Дирӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо роҳбарии омӯзгор Намозалӣ Шарифов маҳфили илмӣ-амалии кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ аз фанни ҳуқуқ таҳти унвони “Ҷавонон — ояндаи миллат” баргузор гардид.

Иштирокчиёни маҳфил дар мавзӯъҳои “16- ноябр — иҷлосияи тақдирсоз дар таърих”, “Интихобот дар Тоҷикистон” ва “Шаҳрвандӣ  дар Тоҷикистон” маърӯзаҳо шуниданд.

Дар кори маҳфил мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ  дотсент Субҳон Усмонов, намояндагони шуъбаи таълим, шуъбаи илм, инноватсия ва корҳои эҷодӣ ва факултетҳо иштирок ва баромад карданд.

Дар суратҳо: лаҳзаҳо аз раванди маҳфили илмӣ-амалӣ.