28-уми октябри соли 2022 дар доираи омодагиҳо ба ҷашнгирии 30-солагии баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-солагии таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон конфронсияи илмӣ-назариявӣ зери унвони «НАҚШИ ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ» баргузор гардид.
конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишкада номзади илмҳои меъморӣ, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат кушод. дар конференсия, ки аз бахшҳои санъатшиносӣ, фанҳои гуманитарӣ ва технологияи иттилоотию иқтисодӣ иборат буд зиёда аз 30 маърузаҳои илмӣ шунида шуд.