Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар солҳои соҳибистиқлолии худ  дар бисёр самту соҳаҳо ҷиҳати тараққиёти  иқтисодиёту иҷтимоиёт, баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат, рушду нумӯи ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии он ба чаҳониён ба дастовардҳои бузургу беназире ноил гардид, ки ҳамаи он натиҷаи ташаббусҳои Асосгузори  сулу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат барои кишвар ва  мардуми худ, хусусан  дар эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва роҳнамоӣ ба ҷавонон бесобиқаву беназиранд.

Тайи  соли охир бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат ва бо имзои ӯ чандин  санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз қабили фармонҳо, амрҳо, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд. Дар доираи татбиқи амалии онҳо 300 идрорпулии президентӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, коллеҷҳо, садҳо идрорпулиҳо барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва аспирантҳо,  ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ, грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон ҳар кадоме бо маблағи 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, ташкили 1000 адад квотаҳои Президентӣ барои ҷавондухтарону ҷавонписарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо мақсади таҳсил дар мактабҳои олии кишвар, бунёди муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун, марказҳои фарҳангии ҷавонон таъсис дода шудаанд.

Баҳри беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва зисту зиндагии ҷавонон, паст намудани сатҳи бекорӣ, гирифтани садди роҳи падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон ва вайроншавии оилаҳои ҷавон, танзими  мушкилоти демографӣ ва умуман ҳали як қатор масъалаҳо муҳими рӯз панҷ маротиб  Барномаи миллии “Ҷавонони Точикистон” барои солҳои 1999-2000, 2001-2003 ва 2004-2006, 2007-2009, 2010-2012 қабул гардиданд, ки заминаи мусоидеро барои татбиқи сиёсати  давлати ҷавонон фароҳам овардаанд.

Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 аз ҷумлаи хидматҳои беназири Президенти муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони мамлакат маҳсуб мегардад. Ҳамеша ҷавононро ҳамчун неруи пешбарандаи ҷамъият, ба омухтани ҳунар ва аз худ кардани касбҳои гуногун таъкид менамояд, зеро эҳёи ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари миллат буда, дар тарбияи меҳнатии  ҷавонон нақши бориз дорад ва   бо ин роҳ фарҳанги миллиамон ҳифз мегардад.

Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» (аз 1 августи соли 2003, №43), қабул гаштани Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 (аз 31 октябри соли 2008, № 513) такони ҷиддӣ дар ин самт мебошад.

Бо дастгирии  Президенти  муаззами кишвар  ҳунармандони тоҷик аз соли 2003 инҷониб ҳамасола ду маротиба дар намоиши  ҳунармандон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ширкат меварзанд ва маҳсули ҳунарашонро ба маърази тамошо мегузоранд. Натиҷаи ҳамин аст, ки сол аз сол завқи ҷавонон ба омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла ҳунари кандакорӣ афзуда истодааст.

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 таҳти № 144 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  таъсис ёфт. Дар ин даргоҳи ҳунар соли ҳаштум аст, ки донишҷӯён аз рӯи  ихтисосҳои рассомӣ, наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, дизайн ва кандакорӣ таҳсил карда, ҳунар омӯхта истодаанд ва дар оянда  онҳо муаррифгари ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик хоҳанд гашт.

Дар Паёмҳои худ сарвари кишварамон соли 2017-ро соли ҷавонон, соли 2018-ро “ Соли  рушди сайёхӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”эълон намуд, ки боиси руҳбаландии аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон гардид.

Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд.

Ҳамаи иқдомҳои Пешвои муаззами миллат барои баланд бардоштани сатҳи илму дониш ва ҳунаромӯзии ҷавонон равона гардида, барои мустаҳкамнамоии пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатӣ, ки яке аз самҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд.

Субҳон Усмонов,

мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии ДДСТДТ