ вобастагии зич дорад.

Ҷолиби диққат аст, ки дар Академия дар баробари фаъолияти таълимию тарбиявӣ, курсҳои олии академӣ амал мекунанд, ки дар онҳо роҳбарони зинаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо сари чанд вақт ихтисоси худро такмил дода, бо донишҳои замонавии инноватсионӣ мусаллаҳ мегарданд.

Академияи ВКД дар маҷмуъ оид ба нигаҳдошти волоияти қонун,  риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ва посдории арзишҳои миллӣ рисолати азимеро пиёда месозад, ки василаи муҳиме ба рушду пешрафти ҷумҳурӣ мегардад.

Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон роҳбарият ва ҷамъи кормандони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 30-умин солгарди таъсисёбиаш самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи он пешрафту дастовардҳои наву беназир таманно дорад.

Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат,

ректори Донишкадаи давлатии санъати

 тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон