Зан – модар дар ҳақиқат фариштаи осмонӣ, сарчашмаи рӯзгори бани башар, дурдонаи офариниш, хуршеди меҳровару дилнавоз ва устоди нахустини зиндагии инсоният мебошад. Саодати зиндагӣ дар вожаҳои поку муқаддаси «зан» ва «модар» нуҳуфтаанд. Дуои неки модар боли бузурги парвоз ба сӯи музаффариятҳост. Аз дурахши хуршеди ҷаҳонтоби меҳри модар дар пайкари зиндагӣ ҷон медамад.
Зан – модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон буда, мақоми ӯ дар тамаддуни башарият ва сарнавишти ҳар қавму миллат, бахусус тоҷикон хеле баланд аст. Президенти азизи мардуми Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштаанд, ки: «Нақш ва мақоми Зан – Модар дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки нобиғаҳои олам дар назди зан сари таъзим фуруд оварда, таъкид кардаанд, ки зан – модар офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рӯзгори мо мебошад».
Идомаи ин эҳтирому бузургдошти шахсияти зан – модар аз ҷониби Президенти мамлакат дар он зоҳир мегардад, ки дар асоси фармони Ҷаноби Олӣ санаи 8 март дар ҷумҳурӣ ҳамчун «Рӯзи Модар» таҷлил карда мешавад. Ин тадбир имконият фароҳам меорад, ки мо иди модаронро бо асолати азалиаш эҳё намоем ва бо ифтихор собит созем, ки ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз азал эҳтироми зан – модарро пос медорем.
Модар вуҷуди муқаддасест, ки зиндагӣ аз ӯ маншаъ мегирад ва зан – модар олиҳаест, ки ба олам нуру зиё мебахшад. Ҳатто Худованди бузург дар китоби қудсии хеш «Қуръон»-и Маҷид сураеро бо номи «Нисо» унвонгузорӣ намуда, эҳтироми занон ва ба онҳо бо некӣ рафтор карданро аз ҷумлаи воҷиботи ҳар як мусулмон фармудааст.
Пайғамбари ислом Муҳаммад мустафо низ дар бузургдошти занону модарон гуфтаанд: «Биҳишт зери қудуми модарон аст».
Модари тоҷик фарзандони фарзона, ҳазорон номбардорони миллат, мисли Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Робияи Балхӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Низомулмулк, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедилу Сайидо, Зебуннисою Дилшоди Барно, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва ғайраро ба дунё овардааст, ки мояи ифтихори мо – тоҷикон аст.
Сарвари давлатамон ҳамеша дар баромадҳояшон нақши арзандаи занонро дар пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат бамаврид арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла дар мулоқот бо намояндагони занони мамлакат мақоми зан дар ҷомеаро арҷгузорӣ карда, чунин гуфта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан – модарғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худашғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан – модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Вохӯриҳои Сарвари давлат бо зиёиёни кишвар, намояндагони занони мамлакат ва ҷавонон дар ҳаёти занон ва ҷавондухтарони боистеъдоду лаёқатманди кишвар натиҷаҳои самарабахш дода истодаанд.
Дар навбати худ, раванди рӯзафзуни инқилоби илмию техникӣ тақозо менамояд, ки бояд мову Шумо шахсони ҳаматарафа инкишофёфта, босавод, соҳибмаърифату фарҳангӣ, эҷодкор ва худшиносу номбардори миллат ва кишвари соҳибистиқлоли худ бошем. Моро зарур аст, ки инғамхориҳои Ҳукумат ва Сарвари давлатро аз мадди назар дур накарда, баҳри созандагию ободии кишвари хеш пайваста кӯшиш намоем.
Боиси хушнудиву ифтихор аст, ки иди бонувон дар оғози фасли зебои сол, яъне баҳори хурраму эҳёи табиат ва дар остонаи фарорасии соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи Аҷам рост меояд.
Бо истифода аз фурсат кулли бонувони арҷмандро бо «Рӯзи Модар» самимона табрику муборакбод мегӯям ва таманнои онро дорам, ки лабонашон мисли гулҳои ҳамешабаҳор шукуфон ва қалбҳояшон аз шодию фараҳ лабрез бошад.
Рухсора Фатоева,
омӯзгори ДДСТДТ.