Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат,
ректори Донишкадаи давлатии
санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо камоли эҳтиром кулли устодону шогирдони таълимгоҳ ва дар симои онҳо ҳамаи сокинони ҷумҳуриро ба муносибати санаҳои муҳими таърихӣ – 29-умин солгарди Иҷлосияи сарнавиштсози ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳама рӯзгори осуда, бахту саодат, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар таҳсилу тадрис, кори давлатӣ ва хидмати софдилона ба манфиати ободию шукуфоӣ ва зиндагии шоистаи ҳар шаҳрванди кишвари азиз Тоҷикистон таманно дорад.
Саҳми Президенти кунунии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, дар ташаккули давлату давлатдории халқи тоҷик беназир буда, инро музаффариятҳои дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ дар соҳаҳои маорифу илм, фарҳанг, ҳифзи тандурустӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ба даст омада, бунёди даҳҳову садҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, ба кор андохта шудани агрегатҳои аввалини НБО-и “Роғун” ва бунёди ҳазорон километр роҳҳои нави замонавӣ собит менамояд. Маҳз дар як муддати кутоҳ хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳ миёни тарафҳои даргир, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва иқдомҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар масоили об обрӯю нуфузи Президенти Тоҷикистон ва давлати Тоҷикистонро дар ақсои олам бамаротиб баланд бардоштаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафили сулҳу осоиш ва зиндагии шоистаи шаҳрвандони ҷумҳурист, ин рисолаташро сарбаландона ба ҷо оварда, пайи зиндагии шоистаи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад.
Дар ин рӯз ба фарзанди фарзонаи халқамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тандурустии комили бардавом ва дар кори давлатдориашон барору комёбиҳои нав ба нав таманно дорем.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!