8 май дар толори калони маҷлисҳо ва намоишҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 75-солагии Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф намоиши асарҳои ӯ барпо гардид.
Намоишро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат кушода, меҳмононро “хайра мақдам” гуфт. Сипас, муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Манучеҳр Шарифзода, директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе Сироҷиддин Ҷӯрахонов, доктори илмҳои таърих Лариса Додхудоева, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов, профессор, Рассоми хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исуф Сангов, мудири кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ Мизробшо Холов, собиқ омӯзгори донишкада Барим Неъматуллоев, , шогирди рассом Далер Меътоҷев, наберааш Оро ва аз номи хонавода Гулчеҳра Шарифова доир ба ҳунари воло, хислатҳои неки инсонии тарғибгар ва муаррифгари аршади санъати рассомии тоҷик Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф сухан ронда, соҳибҷашнро барои ба синни мубораки 75 расидан самимона табрик гуфтанд.
Қайд карда шуд, ки Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф 9 майи соли 1946 таваллуд ёфта, хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва Институти театрӣ ва рассомии Тошканд ба номи Н. Островский, эҷодгари асарҳои монументалӣ, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, соҳибунвони Рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Лауреати Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ҷоизаи давлатии Шӯрои Вазирони ИҶШС, узви фахрии Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Яке аз асосгузорони эҷоди видео-арт ва навъи санъати монументалӣ-ороишии муосири тоҷик маҳсуб ёфта, солҳо боз саррасомӣ ва узвияти ҳакамони ҷашнвораи байналмилалии “Дидор”-ро бар уҳда дорад. Дар ороиши меҳмонхонаи «Тоҷикистон» (1975), Сирки давлатӣ (1978), Қасри Иттифоқҳои касаба (1979, дар ҳаммуаллифӣ бо С. Нуриддинов), маҷмааи «Кохи Борбад» дар ҳаммуаллифӣ бо В. Одинаев ва А. Сафаров, 1984), лавҳаи кошинкорӣ дар даромадгоҳи собиқ бозори “Баракат”; тармими ороишии Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ (1989-2003) саҳми калон гузоштааст. Асари монументалии ӯ “Аз давра ба давра, аз дида ба дида” (2012) толори воридотии Китобхонаи миллиро оро медиҳад.
Мусаввараҳои “Боғи анори бобом” , “Гусел”, “Замини Роғун”, “Ба ёди солҳои дур”, “Уфуқҳои биёбон”, “Устод Нуриддинов “, “Шӯриши Восеъ”, “Устод М. Олимов”, “Сиёҳ ва сафед” , “Моҳчеҳра”, “Баҳори устод Лоиқ”, “Қуллаҳои устод Муминшо”, силсилаи чеҳраҳои ходимони намоёни фарҳанг ва санъати тоҷик аз асарҳои намоёни ӯ ба шумор рафта, дар намоишгоҳҳои Москва, Никосия, Кипр, Кобул, Душанбе, Бонн, Масква ба намоиш гузошта шудаанд. Асарҳои рассом дар галереяҳо ва осорхонаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Россия, Маҷористон, Полша, дар коллексияҳои шахсии шаҳрвандони ИМА, Олмон, Швейтсария, Москва, Тошканд ва Душанбе мавҷуданд.
Дар охир Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф ба роҳбарияти Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои ташкили чунин як намоиши муҳташам миннатдорӣ баён намуда, ҷамъи аҳли толорро ба тамошои асарҳояш, ки бари деворҳо ва қисмате аз фарши толори калонро пур карда буданд, даъват намуд.
Намоиш хеле серодам гузашт.
Н. Худойбахшов