Рӯзи 11 ноябри соли 2022 кафедраи санъатшиносии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявии “Саҳми Манзура Улҷабоева дар рушди мусаввара ва синамои тоҷик”-ро ташкил намуд. Дар ин конференсия муаллимону донишҷӯёни донишкада, инчунин гурӯҳи калони меҳмонон иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар кори конференсия ширкат варзиданд: Рассоми халқии Тоҷикистон, профессор Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф, доктори илмҳои таърих, профессор, мудири шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносии ба номи А. Дониши АМИТ Додхудоева Л. Н., директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов Ҷурахонзода С. Ш., муаллими калони кафедраи фарҳангшиносии Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон Азизова Саноат Азизовна, д.и.ф. профессор, мудири кафедраи фарҳангшиносии Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон Ладигина О. В. ва диг.