Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нави баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиѐсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки дастовардҳои баъдинаи халқи тоҷик аз татбиқи қарорҳои таърихии иҷлосияи мазкур оғоз ѐфтанд. Бинобар ин, бо камоли эҳтиром сиюмин солгарди ин иҷлосияи таърихиро ба ҳамаи шумо самимона табрик гуфта, бароятон салоатӣ в муваффақияту комѐбиҳои шоиста орзу менамоям.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлол гарддан амалҳои гуногун рух доданд, ки онҳоро шартан ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мункин аст:
-амалҳое, ки монеаи рушду нумӯи Истиқлолият буданд
- амалҳое, ки баҳри рушди Истиқлоли кишвар хизмат намудаанд. Амалҳои ғаразнок ва монеавӣ дар инкишофи Истиқлолияти Тоҷикистон хеле мураккаб ва зиёд рух додаанд. Ғаразгароӣ ва хавфноктарини онҳо моҷароҳои сиёсӣ буданд, ки дар сатҳи баландтарин – ҷанги ҳамватанӣ ба амал омаданд. Корҳое, ки дар замони Истиқлолият баҳри ҳимоя ва инкишоф карда шудааст, чандон кам набданд. Бартараф намудани монеаҳои инкишофи мутаносиб, ҳалли зиддиятҳо ва муқовимати оштинопазир аз ҷумлаи инҳоянд. Беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) буд. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт.Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Точикистон ворид шуд. Ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид. Дар суханронии аввалини худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд:
“Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам”
Дар Иҷлосия раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд. Дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ 74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, рамзҳои давлатдории мо, яъне парчами миллӣ ва нишони миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гаштанд, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.
Тибқи моддаи 109-и Конститутсияи собиқ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ба ҷои Девони Вазирон ташкил додани Шӯрои Вазирон ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Аз ин рӯ, Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ ва қабул гардид. Акнун дар байни иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ мақомоти олии ҳокимияти халқӣ Раёсати Шӯрои Олӣ ба шумор мерафт, ки он давлатро ба таври куллӣ идора мекард.
Барои ба эътидол овардани вазъият, истиқрори сулҳу осоиш ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон Раиси Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ба Шӯрои Олии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки ба Тоҷикистон қувваҳои муштараки ҳомии сулҳро фиристонанд. Бо ин амали худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи байналмилалии Тоҷикистонро устувор намуд.
Бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, ки шахсоне, ки аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаандд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд.
Ин ҳуҷҷатҳои муҳим ва қабули Қонун “Дар бораи гурезагон”, ки ба онҳо амнияти шахсӣ ва ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сохтанд, ки роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов тарафдори сулҳу осоиш аст ва баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.
Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дар як муддати кӯтоҳ тавонист, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.
Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милитсия аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ таъмин шуданд. Садҳо ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шуруъ намуданд ва барои мустаҳкам намудани сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешиданд.
Раёсати Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирон бо дарназардошти беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии аҳли ҷомеа як силсила қарору фармонҳо қабул кард. Афви умумӣ, ҷамъоварии силоҳ, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъмини мардум бо хӯрокворӣ, пеш аз ҳама орду равған, зиёд намудани маош, мустаҳкам шудани муносибатҳои ҷумҳурии мо бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ғайра аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки ҳаллу фасли худро меёфтанд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки дар бисёр ноҳияҳо аслан аз байн рафта буданд, барқарор карда шуданд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст:
-роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд,
-сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт,
-хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд,
-тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт,
-самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд,
-мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта,
-барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод,
-қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.
Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани аҳамияти таърихии ин иҷлосия барои ҳар яки мо, наслҳо ва ҷомеаи имрӯзаю оянда ниҳоят муҳим, ибратомӯз ва қарзи фарзандию ифтихори ватандорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми сухан ҳамаи Шумо ва меҳмонони гиромӣ, дар симои Шумо тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, бахту саодат ва осудагию оромиро таманно дорам.