Дар толори калони намоишҳои  Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва  Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рӯзҳои 18-20 ноябр бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон озмуни “Рассоми наврас -2021” барпо гардид.

Дар озмун аз иштирокчиёни он – Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи санъати ба номи Муҳиддин Аминзодаи шаҳри Душанбе”, Коллеҷи рассомии шаҳри Душанбе, Мактаби бачагонаи рассомии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар маҷмуъ 490 расм, ки мавзуъ ва навъҳои гуногуни санъати рассомӣ – пейзаж, портрет, кулолгарӣ, манзараҳои зебои Тоҷикистонро дар бар мегирифтанд, ба намоиш гузошта шуд.

Ҳайати ҳакамони озмун баъди азназаргузаронӣ ва омӯзиши расмҳо ғолибонро аз рӯи се номинатсияи синнусолӣ муайян намуда, гуруҳи калони рассомони наврас бо дипломҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулии ташкилотҳои ташаббускор сарфароз гардонда шуданд. Аз ҷумла ғолибон — рассомони навраси Мактаби бачагонаи рассомии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Мадина Ҳасанова бо Ифтихорнома ва мукофоти Хазинаи кӯдакони СММ, Умеда Лутфуллоева бо Диплом ва Ифтихорнома, Акобирова Фаришта, ҷойи якум, бо диплом ва 1000 сомонӣ, Ойсоат Наврӯзова ҷойи дуюм, бо диплом ва 800 сомонӣ мукофотонида шуданд.