Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро ҳамчун рӯйдоди тақдирсоз ва ҳалкунанда касб намудааст. Баргузории Иҷлосияи мазкур – ин оғози давраи нав дар таърихи навини тоҷикон, оғози марҳилаи воқеии расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу суботи миллӣ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.

Дар Иҷлосия раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олӣ, ки дар ҳамон вақт мақоми олии ҳокимият ба шумор мерафт. Раиси Шӯрои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд. Дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ 15 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.

Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногун гузошта шуда буд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, дяемократӣ ва дунявӣ дар Точикистон ворид шуд. [1]

Бо гузашти замон, бо назардошти далелҳои нави созандагӣ ва аз лиҳози таҳлилӣ-илмӣ, агар ба таърихи даврони истиқлолият назар афканем, ба мо паҳлуҳои гуногуни ин Иҷлосияи таърихӣ равшану возеҳтар ҳувайдо мешаванд. Тоҷикистон солҳои 90- уми асри гузашта дар ҳолате қарор дошт, ки бар асари ҷанги шадиди шаҳрвандӣ ва муқовимати тӯлонии мусаллаҳона минтақаҳои алоҳидаи мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Тавилдара (ҳозира Сангвор) дар оташи ҷанг сӯхтаву валангор, иқтисодиёти кишвар хароб ва фаъолияти сохтору мақомоти ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Ҷомеаро буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ фаро гирифта, касе намедонист, ки ояндаи кишвар ва мардумро чӣ интизор аст. Дар чунин вазъияти буҳронӣ, аз ҷумла беҳокимиятиву бенизомӣ, мавҷудияти минбаъдаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ягона ва тозаистиқлол хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Бо гузашти солҳо метавон гуфт, ки вакилони мардумӣ – иштирокчиёни Иҷлосияи 16 –ум аз иҷрои ин вазифаи худ сарбаландона баромаданд.

Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон парчами кишварро бӯсида, савганд ёд кард ва бо иштирокдорони иҷлосия рӯ оварда гуфт: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона менамоям. Барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварӣ дорам». Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини ба мақоми олӣ интихоб шуданаш, ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, мисли хомӯш сохтани ҷанги бародаркуш, эҷод намудани фазои боъэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳо, азнавсозии низоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, дарёфти ҷойгоҳи муносиб дар арсаи байналмилалиро мақсад ва мароми ҳукумати нав эълон намуд. Раиси тозаинтихоби кишвар мақсад ва ҳадафи асосии худро чунин баён карда буд: «Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам». Баъдтар ӯ ин андешаи худро тақвият бахшида таъкид намуд: «Азму иродаи мо дар роҳи барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёд комилан қатъист. Ҳарчанд ки натиҷаҳои дилхоҳи он на ба таври оҷил балки бо гузашти вақт падид меоянд, дар баробари ин сулҳу субот бароямон муҳимтарин арзиш ҳисоб меёбад». Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд , ки «Ин иҷлосияи тақдирсоз аст, бояд донем, ки тақдири ояндаи миллат, кишвар, Ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз, бояд худшинос шавем, хиради волои хешро баҳри якпорчагии ҷумҳурии азизамон истифода барем.» Ҳамин тариқ, дар Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ бо ташаббуси бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон зербинои кохи бегазанди сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон гузошта шуд. Сарвари давлат бо такид мегуфтанд, ки дастоварди бузургтарини мо, ки на танҳо наслҳои имрӯзаи кишвар, балки наслҳои оянда низ бо ифтихор ба забон хоҳанд овард, таъмини сулҳу осоиши

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолӣ амалҳои гуногун рух доданд, ки онҳоро шартан ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мункин аст: амалҳое, ки монеаи рушду нумӯи Истиқлолият буданд ва амалҳое, ки баҳри рушди Истиқлоли кишвар хизмат намудаанд. Амалҳои иртиҷоӣ ва монеавӣ дар инкишофи Истиқлолияти Тоҷикистон хеле мураккаб ва зиёд рух додаанд. Иртиҷоитарин ва хавфноктарини онҳо моҷароҳои сиёсӣ буданд, ки дар сатҳи баландтарин – ҷанги ҳамватанӣ ба амал омаданд. Корҳое, ки дар замони Истиқлолият баҳри ҳимоя ва инкишоф карда шудааст, чандон кам нестанд. Бартараф намудани монеаҳои инкишофи мутаносиб, ҳалли зиддиятҳо ва муқовимати оштинопазир аз ҷумлаи инҳоянд.

Бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, ки шахсони аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир карда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд.

Ин ҳуҷҷатҳои муҳим ва қабули Қонун “Дар бораи гурезагон”, ки ба онҳо амнияти шахсӣ ва ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сохтанд, ки роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмонов тарафдори сулҳу осоиш аст ва баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.[2]

Хулоса, мо ҷавононро лозим ва зарур аст, ки ҷавобан ба ин ҳама дастгириҳо ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро баҳри донишандӯзӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодиамон равона сохта, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва давлати миллиамон бошем ва ҳамзамон таъкидҳои дурандешонаи Сарвари давлатамонро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

 

Холов Шоҳрӯз Раҳмонович

ассистиенти кафедраи графика ва миниатюра ба номи Ф.Хоҷаев

 

 

 

[1] Javonon/tj

 

[2] Taj.medium