Таҳти ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ барпо гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори донишкада оид ба таълим, доктори илмҳои таърих Иброҳимов Муродалӣ Файзалиевич кушода, зикр намуд, ки агарчи конференсияҳои илмӣ дар донишкадаи мо тӯли соли таҳсил новобаста аз он, ки кадом моҳ аст, бисёр баргузор мегарданд, вале конференсияи апрелӣ чорабинии муҳими анъанавист ва моҳи апрелро моҳи илм номидаанд. Зеро дар ин моҳ тибқи тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳуриамон конференсияҳои илмӣ барпо карда мешаванд. Ва аҳамияти ин конференсияҳо дар он аст, ки олимон ва ҳам унвонҷӯёни донишкада аз дастоварду пешрафтҳо ва самти фаъолияти илмии ҳамдигар бохабар шуда, шавқу рағбати донишҷӯён бо шунидани маърӯзаҳои илмӣ дар ин чорабиниҳо ба илму кори илмӣ меафзояд.
Сипас, тибқи барнома иштирокчиёни конференсия маърӯзаҳои илмии С. Усмонов “Аҳамияти ҳунарҳои мардумӣ дар тарбияи худшиносии миллӣ”, Пиров Т.М. “Назаре ба ранганигории рӯйи об”, Эмомов Ф. “Саҳми Нуъмон Неъматов дар омӯзиши санъати кулолгарии замони Сомониён”- ро шунида, баъдан дар чаҳор бахш – забон ва фанҳои гуманитарӣ, таърих ва санъатшиносӣ, дизайн, технологияи иттилоотӣ ва иқтисодиёт конференсияро дар толорҳои ҷудогона идома доданд.
Ҳамин тариқ, дар ин чорабинӣ дар мавзӯъҳои гуногуни ба барномаи таълимии донишкада мувофик зиёда аз 50 маърӯзаи илмӣ шунида шуданд.
Дар суратҳо: лаҳзаҳо аз конференсия