Friday, May 9, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон

САҲМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

09.03.2023

 

Бахшида ба эълон намудани соли 2025-«Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

Субҳон Усмонов-н.и.п., дотсенти кафедраи Технологияи иттилоотӣ ва иқтисодии ДДСТДТ

   Ҷумҳурии  Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони  об буда, зиёдтар аз  60 фоизи оби Осиёи Марказӣ ва захираҳои пиряхии минтақаро ташкил медиҳанд.

Дар қаламрави  Тоҷикистон дар асри XX зиёда аз чордаҳ ҳазор пирях ба қайд гирифта шуда буд, ки майдони умумии онҳо  ба 8 фоизи масоҳати умумии кишвар баробар буд. Мутаассифона, бар асари тағйирёбии иқлим ин пиряхҳо бошиддат об шуда истодаанд. То имрӯз зиёда аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон комилан об шуда, аз байн рафтанд.  Ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид. Маълум аст, ки дар ояндаи миёнамуддату дарозмуддат ин раванд метавонад оқибатҳои хеле вазнинро ба бор орад.

Дар баробари ин тағйирёбии иқлим боиси афзоиши чунин падидаҳои фавқулодаи гидрометереологӣ, ба мисли сел, обхезӣ, хушксолӣ, ярч ва тармафароӣ гардидааст. Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёт ва муҳити зисти Тоҷикистон зарари хело ҳам калон расонида, талошҳои моро ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувор ҷиддан коста мегардонанд.

Пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд. Обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Таҳлили тамоюли таъсиррасонии тағйирёбии иқлим ва афзоиши аҳолӣ нишон медиҳад, ки: агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ солона ба зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукааб баробар шуда бошад, имрӯз ин нишондиҳанда зиёда аз чор баробар кам гардида, дар як сол каме зиёд аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.

Мутаассифона, обшавии пиряхҳои Арк­тика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст. Ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некуаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад.

Чунин мушкилотро ба инобат гирифта,  моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.

 14 декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи онро қабул кард. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла: эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо, дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш. Душанбе.

Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст.

Теъдоди зиёди ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.

Тоҷикистон дорои захираи фаровони обист ва 60 фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ, аниқтараш 64 миллиард метри мукааб об ҳар сол дар қаламрави кишвар тавлид меёбад.

 Манбаи ин оби фаровон дар навбати аввал, агар бориши зиёди барфу борон дар минтақаҳои баландкӯҳ бошад, аз сӯйи дигар, пиряхҳоест, ки дар натиҷаи пайиҳам боридани барф ва аз сардии ҳаво ба зудӣ об нашудани онҳо дар ин минтақаҳо қомат афрохтаанд. Барфҳои доимӣ дар фарозҳои бузург зери таъсири вазни худ ғафс шуда, тадриҷан ба яхи фирновии (кӯҳнаи) донакдор ва пас аз гузашти муддате боз ҳам ғафстар гардида, ба яхи шаффофи пурҷило табдил меёбанд.

  Мавриди зикр аст, ки бузургтарин анбуҳи майдонҳои яхбандии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, зиёда аз 80%-и пиряхҳои минтақа маҳз дар кишвари мо қарор доранд. Агар майдони яхбандии минтақаи Осиёи Марказӣ ба 17 ҳазор км2 баробар бошад, 60%-и масоҳати яхбандиҳои минтақа маҳз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир гаштаанд. Захираи умумии яхи ин майдонҳои яхбандӣ дар кишвар 845 км3 –ро ташкил медиҳанд.

Пиряхи калонтарини минтақа – пиряхи Федченко (Муқсу), ки дар давраи яхбандии Лахш дарозии он ба 171 км баробар буд, имрӯз дорои дарозии 77 км мебошад, яъне қариб 100 км дарозии он коҳиш ёфтааст. Чунин ҳолат дар дигар пиряхҳои калонтарини кишвар ба мушоҳида мерасад. Дарозии пиряхи Зарафшон дар давраи яхбандии Лахш ба 104,6 км буд, имрӯз ба 27,8 км, яъне чор маротиба кам гаштааст; дарозии пиряхи Гармо (Вахё) дар ҳавзаи дарёи Оби хингоб дар давраи яхбандии Лахш 73,5 км буда, имрӯз ба 30,4 км баробар шудааст, яъне зиёда аз ду маротиба кам гаштааст; дарозии пиряхи Ҷамъияти географии Рус (Ванҷ) дар давраи яхбандии Лахш 62,5 км буда, имрӯз ба 23,2 км баробар шудааст, яъне се маротиба коҳиш ёфтааст. Дарозии пиряхи Мазор дар ҳавзаи дарёи Оби хингоб дар давраи яхбандии Лахш ба 40 км буд, имрӯз ба 16,8 км, яъне 2,5 маротиба кам гаштааст. Дарозии пиряхи Бозбайтал дар ҳавзаи дарёи Бартанг дар давраи яхбандии Лахш ба 38,0 км баробар буд, имрӯз бошад он ба 4,6 км баробар аст, яъне қариб даҳ маротиба кам гаштааст.

Қариб нисфи ҳамаи қитъаҳои пиряхии Осиёи Миёна дар ҳудуди Тоҷикистон дар баландии 3500-5300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд.

Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.

Субҳон Усмонов-н.и.п., дотсенти

кафедраи Технологияи иттилоотӣ ва иқтисодии ДДСТДТ

 

Ба қафо

8-УМИ МАРТ-РӮЗИ МОДАР МУБОРАК

Ба пеш

МОДАР – БАҚОИ НАСЛИ ИНСОНҲО

Ба пеш
МОДАР – БАҚОИ НАСЛИ ИНСОНҲО

МОДАР – БАҚОИ НАСЛИ ИНСОНҲО

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ 04.04.2025
  • К-ИН САБЗА, КИ ИМРӮЗ ТАМОШОГАҲИ ТУСТ…. 24.03.2025
  • ТАБРИКОТИ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20.03.2025
  • Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб 19.03.2025
  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА 18.03.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37
 Моб: (+992 37) 93-335-19-85; 91-100-10-92
 Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон