Дар толори калони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки васеи донишҷӯёну устодон ва меҳмонон – намояндагони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҳиндустон – Зуи Део Гаокар, Эрон – Нафисе Фараҳбар, Ӯзбекистон – Фаррух Азизов ва ТИКА – Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва муносибати байналмилалӣ намоиши асарҳои наққошии омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада таҳти унвони “Кундал” барпо гардид.
Намоишро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат кушода, зинда гардонидани навъи санъати наққошии халқи тоҷик – кундалро дар нуҳ соли фаъолияти донишкада, ки тӯли ин муддат дар ин ҷо устодони ин санъат ба камол расидаанд, дастоварди муҳим номид.
Сипас, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода ва устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Маҳмадкарим Рақибов оид ба таърихи санъати кундал, рушди ин навъи санъат аз даврони қадим то ба имрӯз ба тамошобинон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар намоиш беш аз 50 асари тозаэҷоди наққошии рассомон – мудири кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ Муноҷот Бойматова, ассисенти кафедраи мазкур Маҳмадкарим Рақибов ва шогирдони донишгоҳии онҳо дар равияи санъати кундал ба намоиш гузошта шуданд. Тамошобинон ба аксарияти ин асарҳо, ки бо усули анъанавии санъати қадимаи халқи тоҷик эҷод шудаанд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.
Намоиши асарҳои рассомии санъати кундал дар донишкада бори аввал набуда, ду сол қабл дар ҳамин толор чунин намоиши боҳашамат рӯйи кор омада буд.
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов дар ҷумҳурӣ худро аз ворисон ва тарғибгарони асосии ин навъи санъати волои наққошӣ медонад.
Н. Худойбахшов