Таҷлили ин рӯз, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсилро, ки дар остонаи ҷашни 30-солгарди истиқлолияти давлатӣ доир мегардад, ба кулли омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва дар симои онҳо ба кулли мардуми кишвар самимона табрик гуфта, ба Шумо хонаи обод, саодати рӯзгор, саломатии қавӣ ва дар ҳама ҷодаи фаъолият корҳои пурсамар баҳри рушди Ватани азизамон барору комёбӣ таманно дорам.

Боиси ифтихор аст, ки имсол халқи шарафманд ва соҳибхиради мо роҳи дар зарфи чоряк аср тайкардаи худро ҷамъбаст намуда, бо шукрона аз фазои оромиву осудагӣ бузургтарин ҷашни миллиамонро бо ифтихори баланди ватандӯстона пешвоз мегирад.

Бояд қайд кард, ки бузургони фарҳангдӯсти мо беҳуда донишро чароғи ақл, қуввати дил ва сарвати азим нагуфтаанд. Зеро шахси донишманд ва соҳиби касбу ҳунар дар ҳама давру замон сазовори обрӯю эътибори хосса буда, илму дониши азбаркарда ва касбу ҳунари азхуднамудааш дар тӯли ҳаёт кафолати зиндагии шоистаи ӯ мебошад.

Ҳамасола бо иштироки сарвари давлат оғоз гардидани дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.

Дар ин раванд, хусусан, аз рӯҳияи ҷавонони Тоҷикистони азиз эҳсос мегардад, ки онҳо дар омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир беш аз ҳар вақти дигар кӯшиш карда, нерӯи худро бо ташаббусу ибтикороти шоиста барои пешрафту ободии Ватани маҳбубамон сарф мекунанд.

Дар охир, бори дигар мардуми кишварро ба ин муносибат табрику муборакбод намуда, ба толибилмон дар  фатҳи қуллаҳои нави дониш, касбу ҳунар ва ба омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас муваффақиятҳои беназир  таманно менамоям.

Оғози соли нави таҳсил муборак бошад.

Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат