Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бино бар даргузашти омӯзгори варзида, дизайнери шинохтаи ҷумҳурӣ, дотсенти кафедраи дизайн ва меъмории донишкада ва, муҳимтар аз ҳама, инсони бофазлу хиради комил ва нексиришту хайрхоҳ Наҷмиддинов Каримҷон Аҳмадович талафоти калон дод. 28 сентябр дар синни 63-солагӣ дили Каримҷон Аҳмадович аз тапидан бозмонд. Ва бо ҳамин, агарчи ӯ тӯли солҳои зиёди  омӯзгорӣ шогирдони бисёреро дар соҳаи рассомию дизайн – ороиши дохили бино тарбия карда ба камол расонд, вале мутаассифона донишу таҷрибаи нодири фаровонеро, ки андӯхта, ба тарбияи боз садҳо кадри ҷавон  басанда буд, бо худ бурд.

Наҷмиддинов Каримҷон Аҳмадович 13 майи соли 1958 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, дар синни наврасӣ бо азми рассому дизайнер шудан Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимови шаҳри Душанбе ва пас Донишкадаи театрӣ-бадеии ба номи А.Н.Островскийи шаҳри Тошкандро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгори фанҳои тахассусӣ дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов оғоз намуда, сипас ёздаҳ сол (1986-2007) дар Фонди бадеии Тоҷикистон ба сифати рассом, баъдан дар кафедраи меъморӣ ва дизайни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, кафедраи рассомии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода  ба ҳайси омӯзгори калон ва омӯзгор фаъолият намудааст. Бо таъсис ёфтани Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Каримҷон Аҳмадович вазифаи мудирии кафедраи дизайн ва меъмории ин таълимгоҳи олии навбунёдро ба уҳда гирифта, то рӯзҳои вопасини ҳаёт дар ин кафедра кор мекард.

Наҷмиддинов  Каримҷон Аҳмадович дар баробари фаъолияти хубу намунавии таълимию эҷодӣ иштирокчии фаъоли намоишҳои рассомии ҷумҳуриявию байналмилалӣ буда, бо асарҳои рассомию дизайнерии худ бисёр намоишгоҳҳо, аз ҷумла “ЭКСПО-2005”(Япония), намоиши байналмилалии рассомон дар Австрия (соли 2008) ва намоиш-фестивали ҳунармандон дар Олмон (соли 2011) ва ғайраро зебу зиннат бахшидааст. Ташкили намоишҳои фардӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон (солҳои 2002 ва 2015) ва Маркази фарҳангии «Бохтар» бахшида ба “Иди Наврӯз”(соли 2018) ва  Намоиши  санъати  тасвирӣ ва дизайни муосир дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ба номи Наҷмиддинов  Каримҷон Аҳмадович мутааллиқанд. Вай инчунин дар тарҳрезии рамзҳои миллии “5500-солагии Саразм”  ва “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” саҳми арзанда гузошта, муаллифи як қатор лоиҳаҳо ба монанди “Осорхонаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов”,  “Осорхонаи колхози ба номи С. Урунхуҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров” (солҳои 1985-1990), фестивали санъати Тоҷикистон “Аржанг” (соли 2002), намоиши “Хуб-Гуд” Австрия-Тоҷикистон (соли 2007) ва  иштирокчии намоиши байналмилалии корҳои эҷодии рассомони варзидаи Аврупо ва ҷаҳон зери унвони “ПОП — АРТ” дар шаҳри  Женеваи Швейтсария мебошад. Аз соли 1988 узви Итифоқи дизайнерони Тоҷикистон ва аз соли 1990 узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон буд. Ҳамзамон аз соли 2014 то 2016 раисии Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Зиндаёд Каримҷон Наҷмиддинов инчунин муаллифу ҳаммуалифи як қатор китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ, аз қабили “Современный дизайн” (“Дизайни муосир”  соли 2017), “Основы композиции” (“Асосҳои композитсия”, соли 2020), “Луғат – маълумотномаи ислоҳоти терминалогияи дизайни муосир”  (соли 2020), “Графикаи тарҳрезӣ барои ихтисосҳои кафедраи дизайн ва меъморӣ”( соли 2017), “Физика цвета” (соли 2020) ва ғайраҳо мебошад.

Наҷмиддинов Каримҷон Аҳмадович то охирин лаҳзаҳои ҳаёти худ (28.09.2021)  дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои мукаммал гардонидани системаи таълимии соҳаи санъат ва рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи санъати тасвирӣ, дизайн, инчунин лоиҳаҳои рушди соҳа хизматҳои арзанда намудааст.

Ёди неки Наҷмиддинов Каримҷон Аҳмадович дер гоҳ дар хотираи мо ҳамкасбон зинда хоҳад монд.

Рӯҳат шод бод инсони наҷиб, омӯзгор ва эҷодкори варзида!

Раёсат, иттифоқи касаба ва ҷамъи ҳайати омӯзгорони

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон