Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани амри Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 феврали соли 2022 рақами АП-156 озмуни «Илм-фуруғи маърифат» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
Дар ин озмун донишҷӯи курсҳои 2– юми Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ихтисоси WEB – дизайн ва графикаи компютерӣ Ромиш Насимбоев иштироки фаъол намуда, бо дипломи дараҷаи ll, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 600 сомонӣ сазовор гардида ва ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт.