Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Конференсияи Ҷумҳуриявӣ илмӣ-назариявӣ зери унвони “Мероси ниёгон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Конференсия дар 4 бахш ҷараён гирифт, ва беш аз 50-маърӯза мавриди истимоъ қарор гирифтанд.
Сатҳи баромади омӯзгорон ва донишҷӯён нишон дод, ки сол ба сол таваҷҷӯҳ ба конференсия беҳтар ва хубтар шуда истодааст.Маърӯзаҳои беҳтарин барои нашр пешниҳод гардиданд.