Имрӯз бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сафарзода Давлат Шариф, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон – профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ва сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон- Насриддинзода Рамазон дар Кохи фарҳанг ва иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллозода бо муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, кормандон ва масъулони раёсат, шуъбаҳо, бахшҳои фарҳанг ва маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумхуриявии “ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Гурӯҳи кориро таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сафарзода Давлат Шариф дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон бо мақсади гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба озмуни мазкур ва шиносоӣ аз муассисаҳои фарҳанги вилоят- ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон- н.и.м., профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ҳамроҳӣ менамоянд.
Зимни суханрони дар семинари мазкур- профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат бо мақсади шарҳи муфассали талаботҳои озмун ва муаррифии намунаи корҳои эҷодӣ дар наминатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн, ҳамзамон жанрҳои он, ки барои довталабон ва иштирокчиёни сину соли мухталиф муқаррар гардидааст аз намоиш (презентация) низ ба таври васеъ истифода намуданд.
Хотирнишон намудан ба мавридаст, ки
тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 №АП-329 дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» дар соли 2023 ба тасвиб расида, ба Низомномаи он тағйирот ворид гардид.
Ин тағйирот — ворид намудани номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн ба озмуни мазкур мебошад, ки хушбахтона имсол натанҳо омӯзгорон ва донишҷӯён Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, балки тамоми довталабони қобилияти баланди эҷодӣ дошта, чеҳраҳои зебоиофар дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок карда метавонанд.
Бояд қайд намуд, ки барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни мазкур ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкада барои дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ба камол расонидани мутахассисони баландихтисос дар самтҳои мазкур камари ҳиммат баста, барои ҷалби бештари довталабон саъю талош менамоянд.
шаҳри Бохтар
25.04.2023